МАҲАЛЛА – ТАКЯГОҲИ ҶАМЪИЯТ

Солҳои охир доир ба таъмини шуғли занон, таълими касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо як қатор фармону қарорҳои роҳбари давлат ба тасвиб расиданд.

Солҳои охир доир ба таъмини шуғли занон, таълими касбӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо як қатор фармону қарорҳои роҳбари давлат ба тасвиб расиданд. Низоми нави кор бо оилаҳои эҳтиёҷманд, занон ва ҷавонон ҷорӣ карда шуд. Ба роҳ мондани «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» боз як эътибори муҳим дар ин самт мебошад.
Имрӯзҳо дар маҳаллаҳои ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро низ баҳри беҳбудии ҳаёти мардум корҳои ободонӣ, таъмири хонаву ҷой, бо шуғл фаро гирифтани аҳолии бекор, занону духтарон ва ҷавонон дар амал иҷро мешаванд. Мутасаддиён хона ба хона гашта занону духтарони ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ, танҳо, ногиро ва серфарзандро муайян намуда, онҳоро ба рӯйихати «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил мекунанд. Ба занону духтароне, ки шароити соҳибкорӣ доранд, барои гирифтани вомҳои имтиёзнок кӯмак мерасонанд.
Ба қарибӣ ба шаш нафар сокини маҳаллаамон дар асоси субсид гармхона ташкил намудем, ба панҷ нафар занон барои парвариши чӯҷа ва мурғ шароит муҳайё намудем.
Бо ташаббуси раиси маҳалла Раҷаб Мавлонов, фаъолони маҳалла Ҳоҷиқурбон Шукруллоев, Райҳон Бозорова, Низом Бозоров ва дигарон бо ҷавонон оиди оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, тарбияи фарзанд, ҳурмати калонсолон, ихчам гузарондани тӯю маъракаҳо суҳбатҳо мегузаронем. Баъзе ҷавонони мо оиладориро саҳл дониста, кӯтоҳандешӣ, бесабрӣ зоҳир менамоянд. Агар дар оила муҳити маънавию маърифатӣ пойдор бошад, ба чунин камбудиҳо роҳ дода намешавад. Барои ин бояд фарзандонро ба китобхонӣ, ба мактаб, азхуд намудани дарс ҷиддитар ҷалб намуд. 
Яке аз мушкилоти сокинони маҳаллаи мо, ки тоҷиконанд, ташкил намудани синфҳои тоҷикӣ мебошад. Бо раис хона ба хона гашта доир ба масъалаи кушодани синфи тоҷикӣ ҳаракат мекунем, ки ин аввало ба падару модарон вобаста аст.
Падару модари ман инсонҳои батамкин, маърифатпарвар буданд. Модарам Робия Гадоева дар маҳаллаамон якумин зани тракторчӣ буд. Дар корҳои хоҷагӣ, шудгори замин, даравидани ғаллаю хошок, ғунучини пахта  ва дигар корҳо фаъол буд. Падарам Сафар Гадоев солҳои тӯлонӣ бригадир буданд. Бародарам Дониёр Гадоев, хоҳарам Раҳима Гадоева ва ман дастпарварони факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ва донишкадаи омӯзгории Самарқанд мебошем. Солҳои тӯлонӣ ба насли наврас аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс додем. Аз соли 1990 то ҳол дар мактаби миёнаи рақами 8-и деҳаи Шавгон омӯзгор ҳастам. Аз моҳи апрели соли 2018 ба вазифаи мутахассис доир ба занон ва духтарони ҷамоати шаҳрвандони «Шавгон» интихоб намуданд. Ба ҷавонон оиди тарзи дурусти ҳаёт, оиладорӣ, сабр, қаноат, шукр ва дигар фазилатҳои нек беш аз пеш бояд корҳои маънавию маърифатиро тарғиб намоем.

Ҳанифа ГАДОЕВА,
муаллимаи мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: