«СЕҲРИ ЗЕБОӢ»

Дар нигористон

Дар қасри маданияти байналхалқии Икуо Хироямаи Академияи бадеӣ намоишгоҳи шахсии Рассоми халқии Ӯзбекистон Аъзамхӯҷа Асқаров бо номи «Сеҳри зебоӣ» кушода шуд. 

Дар намоишгоҳ беш аз 40 намунаи эҷоди рангтасвир, санъати шишаҳои ранга, туҳфаҳои булӯрӣ, ки  аз зарфҳои шишагӣ ташкил ёфтаанд, намоиш дода мешаванд. Дар экспозитсия «Рамзи ҳаёт», «Оҳанг», «Сеҳри сухан», «Олами ботароват», «Садо», «Идрок»,»Тафаккур», «Ҳаёт» , «Абадият», «Танбеҳ», « Ҷазо», «Ҳикмат», «Ибтидо» барин намунаҳои рассом ҷой доранд. 
Рассом соли 1953 дар шаҳри Тошканд дида ба дунё кушодааст. Дар шуъбаи шабонаи Институти хоҷагии халқи Тошканд, дар баробари ин омӯзишгоҳи рассомии ба номи П. Бенков, омӯзишгоҳи олии санъати рассомии Санкт-Петербург таҳсил гирифтааст. Доир ба шиша мутахассиси ботаҷриба. Дар асарҳои ӯ аҳамияти ҳамоҳангии табиат, зебоии он, фалсафаи рангҳо акс ёфтааст.

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: