Президенти Ӯзбекистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Озарбойҷонро таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Озарбойҷонро таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 май ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳти сарварии вазири иқтисодиёт Микаил Ҷаббаров, ки ба кишвари мо барои иштирок дар Форуми сармоягузории Тошканд омадааст, қабул кард.

Дар оғози мулоқот вазир Микоил Ҷаббаров ба роҳбари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

Масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегии Ўзбекистон ва Озарбойҷон,  инчунин вусъат додани хамкории амалӣ дар заминаи иҷрои созишҳои аз ин пеш ҳосилшуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Соли гузашта муомилоти тарафайни мол 27 фоиз, аз аввали сол боз ба 15 фоиз афзуд.

Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар саноати мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, электротехника, нассоҷӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ мешаванд.

Муҳимияти афзоиши минбаъдаи портфели лоиҳаҳо, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои Ширкати муштараки сармоягузорӣ таъкид гардид.

Ба хотири омодасозии ҳамаҷонибаи рӯзномаи иқтисодии ҷаласаҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми дуюми минтақаҳои ду кишвар баргузор мегардад.

Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ба натиҷаҳои асосии мулоқоти сеҷонибаи вазирони иқтисод ва энергетикаи Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон, ки имрӯз баргузор гардид, баҳои баланд дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: