Ифлосшавии ҳаво дар Истамбул ба сатҳи хатарнок расидааст

Дар як қатор навоҳии Истамбул мизони олудагии ҳаво дар пасманзари "ғубори африқоӣ"-и ба ин шаҳр расида, ба саломатии инсон таҳдид мекунад.

"Ғубори африқоӣ", ки ҳафтаи ҷорӣ вориди Туркия шуд, набудани шамол ва тирбандии доимии ҳаракати нақлиёт дар бобати сифати ҳавои шаҳр вазъияти душвор ба амал овард. Дар шаҳр ҳарорати ҳаво беш аз +20 дараҷа гарм шуда, дараҷаи биниш хеле коҳиш ёфтааст. Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки шаҳр то охири ҳафта аз чангу ғубор халос хоҳад шуд.

Тибқи иттилои маркази мониторинги сифати ҳавои назди маъмурияти Истамбул, сатҳи зарраҳои PM10 дар ноҳияи Гиёзтепеи қисми осиёии шаҳр аз индекси 300 гузаштааст, ки тибқи таснифи маъмурияти шаҳр сатҳи "хатарнок" аст. Тавсия дода шуд, ки дар ҳавои кушод сайр накунанд, ба варзиш машғул нашаванд, хабар медиҳад ria.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: