Дар Сурхондарё оид ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ мактаби беҳтарин муайян карда шуд

Дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 16-уми шаҳри Тирмиз давраи вилоятии озмуни «Мактаби беҳтарин доир ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ», ки барои ҷоизаи Президент гузаронда мешавад, барпо шуд.

Дар чаҳорчӯби иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи такмил додани сохтори гузарондани озмунҳои фаннӣ байни хонандагони иқтидорнок, инчунин ҷорӣ намудани сохтори муайян намудани мактаби беҳтарин доир ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ» озмунҳо ташкил карда мешаванд, ки ин ба мақсади дар мамлакат омӯзондани забонҳои хориҷиро оммавӣ гардондан ва насли наврасро ҳаматарафа баркамол тарбия намудан нигаронда шудааст. Давраи ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и озмун 26 феврал гузаронда шуда, дар он 369 мактаб иштирок карда буд. 
Ҷамоаи мактаби миёнаи рақами 74-уми ноҳияи Деҳнав ба ҷойи якум, мактаби миёнаи рақами 3-юми шаҳри Тирмиз ба ҷойи дуюм ва хонандагони мактаби ихтисосонидашудаи давлатии рақами 12-уми ноҳияи Тирмиз ба ҷойи сеюм муносиб дониста шуданд. 
Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: