Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Форуми III байналмилалии сармоягузории Тошканд

Муҳтарам иштирокчиёни форум! Хонумон ва ҷанобон!

Ҳамаи шуморо ба Анҷумани III байналмилалии сармоягузории Тошканд самимона хайрамақдам мегӯям.

Бо камоли мамнуният қайд намудан хушоянд аст, ки ин формат ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола дар кишвари мо шарикони бештари боэътимодро аз тамоми қитъаҳо гирди ҳам меорад.

Дар давоми се соли охир Анҷуман ба як платформаи муассири муколама барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баррасии мушкилоти мубрами рӯзгор ва таҳияи ғояву равишҳои пешрафта табдил ёфт. Имрӯз барои иштирок дар чорабинии мо аз 93 кишвари ҷаҳон зиёда аз дуюним ҳазор меҳмонони хориҷӣ омадаанд, ки аҳамияти рӯзафзуни Форумро равшан нишон медиҳад. Ин аз шавқу рағбати бузург ба ислоҳотҳое, ки дар мамлакати мо татбиқ гардида, хусусияти бебозгашт касб намудааст, роҳандозии ҳамкории ба ҳамдигар судбахш далолат медиҳад.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Ҷамъомади имрӯзаи мо дар пасманзари бадтар шудани мушкилоти ҷаҳонии геосиёсӣ ва иқтисодӣ, шиддат гирифтани таҳдиду чолишҳо дар роҳи рушди устувор ҷараён дорад.

Равандҳои амиқи дигаргунсозии тартиботи ҷаҳонӣ ба амал меоянд. Ноустувории вазъиятро халалдор шудани занҷири таъминоти мол ва хизматрасонӣ, коҳиши савдои байналмилалӣ, кам шудани ҷараёни сармоягузорӣ, шиддат гирифтани тағйирёбии иқлим равшан нишон медиҳад.

Дар давоми се соли охир суръати афзоиши иқтисодиёти ҷаҳон суст шуд. Тамоюли афзоиши сармоягузории мустақими хориҷӣ низ лоиқи сазовори интизориҳо нест. Ҳамин тариқ, дар соли 2023 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 9 фоиз кам шуд.

Албатта, мо хуб мефаҳмем, ки имрӯз дар ҷаҳон барои сармоягузорон муборизаи ҷиддӣ давом дорад. Аммо як чиз равшан аст. Ҳеҷ як мамлакат дар танҳоӣ аз ӯҳдаи ин гуна проблемаҳои тезутунди имрӯза баромада наметавонад. Рӯҳи боварию эҳтироми ҳамдигар ва тамоюлҳои дастгирии тарафайн заминаи мустаҳками ҳамкории дарозмуддат боқӣ мемонад.

Хонумон ва ҷанобон!

Мо ҷиҳати ба куллӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар ва тадриҷан аз байн бурдани ҳамаи монеаҳо қадамҳои қатъӣ гузоштем. Ислоҳоти васеъмиқёси мо маҳз ба он нигаронида шудааст, ки ҳар як сармоягузор худро озод ва эътимод ҳис кунад.

Тавре ки шумо медонед, 7 сол пеш мо ислоҳоти мураккабу системавиро оғоз намуда, дар назди худ қуллаҳои баланд гузоштем. Озодгардонии иқтисодиёт, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳамаҷониба васеъ намудани имкониятҳо барои соҳибкоронро мақсадҳои асосии худ муайян намуданд.

Дар солҳои охир иқтисодиёти мо қариб ду баробар афзуд. Дар охири соли гузашта афзоиши он 6 фоизро ташкил дод. Сатҳи инфлятсия то 9 фоиз коҳиш ёфт. Нишондиҳандаҳои муомилоти мол мунтазам меафзояд. Устувории бозори асъор ва захираҳои тиллою асъор мӯътадил боқӣ мемонад.

Дар тӯли солҳои охир дар кишвари мо беш аз 60 миллиард доллар сармояи хориҷ азхуд карда шудааст. Ба  соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтор беш аз 14 миллиард доллар маблағи институтҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуданд.

Танҳо соли гузашта маблағгузории хориҷӣ қариб ду баробар афзуд. Ба ҳамин муносибат якҷоя бо ширкатҳои бонуфуз ва брендҳои бузурги ҷаҳонӣ, ба мисли “ACWA Power”, “Masdar”, “Total Eren”, “Voltalia”, “Total Eren”, “Voltalia”, “?al?k” ва “Aksa” – дар соҳаи энегетика, “Air Products”, “Indorama” ва “Kamse” –  дар саноати кимиё, “Orano” ва “Danieli” – дар саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, “BYD”, “Kia” ва “Samsung” – дар саноати мошинсозӣ ва электротехникӣ, “Ко?” ва “Knauf” –  дар сохтмон, таъсиси садҳо ҳазор ҷойҳои нави кор, ба кор андохта шудани беш аз 300 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва саноатиро бо қаноатмандии бузург таъкид менамоям.

Дар доираи форуми ҳолоина лоиҳаҳои нави калон бо иштироки ширкатҳои пешқадами ҷаҳон ба мисли Linde, Orascom, DataVolt, Bonafarm, PASHA Holding ва дигар шарикон оғоз мешаванд.

Аз фурсат истифода бурда, ба сармоягузорони хориҷӣ ва тамоми шариконе, ки дар ин кор саҳми арзанда мегузоранд, изҳори сипос мекунам.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорат дар дигар самтҳои афзалиятнок як қатор тадбирҳои мушаххас таҳия намудем. Акнун сармоягузорони хориҷӣ ба муддати 3 сол аз пардохти дивидендҳо аз саҳмияҳо озод хоҳанд шуд.

Ба наздикӣ мо дар бораи хусусигардонӣ қонун қабул кардем. Барномаи нави фурӯши саҳмияҳои давлатии 250 корхонаи бузург ва қариб 1000 амволи ғайриманқул ва пешниҳоди аввалияи саҳмияҳои 12 корхона дар бозорҳои фондӣ (IPO) оғоз шуд.

Рейтинги устуворӣ барои соҳибкорон ҷорӣ карда шуд. Субъектҳои соҳибкорӣ, ки рейтинги баланд доранд, аз санҷиши андоз гузаронида намешаванд.

Мо ба нақша гирифтаем, ки таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои энергетикиро дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ низ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ҷорӣ кунем. Аз ҷумла, якҷоя бо ширкатҳои чинии CITIC ва CAMCE лоиҳаҳо дар соҳаи ирригатсия ва роҳҳои автомобилгард, бо ширкатҳои фаронсавии Suez ва Veolia – дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ, бо ширкатҳои арабии Inter Health ва Pure Health – сохтмони муассисаҳои тиббии замонавӣ таҳия карда мешаванд.

Мо ба рушди инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ аҳамияти калон дода, барои ин мақсадҳо маблағҳои буҷетӣ ҷудо мекунем.  Тамоюлҳои замонавии шаффофи ҷудо кардани замин ба соҳибкорон, яъне низоми савдоҳои музояда ҷорӣ карда шудаанд. Дар чаҳорчӯби дохил шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо беш аз 60 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ нигаронда шудааст, қабул шуданд.

Агентии мубориза бо коррупсия таъсис ёфта, стратегияи миллии то соли 2030 таҳия мегардад. Соли гузашта дар Тошканд чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо фасод баргузор шуданд.

Бо мақсади ҳаллу фасли одилонаи баҳсҳо Маркази байналмилалии арбитражии Тошканд бомуваффақият фаъолият дорад. Он зиёда аз 90 судяи бонуфузи кишварҳо, ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Италия, Шветсия, Чин ва Аморати Муттаҳидаи Арабро фаро гирифтааст.

Боз як нишондиҳандаи муҳим барои сармоягузорон: дар давоми 7 соли охир фарогирӣ ба таҳсилоти олӣ аз 9 то 42 фоиз афзуда, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 200 адад гузашт.

Дар Ӯзбекистон барои сафар ба беш аз 90 кишвари ҷаҳон низоми раводид ҷорӣ шудааст.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Мақсади асосии мо аз он иборат аст, ки  Ӯзбекистон шарики боэътимод ва дарозмуддат барои сармоягузорони хориҷӣ гардад.

Давлат рушди муносибатҳои бозоргонӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқи сармоягузорон, боз ҳам беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, фароҳам овардани имконияту шароити бештар барои рақобати одилона, таъмини дахлнопазирии моликияти хусусӣ ва мустақилияти низоми судиро кафолат медиҳад.

Мо ин тамоюлҳоро дар Конститутсияи худ, ки соли гузашта дар референдуми умумихалқӣ қабул шуда буд, қатъиян ифода намудем.

Имрӯз ман мехоҳам ба шумо як қатор таклифҳои мушаххасеро пешниҳод намоям, ки ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор нигаронида шудаанд.

Якум, қонун «Дар бораи сармояҳо»-ро дар таҳрири нав қабул мекунем. Ҳуҷҷат мутобиқи муқаррарот, қоидаҳо ва стандартҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳия шудааст.

Ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои ҳамкории зич дар ин кор изҳори сипос мекунам.

Дуюм, дар рӯзҳои наздик дар мамлакатамон дар назди Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ Суди байналмилалии тиҷоратӣ ба кор шурӯъ мекунад. Он дар низоми суду ҳуқуқи Ӯзбекистон  нақши алоҳида касб менамояд. Барои ин мо ба наздикӣ қонуни махсус қабул мекунем, инчунин ба кодексҳои протсессуалӣ меъёрҳо дохил мекунем, ки ба иҷрои пурраи қарорҳои Суди байналхалқии тиҷоратӣ нигаронида шудаанд.

Сеюм, мо дар ояндаи наздик муносибатҳои тамоман навро ба системаи минтақаҳои саноатӣ ҷорӣ мекунем.

Ба мақсади аз ҷониби сармоягузорон татбиқ карда шудани лоиҳаҳои баландтехнологӣ барои онҳо шароитҳои беш аз пеш мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар раёсати минтақаҳои саноатӣ таҷрибаи ҷалби фаъоли операторони хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои соҳибтаҷрибаи хориҷӣ вусъат дода хоҳад шуд. Ҳамчунин маҳдудкунии муҳлати фаъолияти минтақаҳои махсуси иқтисодӣ бекор карда мешаванд.

Муҳлати ба иҷора додани заминҳо ба сармоягузорони хориҷӣ 2 баробар дароз карда, аз 25 то ба 49 сол расонида хоҳад шуд. Дар ин маврид имтиёз ва сабукиҳои мавҷудаи аз ҷониби қонунҳо кафолатнокшуда пурра нигоҳ дошта мешаванд.

Тамоми ин масъалаҳоро мо фардо дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ муфассал муҳокима хоҳем кард.

Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!

Ба мақсади идома додани ислоҳоти мунтазам, бунёди давлати пурқудрат ва шукуфон мо Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро қабул кардем. Дар ин ҳуҷҷати муҳим 100 вазифаи мушаххас бобати муваффақ шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, ислоҳсозии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таълим, таъмин кардани волоияти қонун инъикос шудаанд.

Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки то соли 2030-юм даромадро ба ҳар сари аҳолӣ ду баробар зиёд кунем ва дар сафи давлатҳои дараҷаи даромадашон  аз миёна болотар ҷой гирем.

Ҷараёнҳои трансформатсияи амиқ дар иқтисодиёт, ташаккул додани муҳити мусоиди сармоявию тиҷоратӣ, ташаккул додани арзиши баланди иловагӣ дар саноат мунтазам идома меёбанд.

Вобаста ба ин мехоҳам бобати самтҳои бартариноки вусъатдиҳии ҳамкориҳои тарафайнамон таваққуф намоям.

Якум: энергетикаи «сабз». Баланд бардоштани самаранокии соҳаи энергетикӣ барои тамоми минтақаи мо масъалаи рӯзмарра мебошад. Дар кишвари мо дар самти мазкур кор бинобар 28 лоиҳа идома дорад.

Мо пеши худ мақсад гузоштем, ки то соли 2030-юм зиёда аз 20 гигаватт иқтидори энергияи навро фароҳам оварем ва саҳми онро дар эътидоли энергетикӣ то ба 40 фоиз расонем.

Танҳо соли гузашта якҷо бо шарикони стратегиямон – ширкатҳои Masdar, Gezhouba, China Energy мо истгоҳҳои бузурги бодиву офтобии электрии иқтидорашон 1,4 гигаваттро сохта ба истифода супурдем. Ҳамчунин якҷо бо ACWA Power ба татбиқсозии лоиҳа оид ба истеҳсоли гидрогени «сабз» оғоз намудем.

Он чиз сазовори қайд мебошад, ки ин лоиҳаҳои муҳим куллан аз ҳисоби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар пояи шарикии давлативу хусусӣ татбиқ мешаванд.

Имрӯз дар доираи анҷуман мо ба шумо, сармоягузорони мо, лоиҳаи муштараки сохтмони истгоҳи гидроэлектриро дар Қирғизистон ва Тоҷикистони ҳамсоя муаррифӣ менамоем. Ширкатҳои бузурги тамоми давлатҳоро ба мулоқоти ошкоро ва ҳамкории амалӣ дар самти мазкур даъват менамоем.

Дуюм: соҳаи бонку молия. Солҳои охир дар мамлакати мо бисёр бонкҳои хусусӣ кушода шуданд, ба бозори мо бонкҳои машҳури Аврупо ворид гардиданд. Фаъолияти як қатор бонкҳои рақамӣ татбиқ карда мешавад.

Дар доираи анҷуман муоҳида бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бинобар хусусигардонии яке аз бонкҳои бузургтарини Ӯзбекистон – Асакабонк имзо гардид. Ҳамчунин бо Иттиҳодияи байналхалқии молиявӣ, Бонки осиёии рушд ҷараёнҳои трансформатсия ва хусусигардонии дигар бонкҳои бузург идома доранд.

Барои қонеъ сохтани талаботи рӯзафзун ба захираҳои молиявӣ талабот ва муносибат ба рушди бозори сармоя таҷдиди назар мегардад.

Кор бобати минбаъд тамил додани воситаҳои бомаблағтаъминкунии байналхалқӣ амалӣ мешавад. Мо умед мекунем, ки селаи сармояҳои хориҷӣ чандин баробар зиёд шуда, сифати идораи корпоративӣ беҳтар мегардад, идораҳои нави машҳури бонкиву молиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Сеюм: канданиҳои фоиданок. Ӯзбекистон дорои захираҳои бузурги минералӣ ва филизоти муҳим мебошад. Дар мамлакати мо захираҳои азими тилло, мис, волфрам, нуқра, уран мавҷуданд. Мехоҳам эътибори шуморо ба як қатор минералҳои камёбу нодир, ки мо беш аз 30 кони филизоти камназири онҳо, аз ҷумла лити, магний, молибден, герман, ванадий ва индийро дорем, ҷалб намоям.

Моҳи гузашта бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи ашёи хеле муҳим ҳамкории стратегӣ муқаррар карда шуд. Мо бинобар имзо кардани чунин муоҳидаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир кор мебарем.

Вобаста ба ин дар пояи таҷрибаи байналхалқии замонавӣ қонун «Дар бораи конҳо» дар таҳрири нав қабул карда хоҳад шуд. Мехоҳам ба Бонки таҷдид ва рушди Аврупо барои ҳамкории назаррасаш дар ин бобат миннатдории махсус изҳор намоям.

Ширкатҳои машҳурро барои татбиқсозии лоиҳаҳо бобати коркарди амиқи ашёи стратегӣ ва ташаккул додани силсилаи арзиши иловагӣ ба Ӯзбекистон даъват менамоем.

Чаҳорум: трансформатисяи рақамии мамлакат. Содироти хидматҳои IT ва маҳсулоти барномавӣ дар як сол 2 баробар афзуд. Ният дорем, ки дар оянда ин нишондиҳандаро ба 5 миллиард доллар расонем.

10 баробар зиёд шудани миқдори резидентҳои хиёбони IT ва фароҳам омадани 100 ҳазор ҷойҳои кориро пешбинӣ кардаем. Барои ҷалби ширкатҳои хориҷӣ дар пойгоҳи хиёбони IT Маркази байналхалқии технологияи рақамӣ созмон дода мешавад.

Якҷо бо ширкати DataVolt-и Арабистони Саудӣ маркази сана созмон дода мешавад, ки бо энергияи «сабз» кор хоҳад кард. Фикр мекунем ин барои ба иқтисодиёти рақамӣ гузаштани кишвари мо ва ҷорӣ кардани технологияҳои зеҳни  сунъӣ такони пурқувват мегардад.

Панҷум: рушди инфрасохтори нақлиётӣ. Мо ба созмон додани низоми мусоид ва замонавии нақлиётӣ эътибори алоҳида медиҳем.

Дар соҳаи роҳи оҳан ислоҳоти бузург татбиқ мешаванд, барои ба соҳа ҷалб намудани сармоягузорони хусусӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд. Бобати сохтмони роҳҳои пулакии автомобилӣ ва роҳҳои баландсуръати оҳан лоиҳаҳои муштарак коркард мешаванд.

Якҷо бо сармоягузорони дақиқи хориҷӣ бинобар рушди аэропортҳои байналхалқии дарамали «Тошканд», «Бухоро» ва «Урганҷ», ҳамчунин бунёди аэропортҳои нав лоиҳаҳо тайёр карда мешаванд.

Тавре ки маълум аст, якҷо бо шарикони хориҷӣ мо ба сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва «Ӯзбекистон – Афғонистон – Покистон» оғоз намудем. Ин лоиҳаҳои стратегӣ вазъияти геоиқтисодии минтақаро куллан тағйир дода, Осиёи Марказиро ба маркази ҷаҳонии транзитӣ, ки Шимол ва Ҷануб, Шарқ ва Ғарбро мепайвандад, табдил медиҳанд.

Сармоягузорон ва созмонҳои байналхалқиро ба иштирок дар ин лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, ба эҳёи замонавии Шоҳроҳи абрешим даъват менамоем.

Дӯстони азиз!

Ӯзбекистони Нав ин давлати одил, дунявӣ, муттасил пешраванда, кишвари имкониятҳои бузург мебошад.

Маншаи асосии илҳом, ғояҳои азим ва саъю кӯшишҳои бузурги мо, ки ҳар рӯз ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд, халқи меҳнатдӯст ва ҳимматбаланди мо мебошанд.

Махсус таъкид менамоям, сармоягузороне, ки ҳоло дар ин ҷамъомад иштирок доранд, бо технологияҳои пешқадам, таҷриба, таклиф ва муносибатҳои нави худ ба мо барои бо эътимод пеш рафтан илҳом мебахшанд.

Ба шумо ваъда медиҳам, ки барои дар амал татбиқ шудани ҳар кадом ташаббус ва ҳар як лоиҳаатон ҳамкорони ман ба шумо такягоҳ мегарданд, онҳо ба шумо бевосита тамоми кумакҳои заруриро мерасонанд. Фикр мекунам, ин шуморо  қаноатманд месозад.

Сармоя ин муҳаррики трансформатсияи кишвари мо ва асоси мустаҳками рушди иқтисодӣ мебошад.

Муътақидам, ки анҷумани байналхалқии сармоявии кунунӣ, гуфтушунидҳои пурмаҳсул ҳамкориҳои амалии моро ба дараҷаи куллан нав, беш аз пеш баландтар мебароранд.

Бори дигар ба ҳамаи шумо барои иштирокатон дар анҷуман миннатдорӣ баён мекунам.

Барои эътиборатон ташаккур.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: