ДУОИ ХАЛҚ ИҶОБАТ МЕШАВАД

ё худ дар бораи дарахти дӯстие, ки ду сол пеш шинонда шуд, самара медиҳад

ё худ дар бораи дарахти дӯстие, ки ду сол пеш шинонда шуд, самара медиҳад
Азоби роҳро мусофирон хуб медонанд. Дар гузаштаи наздик мо дар бораи мушкилоту душвориҳои сарҳади байни ду давлати ҳамсоя – Ӯзбекистону Тоҷикистон бисёр шунида, гувоҳ ҳам шудаем.  Аз  канда шудани равуо ва мулоқоти рӯбарӯи тӯли чоряк аср хешу табор, бародару хоҳар ба якдигар қариб бегона шуда буданд. Ҳарчанд бо шаҳодати таърих тоҷикону ӯзбекон бо ҳам тавъаманд ва агар шоирона гӯем, «ду тори як дутор», «ду шохи як дарахт» ҳастанд. Оре, дар таърихи инсоният ҳам ин як ҳодисаи нодир аст, ки ду халқ аз лиҳози антропологӣ, тарзи зист, олами маънавӣ ба ҳам хеле наздику қаринанд.
Аз ин лиҳоз мо, дар ҳақиқат, муштоқи дидори якдигар будем. Аммо, чунон ки шоире фармудааст: 
Гар ба зоҳир аз ту дурам, дур фаҳмидан хатост,
Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност.
Ниҳоят, рӯзе, ки интизораш будем, расид. Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9-10 марти соли 2018 ба шаҳри Душанбе ва имзои санадҳои сарнавиштсоз бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асл дар таърихи муносибатҳои ду давлати ҳамсоя ва мардумони бо ҳам ошно ва дӯсту бародар воқеаи таърихӣ буд. Ин сафар барои вусъати ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ва барои ба сатҳи нави сифатию миқдорӣ баровардани онҳо имкониятҳои бузургро фароҳам овард. Суханони Президенти муҳтарами мо зимни суханронӣ дар Кохи Борбад ҳеч гоҳ аз ёдамон намеравад. “Ман имрӯз бо сарҳадҳои кушод ва бо дили боз омадам. Ман имрӯз ба бародарам Эмомалӣ Шарифович дарвозаи бози рамзиро туҳфа кардам. Бигзор, ин дарвозаҳо дигар ҳеч гоҳ баста нашаванд. Рӯзҳои таърихии 9-10-уми март даврони ба дунё омадани муносибатҳои нави мо хоҳанд шуд. Сарнавишти Тоҷикистон сарнавишти Ӯзбекистон, ояндаи халқи тоҷик ояндаи халқи ӯзбек ҳам мебошад”. Чунин суханон, ки аз забони  сарварони ду кишвар садо доданд, қалби на фақат мардумони ин ду кишвар, балки қалби аҳолии минтақаро шоду масрур намуда, ба  муносибатҳои ду давлат неру ва таъсири бузург бахшиданд. 
Ман чун журналист ва муаррих шоҳиди бисёр воқеаҳо  дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ шудаам. Аммо воқеаеро, ки бо  чунин муҳиту натиҷаҳои хубаш якбора дили миллионҳо нафарро шод карда бошад, дар ёд надорам. Муҳимтар аз ҳама тамоми санадҳое, ки дар аснои ин сафар ва ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд (17 августи соли 2018) ба имзо расида буданд,  пурра дар амал татбиқ шуданд. Дар байни пойтахтҳо парвози самолётҳо, дар байни баъзе шаҳрҳо ба назардошти талабу эҳтиёҷот ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуданд. Раводид (виза) бекор карда шуд. Имрӯз  дар сарҳади ду давлат 17 гузаргоҳ амал мекунад. Гузаргоҳи “Ойбек” (Ӯзбекистон) ва “Фотеҳобод” (Тоҷикистон) барои равуои мардум ва ҳаракати ҳамаи намуди  воситаҳои нақлиёт тамоми шабонарӯз кушода мебошанд. Муносибати кормандони гумрук ва сарҳад  хеле самимӣ ва меҳмондӯстона аст. Онҳое, ки аз ин гузаргоҳҳо ба ин ё он тараф мегузаранд, хусусан, калонсолон дар ҳаққи сарварони ду давлат дуоҳои нек мегӯянд, шукри ин рӯзҳои нек мекунанд. Оре, дуои халқ иҷобат мешавад. Илоҳо, ба ин рӯзҳои хуш чашм нарасад. 
– Ҳамсарам солиёни дароз  аз дарди сутунмуҳра дар азоб буд. Шифокорон маслиҳат доданд, ки ба мутахассисони  нейрохирургияи Тошканд нишон диҳем, – мегӯяд сокини шаҳри Истаравшан Имомназар Худойназаров. – Бидуни ягон мушкилӣ ба Тошканд омадем. Кормандони шуъбаи нейрохирургияи Академияи тиббиёти Тошканд моро хуб пазируфтанд.  Дасти ҷарроҳони ин ҷо  сабук будааст. Аз онҳо сипосгузорем. Ҳоло аҳволи ҳамсарам хуб аст. 
Комилҷон Абдураҳмонов,  дотсенти кафедраи онкологияи Донишкадаи такмили ихтисоси шифокорони Тошканд, дорандаи медали “Шуҳрат” мегӯяд:  
– Ба шифохонаи мо, хусусан аз вилояти Суғди ба вилояти Тошканд ҳамсарҳад бисёр беморон меоянд. Ман дар оилаи академик Фозил Абдураҳмонови духтур ба дунё омадаам. Донишкадаи тиббии Душанберо хатм кардаам. Бо тақозои тақдир  дар Тошканд кору зиндагӣ мекунам. Ба дарди ҳамдиёрон марҳам шудан барои ман бахти бузург аст. Дар навбати худ медонам, ки беморон барои табобатгирӣ аз вилояти Сурхондарё ба муассисаҳои тиббии Душанбе мераванд. 
Аббос Ҳазратқулов, раҳбари фирмаи сайёҳии “Бӯстон туризм сайёҳлик”-и шаҳри Самарқанд мегӯяд:
– Баъди он, ки сарҳадҳои ду кишвар боз шуданд, ба Самарқанди куҳан аз Тоҷикистон сайёҳон бисёр меоянд. Мо онҳоро аз имкониятҳои сайёҳии шаҳрамон баҳраманд менамоем. Бо назардошти дархости сайёҳон доираи хизматрасонӣ, хусусан адои хизмати меҳмонхонавиро ба сатҳи нав баровардем. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҷойҳои нави кор барпо кунем. Ман  зодаи шаҳри Ургут ҳастам. Ҳама хуб медонанд, ки ургутиҳои муқими шаҳри Душанбе барои равнақи тадбиркорӣ дар мамлакати ҳамсоя ва дӯст саҳми бузург доранд. Чанде пеш ман аз шаҳри Панҷакент гузашта, ба воситаи ағбаи Анзоб ва масканҳои зебову дилрабои Варзоб ба Душанбе рафтам. Дар он ҷо ҳам имконоти сайёҳӣ вусъат ёфтааст. Ман ният дорам бо  соҳибкорони тоҷик  лоиҳаҳои самарбахшро татбиқ созам.  
Маҳсули ин гуна ҳамкориҳоро дар  ҳамаи соҳаҳо дидан мумкин аст. Профессор Сабур Абдуллоев аз олимони маъруфи соҳаи кимёи физикист. Ӯро дар берун аз Тоҷикистон ҳам мешиносанд. 
– Чанд сол пеш барои иштирок дар анҷумани илмие, ки дар Куала-Лумпур баргузор мегардид, аз сабаби он, ки раводиди Ӯзбекистонро надоштам,  аз  хизмати киштии ҳавоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” истифода бурда натавониста,  аз  Душанбе ба Маскав, аз Маскав ба Малайзия парвоз карда будам, – мегӯяд ӯ. – Ҳоло бошад, бемалол ба Тошканд омада, аз ин ҷо ба гӯшаҳои мухталифи дунё парвоз кардан мумкин аст. 
Дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд имрӯз молҳои  истеҳсоли Ӯзбекистонро бисёр дидан мумкин аст. Соҳибкорони тоҷик ба зарбулмасали “Ангур зи ангур гирад ранг,  ҳамсоя зи ҳамсоя гирад панд” амал карда, бо ҳамкасбони ӯзбекистониашон дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот ҳамкории самарабахшро  ба роҳ мондаанд. Қарордодҳои баимзорасидаи ду ҷониб, хусусан вилоятҳои ҳамсарҳад (масалан, Фарғонаву Суғд)  намунаи беҳтарини ҳамкориҳоро  намоиш медиҳанд. Бояд гуфт, ки табодули маҳсулоти ду тараф дар соли 2018  нисбат ба соли 2017 131 фоиз афзудааст. Умуман,  дар тӯли се соли охир ин нишондиҳанда шаш баробар афзуд. Хусусан, ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, кимё, саноати сабук, озуқаворӣ назаррасанд. 
Чунин ҳамкориҳои судманд, хусусан  дар соҳаи адабиёт ва санъат бештар ба назар мерасанд. 
Ҷӯраи ӯзбекон, ҳунарпешаи беҳамто Ҷӯрабек Муродов пас аз солҳои тӯлонӣ ният дорад тобистони соли ҷорӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон барномаҳои консертиашро тақдим кунад.
– Аслан забони ҳофизон забони дӯстиву бародарист,– мегӯяд акаи Ҷӯрабек. – Дар ин роҳ ман ҳамеша собитқадам будам ва чунин хоҳам буд.  
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис  зикр кард, ки Ӯзбекистон соли ҷорӣ низ муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои судбахшро, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя идома хоҳад дод. Оре, сафарҳои таърихии президентҳои  муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти давлатҳои якдигар фазои мусоиди дӯстиву ҳусни якдигарфаҳмӣ, муҳити сулҳу осоишро барои халқҳои ду кишвар, ҳатто минтақа ва ҷаҳон фароҳам овард. Ҳақ бар  ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румист, ки фармудааст:
Ту барои васл кардан омадӣ,
Не барои фасл кардан омадӣ.

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
шореҳи сиёсӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: