ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ДАР СММ

Ӯзбекистон бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев ба фатҳи марраҳои нав ҷидду ҷаҳд менамояд

Ӯзбекистон бо роҳбарии Шавкат Мирзиёев ба фатҳи марраҳои нав ҷидду ҷаҳд менамояд

Таҳти унвони «Забони ӯзбекӣ дар СММ» дар шумораи 21 сентябри соли 2020-уми рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки дар Туркия чоп мешавад, мақола нашр шуд. Тарҷумаи ин мақола дар зер ба таваҷҷӯҳи шумо ҳавола карда мешавад.
Ӯзбекистон дар байни ҷумҳуриҳои туркии Осиёи Миёна кишвари сераҳолитарин мебошад. Қисми зиёди аҳолии кишвар ӯзбекҳо мебошанд. Ҳамзамон дар давлатҳои ҳамсоя — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон шумораи зиёди ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд. Бо назардошти ин хусусиятҳо Тошканди расмӣ метавонад дар таъмини пойдории тамоми минтақа саҳми назаррас гузорад.
Ба истилоҳи туркҳо  водии Фарғона, ки «Ӯз кент» (кенти аслӣ) дониста мешуд, қаблан якҷо бо ифротгароии исломӣ ба забон гирифта мешуд. Ҳарчанд минтақаи водӣ дар ҳудудҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир шуда бошад ҳам, қисми зиёди он таҳти назорати Тошканди расмӣ  қарор дорад.
Бидуни иштироки Ӯзбекистон пешгирии ифротгароӣ дар Афғонистон, Чин ва ҳатто дар тамоми ҷаҳон осон намекӯчад. Агар дар минтақа назорати ғоявӣ муқаррар карда нашавад, экстремистҳо метавонанд ба Қазоқистон, Русия ва ҳатто Сурия паҳн шаванд. Барои решакан кардани радикализм на танҳо маҳдуд кардани омилҳои беруна, балки андешидани чораҳо дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ аҳамияти муҳим дорад.
Потенсиали сайёҳии Ӯзбекистон зиёд мешавад. Самарқанд ва Бухоро барин шаҳрҳо дар таърихи ҷаҳони турк нақши муҳим доранд. Диёри авлоди Амир Темур ба мисли осорхонаи зери осмон аст.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, пахта, ки дар Туркия рӯёндани он кам мегардад, то ҳол дар Ӯзбекистон ба таври васеъ коркард ва содир карда мешавад. Ин кишвар инчунин ба туфайли  дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир шуданаш ба мисоли ҳалқаест, ки Шарқ ва Ғарбро ба ҳам мепайвандад.
Вақтҳои охир муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия низ инкишоф меёбад. Ҷомеаи Ӯзбекистон ба Туркия аз наздик таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, аммо барои оммаи афкори Туркия айнан ҳамин ҳолатро изҳор кардан муҳим аст.
Ислоҳоти 
 Шавкат Мирзиёев

Идоракунии Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон бо ислоҳоти солҳои охири худ таассуроти мусбат мегузорад. Бо ба қудрат расидани Ш.Мирзиёев  корҳои анҷомдода таваҷҷӯҳи хоҳишмандони минтақаро ба худ ҷалб карданд.
Низоми идоракунии кишвар ба куллӣ дигаргун ва нав карда шуд. Кишвар ба ҷаҳон боз шуд. Равобит бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақа,  саъю кӯшишҳо ба ҳамкориҳо сазовори эътибор аст. Ғояи таҷдиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар зери шиори «Ӯзбекистони нав» садо медиҳад.
Шавкат Мирзиёев масъалаҳои маданияти интихобот, нақши субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти ВАО-ро дастгирӣ мекунад. Ба ҳуқуқҳои гендерӣ ва иштироки занон дар идоракунии давлат ва ҷомеа эътибор дода  мешавад. Шумораи занони депутат дар интихоботи охир ду баробар афзуд.
Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон, ки масъалаҳои  барҳам додани меҳнати маҷбурӣ ва кӯдаконро фаро мегирад, таҳия гардид. Коҳиши камбизоатӣ, мубориза бо кашшоқӣ ва сиёсати хориҷии ошкоро ва прагматикӣ, ки манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд, аз ҳадафҳои Президент Шавкат Мирзиёев ҷой гирифтаанд.
Динамикаи мусбати Тошканди расмӣ на танҳо дар ҳаёти дохилӣ, балки дар муносибат бо ҳамсоягон низ зоҳир мешавад.
Мо мешунавем, ки мутасаддиёни кишварҳои ҳамсоя ба сафарбариҳои ӯзбекҳо пайравӣ менамоянд. Алишери Навоӣ, ки аз санги асосии забони туркӣ – лаҳҷаи чиғатой забони адабиро ташаккул дод, инчунин яке аз намояндагони бузурги давлати Амир Темур буд.
Дар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки имрӯз оғоз мешавад, Президент Шавкат Мирзиёев бори аввал ба ҷаҳон бо забони Навоӣ дар бораи марраҳои дастовардҳо, умедҳо ва ҳадафҳои сулҳпарвари кишвараш баромад мекунад.
Туркия бояд ба тағйироти нав ва васеъмиқёси Ӯзбекистон диққати бештар дода, ҳамкориҳоро боз ҳам рушд диҳад.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: