Дар Филиппин бар асари гармо дар ҷараёни ҷашнвора 45 нафар аз ҳуш рафтаанд

Ҳудуди 45 тан аз раққосон ва тамошобинони ҷашнвора дар вилояти Негроси Филиппини Шарқӣ бар асари гармии шадид аз ҳуш рафтаанд.

Бисёре аз ширкаткунандагони ҷашнвора ҳатто пеш аз оғози барномаи рақс бинобар гармии ҳаво худро бадр ҳис карданд. Гуфта мешавад, ки ба ҳамаи осебдидагон ёрии аввалия расонида шудааст.

Дар Филиппин дар авоили ин ҳафта гармои шадид  ба мушоҳида расид. Дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то 47 дараҷа боло рафта, мактабҳо маҷбур шуданд дарсҳоро қатъ кунанд, хабар медиҳад report.az.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: