САБР ВА ҚАНОАТ

Зиндагӣ шабеҳи формулаи мураккаб аст, ба назари ман.

Зиндагӣ шабеҳи формулаи мураккаб аст, ба назари ман.
Баъзан, вақте атрофиёни худро бо суханони хубу гуворо навозиш менамоӣ, намедонӣ, ки ба ҳамин  навозиш худат ниёз дорӣ.
Вақте ки барои инсонҳо меҳру муҳаббати худро дареғ намедорӣ, аммо дар муқобили он худат ба ҳамин меҳр зор мешавӣ, мехоҳӣ, ки дилат ҳамин замон аз задан бозистад ва дигар ин ҳамаро набиниву насӯзӣ.
Дар сафар ҳамсафар, дар суҳбат дӯсти қарин надоштанатро хуб медонӣ, вақте гиря мекунӣ, касе саратро мисли падару модар, ки кайҳо ба он дунё реҳлат кардаанд, навозиш накунад, аз зиндагӣ дилсард мешавӣ.
Вақте ки дар гирдоби ташвишҳо дармемонӣ, ташвишҳои кӯдаконро ҳамчун ташвиши хурсандиовар қабул мекунӣ, бо зарбаҳои талхи ҳаёт рӯ ба рӯ мегардӣ, аммо касе  тасаллият намедиҳад, боз аз ҳаёт дилсард мешавӣ.
Вақте аз пуштат санг меандозанд, онро мардонавор пушти сар мекунӣ, аммо нафрататро аз одамони найрангбозу дурӯя пинҳон дошта наметавонӣ.
Агар гӯянд, ки ҳаётат дар дасти худат аст, ба он бовар карда зиндагиро давом медиҳӣ, вале намедонӣ, ки ҷонатро аз Худованди бузург ба амонат гирифтаӣ...
Ҳарчанд ҷисму ҷон ва қалбат аз дасти рӯзгор ва ситами номардҳои атроф сахт ба дард омадааст, дар назди ҳама табассум мекунӣ ва нишон намедиҳӣ, ки чӣ дарду доғе туро иҳота намудааст. 
Вақте ту дар роҳҳои пасту баланди зиндагӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ устуворона саъй мекунӣ, баъзеҳо мехоҳанд ба пойҳоят завлона зананду туро аз роҳ боздоранд, онгоҳ эҳсоси нафрат дар умқи дилат беш аз пеш меафзояд.
Вақте мешунавӣ, ки касе дар ивази некие, ки барои ту анҷом додааст, дар суҳбати ким-кӣ онро миннат кардааст, некиатро ба ёд меорӣ.
Баъзан қавӣ ҳастам мегӯӣ, аммо дар назди баъзе шахсон ва корҳо оҷиз будани худро ҳис мекунӣ ва тапиши қалбатро аз пештара бештар эҳсос мекунӣ.
Бале, қалбат аз дард саршор, чашмонат аз гиря хаста шудаанд, вале ту сабру қаноатро пеша мекунӣ, кас гумон мекунад, ки хушбахттарини инсонҳои рӯйи олам ту ҳастӣ.

Маъруфа СОЛИЕВА.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: