ҚУРБОНИ МУЛӮҲ

(Ҳикоя)

Вақти муллоазон! 
Як доман саҳоби саргардон – бораш гарон...
Гашта-гашта ниҳоят дар лобалои деҳаи Бибиширин лангар меандозад. Дар як дам ба дашту даман, кӯҳу барзан, боғоти сабз, кӯчаҳо, саҳни ҳавлии мардум... чун наварӯси вуҷудаш муаттар, дастони ҳинодидааш тар  шим-шим об мезанад – оби раҳмат!
Мулло Абдуллоҳ ҳамин асно навои борони баҳорон дар гӯш намози бомдодро адо мекунад, муддате сари саҷҷода ба муноҷот мешинад; беист тасбеҳ мегардонад, ба рӯҳи поки азизони Худо, ёрони босафову бовафои вай пайиҳам сано мефиристад. Баъд ҷойнамозро ғундошта, болои чӯбсандуқ мегузорад. Медонад ӯ: аз китоб лаболаб аст он. Аз сарвати дунё дороияш ҳамин китобҳои қисман мерос аз қиблагоҳаш ва бархе андӯхтаҳои худаш ҳастанд. Боз бо фаросат нек мефаҳмад, ки аз қазо ҳамин хазинаи илм, машъали роҳнамо ба инсоният... беамон ба ҳолу ҷонаш таҳдид мекунанд. Во аҷабо!.. 
Аз ғояти андешаҳои шарир ба ғаш омада, зиёда буғс карда, кафам мегуфт замири бечорааш. Вай, то ғуссаҳои дилаш таскин ёбанд, оҳкашон аз сари сандуқ дур рафта, ниҳоят сукутманд ба берун по ниҳод. 
Ноором аст замири афгораш... 
Дар банди кадом ташвише менолиду менолид ва дарде ҳарина ҳаловату тамкини вуҷудашро беибо медуздид.
Аз дар берун қадам ниҳоду ба димоғаш накҳати нозбӯй нишаст. Аз ҷӯякҳои замини пеши айвон ба сайр меомад ин бӯйи нозанин. Чандин рӯз муқаддам Бибиотуни ӯ ҳамин ниҳолаконро шинонда буд. 
Боди серун ба сару рӯяш зада, аз нафаси тозаи муҳити сабзи боғот хаёле шиддати андешаҳояш паст мешаванд. Аз новадон чак-чак оби дидаи осмон фуруд омада, ба кӯлмак рамақ мешавад. Дар кафи барги дарахтон чакраҳо медурахшанд. 
Мулло дар бари сутуни айвон рӯ ба қуллаҳои баланди кӯҳи Фарҳод муддате рост истод, ки ҳоло  борон шуста, равшан ба назар мерасиданд.     
Инак, дар ҷӯши орзуҳои нав аз гиребони фалак офтоб чашм мекушояд. Анвори зарҳалии он ба тани намкашидаи долу дарахтон, алафҳои вуҷудашон тар, лолахасакҳои сари девору сабзаҳои рӯйи боми соботу каҳдон... ҳилм мебахшанд. Аз домани боғи шукуфон ҳаври сабуке мехест.  Дар фарози осмони минуӣ пораабри акнун дилаш аз ғуборҳо холӣ ва бораш ҳам ба ҳадде сабук дар кафи боди мулоим дубора ба шино омада, шодон ба шино омада... ба вусъати самои бопаҳно мерафт. 
Қаторкӯҳҳои на аввалашон пайдову на охирашон маълум пасту баланд, каҷу килеб... хобидаанд. Дар бағали он сахраҳои мазбут ҷо-ҷо барфхонаҳо сафедӣ мекунанд. Сукути  азалан мармузи он бораи яклухт ҳоло аҷаб ҳавлангез метофт! 
Дар муҳити деҳа бӯйи замини нам, накҳати ҷумла мавҷудоти номаш зинда ба сайр омада,  нафаси кӯҳҳои басалобати абадан мағрур низ ҳоло дар оғози субҳи солеҳон мулоим аст. Аз бағали арчазорон насими хушу навозишгаре ҷудо шуда, то остони аҳли русто мерасад. Ҳаво хеле сабук аст, бисёр рӯҳнавоз – ба сад дарди одамизод даво...
Аммо илло ба дарди Мулло Абдуллоҳ!
На насими атргардон, на ҳавои роҳати ҷон, на сурури саҳаргоҳон... ин дам хотири ошуфтаи ӯро марҳам намегаштанд. Худоё, ду рӯз аст, ки ҳолаш ҳамин: – як шахси азодорро мемонад! Ба андӯҳи гарон фурӯ рафта, пайваста «оҳ» мекашад, ҷойи нишаст намеёбад... «Чӣ шуд ба ӯ? Чаро нохост ором гум кард?  Магар як марди шикебое набуд? Баъзан тамкини вайро ба мушоҳида гирифта ҳамдеҳагон дар ғайбаш «тандиси воқеии сабр» мегуфтандаш.»
Ва... ғамолуда табассум кард Мулло. Табассумаш дард дошт, пайванди чандин ғуссаи номаълум буд. 
«Аҷиб, зӯр ояд дар назди андӯҳи бесару нӯг ҳар гуна шахси собир ҳам ба дод меомадааст», – аз дил гузаронд ӯ ва номи Аллоҳи карим дар забон ноаён даст ба гиребон бурд.  
Вай аз ҳаёти минбаъди худ намесӯхт. Пешомади тираашро аз хати пешонӣ медонист ва ҳозир буд, ки ин ҳамаро мардонавор тоб оварад. Аммо ҳаёти аҳли оилааш чӣ хоҳад шуд – намедонист. Балки тахмин мезад, ки ба чӣ ҳол гирифтор хоҳанд гашт ва ҳамин тахминҳо пайваста неши тари худро ба умқи ҷони ӯ фурӯ менишонданд, мағз-мағзи ҷигарашро месӯзонданд. Бале, аз зиндагии норӯшани завҷааш Бибиотуну ду фарзанди ҳанӯз навпояш – Иброҳим ва Аҳмад ба доми ғуссаҳо гирифтор буд. Мабодо саробони оиларо «Мулло будию беҳмадон будӣ!» гуфта паси панҷара баранд ва Худо нокарда, ба номаш тамғаи «душмани халқ»-ро часпонанд, бадтар аз ин бадарға кунанд... пас ҳоли бачаҳояш чӣ мешавад? Дар ин замонаи мураккаб чӣ хел сари худро бардошта мегарданд?
Вай яқин медонист: ин ғам вақте ба дӯшаш бор гардид, ки пасопеш панҷ муллои аълами деҳаро ҳабс карданд ва аҳли Бибиширин нохост панҷ пора алмоси худро бохта, гӯё батамом муфлис гаштанд... Андешаи «Акнун навбати кист?» Мулло Абдуллоҳро ноаён ба мафраши ғам кашида буд. 
«Шукр, ки боз ҳам куллан тамкини пешини худро аз даст надодааст.» 
Ва... дар бадали ин айём борҳо пиндору гуфтор, ҳам кирдори чандинсолаашро ба тарозу монда, ягон ноқисие, ё ба ном кафорате... наёфт: – ҳама дар мизони адл дуруст мехобиданд. Пас, аз ӯ ҷурме нахоҳанд ёфт; вай дар назди халқу диёр асло гунаҳкор нест... Боз Худо медонад, ки дар дили бандагони бадкирдораш чӣ афкори аъҷубае хобидааст! «Ё Аллоҳи беайб, худат мадад намо!» – гуфт нимшунаво ва ноаён даст ба гиребон бурд. 
Мулло аз қуллаҳои барфашон барҷой ғамгин нигоҳ барчида, ба осмони кунун комилан мусаффо, ки дар доманаш офтоб мисли алмоспорае медурахшид, ҳамчунон мағмум назар афканд, хотираш ҳамоно парешон боз ба хона баргашт. Дар пеши сандуқи кӯҳна дастон дар пушт муддате рост истода:
– Дигар илоҷ нест, кампир! – ниҳоят хулосаи андешаҳояшро ба Бибиотун – ҳамболини дардошнояш гуфт. Овозаш хаста, каме меларзид. – Мебараму ин хазинаро нобуд мекунам! 
– Ҳамин қадар илмро?
– Ҳоло сар амон бошад... кифоят. Он тарафаш аз хати ҷабин... 
– Чӣ бадӣ доранд ин китобҳо? Як умр ба мардум рушноӣ мебахшиданд, чароғи ақл буданд.
– Суханат рост, кампир.
– Пас чӣ ҳоҷат...
– Содаӣ ту. Гӯё гардиши айёмро намебинӣ, шояд мебинӣ, балки мефаҳмӣ ҳам. Аммо... сабук мепиндорӣ.
– Чӣ донам, шояд мисли ғубор гузараду равад.
– Намегузарад. Яқин тундбод мешавад. Як гӯшаи дилам сиёҳ.
– Худоҷон нигаҳбон бошад, – ба чеҳраи кушодаш боди хазон давида, лаб газид бонуи хонадон.
– Агар маро ба баҳонаи китобхониву китобдорӣ бибаранд...  оҳҳ-ҳ... охир, бе ман бо ин ду навгул.., – бо нигоҳ ба Иброҳими машғули бозӣ ва Аҳмади дар гаҳвора масти хоб ишора мекунад, – ту азоб мекашӣ, ҷонам. Замона нотинҷ... 
– Зор монад ҳамин замона! Аз бунаш сӯхтаву хокистар шавад! – филфавр оби дида рехт Бибиотун. – Ин чӣ бедодӣ? Номашон гум шавад! Ба сари мо балои бад шуданд! Ин чӣ...
– Оҳиста, бону! Беақлӣ макун! Аз ҳаддат нагузар, ки пушаймон мешавӣ. Охир, девор бемуш нест... – пешдаҳон дод Мулло ва ноаён бари ҷелаки худро афшонд.
Бибиотун ҳамон дам даст ба гиребон бурд ва калима гардонду оби чашмонашро бо остин пок кард. Аз дасти хаёлоти носуфта дар худ ғунча гашта, сарбанди сафеди худро ба пешонӣ фаровард ва дар ҳоле ки дарди ҷигарсӯзе аъзои вуҷудашро фишор меовард, як нӯки онро ба пушти китф гузаронд. Давлати сараш ҳанӯз дар назди сандуқи пури китоб рост меистод, шояд дудила буд ҳанӯз ва мумкин боз чӣ тадбире меандешид, ки инаш барои зан мутлақо норӯшан буд. Вай ба хаёлоти мардаш халал нарасонда, дам ба дам оҳкашон аз сандуқ китобҳоро берун оварда, пас назари суол ба шавҳар гардонд.
– Ба хӯрҷин андоз, – аз нигоҳи занаш маънӣ чида, андешманд хоҳиш кард Мулло. 
– Месӯзонед? – ҳамоно дидагонаш нам ва қалби зебояш ба нола омада, пурсид Бибиотун.
– Не. Пеши роҳ дар ягон ҷойи боғоти колхоз дафн мекунам.
Мулло Абдуллоҳ ба гуфтан ин ҳарфҳоро гуфту ба чашмони худаш низ беихтиёр нам нишаста, вазнин сар хам намуд.
– Ҳамааш мероси падаратон... Афсӯс!
– Ту ҳам ин қадар ҷигарамро пора накун, очеш. Ба ман таҳаммули ин ғам осон нест.
– Каломуллоҳро намедиҳам! Ҳофизро ҳам... – ду китобро ҷудо карда ба сина пахш намуд ва чашмони дар ҳалқаи ашкашро ба шавҳар дӯхт ӯ.
– Ихтиёрат, – аз ҷасорати ин гоҳ дар дили завҷааш баҷӯшомада, қадре болида, аммо дар назди китобҳои умре ҷамъовардааш худро гунаҳкор, балки дар радифи як шахси қотил тасаввур карда, бори шонаҳояш гаронтар шуданд. Вай хомӯш боз аз дар берун баромад. 
 “Хайр, инсофашонро гург нахӯрдагист!” – гаронбор аз дил гузаронд ӯ. – “Ба ҳамин ду китоб гап намезадагистанд.” Бо ин андешаҳо ба ҷониби оғил қадам монд. Афзорашро дуруст намуда, аз сари хар нӯхтаро афканд. Ҷонвар кайҳо обу алаф ва ҷави худро батааннӣ хӯрда, ниҳоят дар хидмати хонадон омода меистод ва бо баробари аз банд халос шудан хурсанд фириқ-фириқ бинӣ афшондаву бетоқат сумкӯбон аз оғил – ин молхонаи серрутубати бадбӯ берун баромад.

(Давом дорад).
Шариф ХАЛИЛ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: