ОЗОДАНДЕШ БОЯД БУД

«Сареву савдое» – гуфтаанд.

Ҳар кас фикру андешаи худро дорад. Андеша, гуфтор ва амал танҳо инсонро хос будааст. Одатан ин амалҳо бо ду роҳ иҷро мешаванд: некӣ ва ё бадӣ. Аз пайдоиши инсон дар табиат ин ду тарзи иҷрои амал мавҷуд буд ва боқӣ хоҳад монд. Амали нек ҳамеша пирӯз буд, амали бад мағлуб.
Мақсад  аз иншои ин сатрҳо баррасии ҳамаи амалҳои неку бад набуда, хостем то андозае оид ба озодандешӣ нуқтаи назари худро гӯем. Дарк ва эҳсоси моҳияти ҷараёни озодандешӣ ба инсон, ба хусус ҷавонон чун обу ҳаво зарур аст. Дар сурати дарки дурусти моҳияти он қалбҳо поку беолоиш, меҳру оқибат пойдор, роҳ дар талоши зиндагӣ мунаввар мегардад. 
Пас озодандешӣ чист, озодандеш кист? 
То ба ин суол ҷавоб гардонем, дар ибтидо бояд истилоҳи озодандешро эзоҳ дод. Шарҳ ба калимаи “озод” зарурият надорад, он ҳамагонро ошкор аст. «Андеш», яъне андеша бо калимоти пиндошт, фикр ҳаммаънист. 
Озодандеш шахсест, ки мустақилона фикр, хулоса ва амал мекунад ва оқибати пиндору амали худро дарк карда метавонад. Ӯ бо қонуниятҳои ҷомеа хуб ошно аст, бурду бохти онро эҳсос менамояд, роҳу услуби ҳалли муамморо баррасӣ месозад. 
Аз пайдоиши инсон то ба ин рӯз ва минбаъд низ дар ҳастии одам ду қувва – некӣ ва бадӣ буд ва хоҳад буд. Сафи пайравони қувваи дуюмро метавон бо тарбия кам кард, вале наметавон решакан сохт. Чаро ки на ҳама озодандеш аст. Ин тоифа одатан дар сояи дигарон умр ба сар мебаранд, гирифтаи нафсонияти хеш мебошанд. Мустақилона на кореро сомон медиҳанд ва на фикру андешаи худро баён карда метавонанд.
Ин тоифаро низ метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард. Аввалӣ, модарзод аст. Онҳоро на тарбия таъсири мусбӣ дорад, на муҳити зист. Побанди дигаронанд, эҳсосу дарки маънавиятро, ки танҳо хоси инсон аст, надоранд, ҳарчанд офаридгори маънавият инсон асту онро ташаккул медиҳад. Дар ин боб ҳақ ба ҷониби Шайх Саъдии оламу одам дида аст, ки мефармояд:
Занони бордор, эй марди ҳушёр,
Агар вақти валодат мор зоянд.
Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони ноҳамвор зоянд.
Имконияти тарбияи “Фарзанди ноҳамвор” вуҷуд дорад, вале тифли мортабиат на.
Чӯби тарро чунон ки хоҳӣ печ,
Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.
Гурӯҳи дувуми ин тоифа фиребхӯрдагонанд ва аз оқибати амали худ пушаймонӣ мекунанд. Шахсиятҳои ин гурӯҳ маърифату маънавияти воло надоранд. Аз қонуниятҳои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари худ хуб огоҳ нестанд. Оқибати ниҳоии амали худро намеандешанд. Ин гуна ҳодисаҳои ногувор бештар дар оилаҳо байни волидон ва фарзанд рух медиҳад, ки оқибати он ба зиндагии минбаъда ва рушди кишвар бетаъсир нест. Падару модар на аз рӯйи бадӣ, балки баҳри ояндаи “дурахшон”-и фарзанд ҳукми худро аз овони кӯдакӣ ба фарзанд мегузаронанд. Фарзанд бояд аз хати кашидаи онҳо берун нашавад, ҳол он ки волидон дар муҳити дигар тарбияю таълим гирифта, аз қонуниятҳои ҷомеаи навин хуб огоҳӣ надоранд. Онҳо ҳар як фикру андешаи наверо, ки фарзанд дар муҳити дигар, бештар аз таълимгоҳ гирифтааст, инкор мекунанд. Озодандешии фарзанди худро ба нестӣ мебаранд.
Ошкоро бояд гуфт, на ҳамаи аҳолии калонсоли кишвар навтарин ғояи миллии ҷумҳурии соҳибистиқлолро фаро гирифтаанд. На ҳама моҳияти ислоҳотро дарк карданд. 
Маҳдуд намудани озодандешии фарзандон бештар ҳини оиладоршавии онҳо ба мушоҳида мерасад. Оила муқаддас аст, чун зинаи ибтидоии ҷомеа осудаю осоиштагӣ ва фаровониву солимии он омили муҳими рушди кишвар ва дар айни ҳол муҳимтарин манбаи тарбияи ояндасозони Ватани маҳбуб мебошад. Дар бунёд ва ҳатто дар зиндагии минбаъда аъзои оилаи навбунёд мустақил нестанд. Волидайн дар ҷараёни зиндагӣ ба ҳаёти онҳо дахолат мекунанд. Ин дахолат баъзан ба нороҳатии ҷавонон, ҳатто ба вайроншавии оила оварда мерасонад. 
Падару модар ҳеҷ гоҳ ба фарзандон бадиро раво намебинанд. Чунин ҳодисаҳо бештар аз тангназарӣ, ҳамнафаси замон набудан, натиҷаи бозмондагии шуури маънавияти кӯҳна рух медиҳанд.
Бунёди ҷомеаи кунунӣ, ки роҳ ба сӯи соҳибкориву бунёдкорӣ аст, озодандеширо меписандад. Ташаккулёбии моликияти хусусӣ одамонро на ба танбалӣ, балки ба соҳибкорию бунёдкорӣ, навоварию навҷӯйӣ ҳидоят менамояд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: