БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ КОРХОНАҲОИ ФАЪОЛ

Ба қарибӣ гурӯҳи корчаллонон бо сарварии муовини якуми раиси палатаи савдо ва инвеститсияи Афғонистон Ҳусейн Муҳаммад Юнус дар мамлакатамон меҳмон буданд.

 Онҳо дар корхонаи «Қарасув мебел савдо»-и ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд шуданд. Ҷонишини раиси Саридораи ҳудудии палатаи савдо-саноати вилояти Тошканд Равшан Бекҷонов меҳмононро ҳамроҳӣ намуд. Меҳмонон бо маҳсулоти мебели корхона, ки бо кумаки технологияи охирини замонавӣ аз ашёи хом истифода бурда истеҳсол мегардад, ошно шуданд. 
Инчунин, аз маҳсулоти хонаи савдо, ки таҳти тамғаи «Ҷаннатмакон» ба фурӯш гузошта шудааст, дидан карданд ва оиди хидмати расонда додани маҳсулот ба мувофиқа омаданд. Дар поёни сафар шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва ба корхона барои ба Афғонистон расонда додани ҷиҳозҳо дилери расмӣ таъин карда шуд. 
Корхонаи мазкур соли 2013 ташкил ёфта, дар худи ҳамон сол маблағи муомилоти солона 18 млрд.700 млн. сӯмро ташкил намуд. Дар корхона имрӯз 60 нафар ходим соҳиби ҷойи кори асосӣ буда, 46 нафар бо хонакорӣ, ҷамъ 104 нафар фаъолият доранд. Дар тӯли соли 2023 бо беш аз 60 ширкат ва корхона шартнома баста, ашёи хом харид ва дар асоси шартнома ба беш аз 20 ташкилот маҳсулот фурӯхт. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2024 маблағи муомилоти маҳсулотро ба 25 млрд. сӯм расонда, шумораи ҷойи кориро ба 200-то зиёд гардонад.
Аъзоёни ҳайат, инчунин, ба маскани истироҳатии ҶММ «Turon Resort and Spa», ки дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ҷойгир аст, ташриф оварданд.

А. ИСМОИЛОВ.                        

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: