Шавкат Мирзиёев муҳимияти вусъат додани мулоқоти ошкоро ва шарикиро дар доираи Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кард

  • Шавкат Мирзиёев муҳимияти вусъат додани мулоқоти ошкоро ва шарикиро дар доираи Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъкид кард

3 май дар қароргоҳи «Кӯксарой» иҷлосияи дуюми умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ таҳти роҳбарии сарвари давлати мо президенти Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Одил Рено-Бассо, роҳбарони ширкат ва бонкҳои машҳур, аз ҷумла «Masdar», «Indorama», «ACWA Power», «Air Products», «Calik», «Suez», «Orascom», «Cengiz», «Aksa», «HP», «Linde», «Procter&Gamble», «Visa», «CAMCE», «John Deere», «Huawei», «Airbus», «Orano», «Commerzbank», «Total», «PASHA Holding», ҳамчунин намояндагони созмонҳо ва идораҳои байналхалқиву молиявӣ – Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пешрафт, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳодияи байналхалқии молиявӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва Иттиҳодияи байналхалқии  исломии тиҷоративу молиявӣ ширкат ҷустанд.

Вазифаҳои асосии Шӯро аз кумакрасонии молиявӣ ва мулоқоти ошкорои байни ҳукумати Ӯзбекистон ва сармоягузорони хориҷӣ бинобар самтҳои муҳимтарини рушди сармоявӣ, саноативу технологӣ ва инноватсионии мамлакат, бо дарназардошти таҷриба ва амалиёти бомуваффақияти ҷаҳонӣ иборат аст. Дар иҷлосияи нахустин, ки соли 2022-юм ба вуқӯъ пайваст, барои амали самарабахши механизми мазкур пойдевор гузошта шуда буд.

Иҷлосияи кунуниро ифтитоҳ намуда, роҳбари давлати мо натиҷаҳои пурмаҳсули Анҷумани сеюми сармоявии Тошкандро, ки баргузор гардид, таъкид намуд, ҳамчунин ба аъзои Шӯро барои саҳмашон бинобар дастгирии рушди Ӯзбекистони Нав миннатдорӣ баён кард.

Қайд гардид, ки анъанаи пурзӯршавии номуътадилӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мушоҳида мегардад, оқибатҳои буҳрони энергетикӣ, хӯрокворӣ ва экологӣ торафт ҷиҳати ҷиддӣ пайдо мекунанд.

– Дар чунин шароит танҳо кори мураттаб, аз ҷониби тарафайн мувофиқшуда, амалҳои мушаххас ба мо имкон медиҳанд ба натиҷаҳои пешбинишуда муваффақ гардем, – гуфт Президент.

Фаъолияти гурӯҳи корие, ки ба тайёр кардани лоиҳаи қонунҳо дар бораи сармояҳо ва минтақаҳои озоди махсус, ки ба такмил додани муҳити сармоявӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакати мо нигаронида шудаанд, бо қаноатмандии хоса таъкид гардид.

Аҳамияти амалии таҳлили сиёсати сармоявие, ки аз ҷониби гурӯҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд татбиқ мегарданду имкон медиҳанд самтҳои асосӣ мушаххас шаванд ва механизмҳои самарабахши минбаъд беҳтар кардани муҳити сармоявӣ дар мамлакат фароҳам ояд, қайд гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкории тарафайн ба мулоқоти ошкорои байни ҳукумат ва ҷомеаи тиҷоратӣ барои рушди самарабахши иқтисодӣ муҳаррик ба шумор меравад, роҳбари давлати мо пешниҳод намуд, ки бинобар самтҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шаванд, ӯ ҷиҳатҳои асосии фаъолияти минбаъдаи шӯроро муайян кард.

Якум – рушди бозори сармоя. Дар самти мазкур пешниҳод шуд, ки ба масъалаҳои васеъ ҷалб намудани сармояҳои дохиливу хориҷӣ дар  рушди марказҳои байналхалқии молиявӣ, ки ба талаботи сармоягузорони хориҷӣ куллан ҷавобгӯ мебошанд, эътибор дода шавад.

Дуюм – масъулияти ҷорӣ кардани тиҷорат. Сухан дар бораи васеъ ҷорӣ намудани равандҳои дахлдори Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд меравад, ки ба таъмин сохтани эътидол, шаффофият ва рӯшодии иқтисодиёт нигаронида шудаанд.

Сеюм – рағбатноксозии сармояҳои муқобил. Ба мақсади созмон додани шароити мусоид барои зиёд кардани стартапҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармояҳои муштарак қонуни нав «Дар бораи сармояҳои венчурӣ» андешида мешавад.

Чаҳорум – рақамикунонии низоми кор бо сармоягузорон.

– Фикр мекунам, фурсат барои коркард ва васеъ дар амалиёт ҷорӣ намудани платформаи нави электронӣ баҳри хидматрасонӣ ба сармоягузорони хориҷӣ расидааст. Ин имкон медиҳад маҷмӯи мушкилоте, ки сармоягузоронро ба ташвиш  меоварад, сари вақт ва мунтазам ҳаллу фасл шаванд, – таъкид намуд Президент.

Изҳори бовар шуд, ки ба шарофати дастгирии фаъоли аъзои Шӯро, Ӯзбекистон минбаъд низ пешрафти устуворро намоиш медиҳад, метавонад сатҳи ҳаёти халқро баланд бардорад ва шукуфоии ояндаи кишварро таъмин кунад.

Нотиқон, аъзои шӯро ба натиҷаҳои барномаи ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистони Нав баҳои баланд доданд. Ба роҳбари давлати мо барои фаъолияти сармоявиро ҳамаҷониба дастгирӣ карданаш ва қатъиян идома додани ҳамкории муфиди тарафайн миннатдорӣ изҳор гардид.

Дар анҷоми иҷлосия Президент иштирокдоронро бовар кунонид, ки ягон пешниҳод ва тавсия аз эътибор берун нахоҳад монд. Ба Ҳукумат супурда шуд, ки тамоми ташаббусҳоро муфассал баррасӣ кунад ва дар амал татбиқ шудани онҳоро таҳти назорат бигирад.

Супурда шуд, ки барои ҳар кадом пешниҳод ва ҳар як лоиҳа «харитаи амалиёт»-и алоҳида андешида шавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: