ОФАРИН, ҲУМОЮНҶОН

Хонандаи синфи 11 мактаби президентии шаҳри Навоӣ Ҳумоюнҷон Ҷабборов гранти донишгоҳҳои пешқадами дунёро ба даст овард.

Ҷавони навоигӣ бо гранти стипендияи 100 фоизаи Санъат ва фан ба факултаи санъат ва илми Донишгоҳи Торонто қабул гардид.
Ҳамчунин Ҳумоюнҷон Ҷабборов ба донишгоҳҳои Kings College Longon (KCL), University of Warwick ва Uiversity College London (UCL) қабул гардидааст.
Таъкид бояд намуд, ки Донишгоҳи Торонто байни донишгоҳҳои Канада дар ҷойи аввал ва дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳо дар мақоми 21 қарор дорад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: