Ширкати Қатар барои анҷоми парвозҳои мустақим дар хатсайри "Доҳа - Тошканд" омодагӣ мегирад

Сафири Ӯзбекистон Ашраф Хоҷаев бо директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Qatar Airways" Бадр Муҳаммад Ал-Мийр мулоқот анҷом дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои роҳандозии парвозҳои мустақими байнидавлатӣ, ҳамлу нақли бор, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи ҳамлу нақли муосири ҳавоӣ баррасӣ шуданд.

Директори ширкати ҳавопаймоӣ омодагии худро барои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаи Қатар ва Ӯзбекистон изҳор намуда, ба аҳамияти роҳандозии хатсайрҳои ҳавоӣ, ки кишварҳоро дар ташаккули ин муносибатҳо бо ҳам мепайвандад, эътибор дод.

«Айни замон нақшаҳо ва умедҳои мо калонанд. Дар аввал мо нақша дорем, ки парвозҳо дар як ҳафта 4 маротиба, сипас ҳар рӯз анҷом диҳем”, - гуфт Бадр Ал Мийр.

Дар навбати худ таъкид шуд, ки аз ҳисоби парвозҳои мустақим ҷараёни сайёҳон ва ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба афзоиш меёбад.

Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки маросими ифтитоҳи хатсайри ҳавоии "Доҳа - Тошканд - Доҳа"-ро 2 июн баргузор кунанд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: