ЗАФАРИ ҒАЛЛАКОРОНИ НОҲИЯИ ОЛОТ

Мардуми шуҷоатманди ноҳияи Олот асоратҳои офати табииро мардонавор паси сар намуда, баҳри иҷрои ӯҳдадориҳо масъулиятшиносона меҳнат мекунанд.

Мардуми шуҷоатманди ноҳияи Олот асоратҳои офати табииро мардонавор паси сар намуда, баҳри иҷрои  ӯҳдадориҳо масъулиятшиносона меҳнат мекунанд. Кирмакпарварони диловари ноҳия имсол ба давлат ба ҷойи 187 тоннаи пешбинишуда 198 тонна пилла супорида, супоришоти солонаро барзиёд иҷро карда буданд. Ҳоло ғаллакорони ноҳия ба қавли худ вафо намуданд.

Онҳо фасли тирамоҳ дар 5006 гектар майдон гандум корида,  ба парвариши он эътибори ҷудогона доданд. Риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ, саривақт ба сомон расондани корҳои мавсимӣ ва чорабиниҳои зарурӣ, аз қабили мубориза бо ҳашароти зараррасон ва маҳв сохтани алафи бегона барин омилҳо боиси фароҳам омадани ҳосили фаровон шуд. Чорабиниҳои оқилона бобати беталаф гузаронидани мавсими дарав имконият дод, ки дар муддати кӯтоҳ ба давлат 11 ҳазору 317 тонна гандум супорида, нақшаи шартномавӣ 102 фоиз иҷро гардад. Мувофиқи шартнома ба ҶС «Қарокӯлдон» низ 10 ҳазору 450 тонна ғалла ва 867 тонна гандуми тухмӣ расонда дода шуд. Ҳосилнокии майдонҳо ба ҳисоби миёна ба 55 сентнерӣ рост омад. Дар хоҷагиҳои фермерии «Олтин тупроқ», «Фаёз, Хушнуд файз», «Карим    Раҳим», «Бозор Жаббиев», «Усмон Раҳим» ва ғайра ҳосилнокӣ аз 80 сентнерӣ гузашт. Имрӯз аз 182 хоҷагии фермерӣ 131-тоаш супоришоти солонаро иҷро кард. Ҳоло дар ноҳия зиёда аз 2 ҳазор гектар  гандумзори даравиданашуда мавҷуд аст. Майдонҳои аз дарав баромада бо мақсади кишти такрорӣ ба бекорон ва эҳтиёҷмандон дода мешавад. Аз ҷумла, ба 1906 нафар шаҳрвандон додани ин қитъаҳо барои рӯёндани маҳсулоти полиз ва  зироати дупаллагӣ ба нақша даромадааст.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: