ПАЁМИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пешвози 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғози конфронс иброз дошт, ки ин рӯзнома дар ҳаёти адабию сиёсӣ ва илмии мо нақши муҳим дорад. 


Чанде аз адибонамон кори эҷодиашонро дар он оғоз бахшидаанд. Дар таъсисёбии рӯзнома Садриддин Айнӣ, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов ва дигарон талоши зиёд кардаанд. Ҳамин тавр, 25 августи соли 1924 рӯзномаи «Овози тоҷики камбағал» таъсис ёфт.
Аз устод Айнӣ сар карда, дигар адибони зиёӣ дар он навиштаҳои худро нашр менамуданд. Ҳам барои рушди маорифу фарҳанг ва ҳам барои ташкил ёфтани ҷумҳуриамон нақши ин рӯзнома зиёд аст. Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун пешоҳанг ҳам худ дар он мақолаҳо менавишт ва ҳам дигаронро ба навиштан ташвиқ мекард. «Овози тоҷик» нахустин мактабест, ки дар он рӯзноманигорони мо тарбия ёфтаанд.
– Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чанд мақола дар бораи камина ба нашр расидаасту чандин номаамро ҳам чоп кардаанд. Соли 1995 бо академик Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Гулназар Келдӣ дар Тошканд меҳмони рӯзнома будем. Он замон сармуҳаррир Шавкат Ниёзов буданд, ки ба кори рӯзнома ҷиддӣ муносибат доштанд, – гуфт Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад.
Нависанда Мирзо Шукурзода аз он ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ дар рӯзномаи мазкур таҷрибаомӯз будааст.
Нависандаи ҳаҷвнигор Наҷмиддин Шоҳинбод аз пажӯҳишҳои суратёфта дар бораи «Овози тоҷик» ва ибтикороти минбаъда дар ин самт сухан карда, таъкид намуд:
– Дар ояндаи наздик баргузории ҳамоиши байналмилалии иттифоқҳои журналистони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст. Ва китоби муштараки донишномаи «Овози тоҷик» ба нашр мерасад. Дар вилояти Суғд ҳам ҳамоише таҳррезӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон пажӯҳишгар ва рӯзноманигор Қурбон Аламшо дар мавзӯи саҳми Шотемур дар тақвияти ин рӯзнома маводҳои нодир дарёфт кардааст, ки ба наздикӣ ба табъ мерасанд.
Профессор Мурод Муродӣ чунин изҳори назар кард:
– Дар бораи нашрияе, ки имрӯз суҳбат дорем, профессор Азимҷон Азимов рисолаи номзадӣ навишт, профессор Иброҳим Усмонов ҳамчун пажӯҳишгар корҳои зиёд ба анҷом расонд, мо ҳам як силсила мақола чоп намудем. Зеро ин нашрия барои даҳҳо рисолаи илмӣ мавод дода метавонад. Чунки инъикосгари ҳаёти мардум буда, аз таърихи тоҷикон дифоъ кардааст. Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқаюм Қурбӣ, Ҳоҷӣ Муин, Тӯрақул Зеҳнӣ, Баҳриддин Азизӣ ва чандин нафари дигар неруи худро барои чопи рӯзнома сарф намудаанд. «Овози тоҷик» модари матбуоти тоҷик аст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, рӯзноманигор Қироншоҳ Шарифзода, корманди Китобхонаи миллӣ, пажӯҳишгар Сулаймон Эрматов ва дигарон низ дар бораи рӯзномаи «Овози тоҷик» андешаҳо баён доштанд.

Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат»,
1 майи соли 2024.
Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: