БО АЗМИ ДУРУСТУ САЪЙИ КОМИЛ...

Қобилияту истеъдоди фитрӣ ва майлу рағбат ба ягон ҳунар аз бачагӣ, ҳатто аз тифлӣ зуҳур мекунад.

«Ин ғалаба таъбирҳои «Мактаби бокси Ӯзбекистон», «Муштзанони  Ӯзбекистон»-ро дар китоби таърихи варзиши ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Ҳоло ҳама ноилоҷ нирӯ ва иқтидори муштзанҳои мамлакати мо, мактаби бокси Ӯзбекистонро эътироф ва эҳтиром мекунанд. Минбаъд баробари шунидани ибораҳои «аз Ӯзбекистон» ва «ӯзбекистонӣ» ҳар як муштзан бо тарсу ҳарос ба майдон мебарояд»

Шавкат МИРЗИЁЕВ, 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


Қобилияту истеъдоди  фитрӣ ва майлу рағбат  ба ягон ҳунар аз бачагӣ, ҳатто аз тифлӣ зуҳур мекунад.  Бобоусмон, замоне ки 7-8 сол дошт, ҳаракатҳое мекард, ки гӯё як навъ тақлиду пайравӣ ба варзишгарони маъруф, хусусан муштзанони  номӣ буданд. Талошу муштзаниҳои Муҳаммад Алии машҳур ва Тайсони оҳанинро аз «оинаи нилгун» беист тамошо  мекард. Дар дилаш оҳиста-оҳиста орзуи муштзан шудан тавлид меёфт ва ин шавқу завқ ӯро ба маҳфили муштзанҳои мактаб бурд. Дар маҳфилҳо мунтазам иштирок мекард, маҳорати худро сайқал медод. Модари мушфиқаш Гулчеҳра Ботурова – омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 10-уми маҳаллаи Оқбулоқи  ноҳияи Пахтакор аз ин қобилияти писараш хабардор шуд. Падараш Шамсуддин Ботуров, ки соҳиби хоҷагии фермерӣ буд, барои инкишоф додани маҳорати фарзанди варзишгараш имконият дошт ва аз ин рӯ барои ӯ ҳамаи шароитро  муҳайё намуд. Аҷдоди Бобоусмон аз деҳоти Порашту Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах мебошанд.
Тӯли солҳо майлу рағбат нисбат ба варзиш, хусусан муштзанӣ  Бобоусмонро аввал ба коллеҷи захираҳои олимпӣ (ҳоло мактаб-интернати захираҳои олимпӣ)-и шаҳри Ҷиззах, сипас ба Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Тошканд бурд. Вай онҳоро бо муваффақият ба итмом расонд. Тӯли ин солҳо дар мусобиқаҳои гуногун пайваста ширкат варзид. Соли 2017 дар  «Бозиҳои ҳамгироии исломӣ», ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон гузашт, дар вазни 69 кг ширкат ҷуста, чемпион гардид. Соли 2018 дар Бозиҳои Осиё, ки дар Ҷакартаи Индонезия баргузор гардид, соҳиби медали тиллоӣ шуд. Соли 2019 дар Бангкок (Таиланд) унвони чемпиони Осиёро ба даст овард.
Соли 2019 дар шаҳри Екатеринбурги Русия чемпионати ҷаҳон оид ба бокс доир гардид ва Бобоусмон аз он бо медал баргашт. Хушбахтона ҷамоаи миллии мунтахаби  мо ғолиби ин чемпионати  ҷаҳон гардид.
– Ин талошҳо хеле мураккаб буданд, – ба ёд меоварад Бобоусмон. – Ман, ки дар қувваозмоиҳои пайдарпай ҷароҳат гирифта будам, дар бозии ҳалкунанда бо ҳарифи ҷиддӣ, муштзани англис Маткорм рӯ ба рӯ омадам ва мағлуб шудам. Ҳоло барои дар оянда мағлуб сохтани ин муштзан тайёрӣ мебинам ва машқҳои тактикӣ мегузаронам. Барои аз хурдӣ ба ҷамоаи миллии Ӯзбекистон оид ба бокс ворид шуданам ва то ба ин дараҷа расиданам, хидматҳои устодам, соҳиби медали «Шуҳрат», Аълочии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ Бурҳон Аҳмедов калон аст. Вақте ки аз дасти сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев мукофоти давлатиро мегирифтам, дар чашмонам ашки шодӣ ҳалқа зад. Ин як ғамхории бемисл нисбати варзишгарон ва фардои варзиш мебошад. Алҳол мушоҳида мекунем, ки ҳамаи навъҳои варзиш рушд мекунанд. Ин ғамхориҳо моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят месозанд. Орзуи ягонаам, албатта, ғолиби Олимпиадаи Токио шудан аст.
Бобоусмон то ин дам бо мукофотҳои давлатӣ – нишонҳои «Мард ӯғлон», «Келажак бунёдкори»  сарфароз гардидааст. Мошини туҳфаи Президентро бо эҳтиёт меронад ва ба сифати қадршиносӣ мепазирад. 
Ҳоло дар ноҳияи Пахтакор ба бунёди майдони варзиш шурӯъ кардаанд. Дар ояндаи наздик вай макони шуғли  наврасоне хоҳад шуд, ки ба варзиш майлу ҳавас доранд. Хушбахтона, шумораи онҳо рӯз то рӯз меафзояд. 
 
Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: