ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, таъмин кардани кафолати ҳуқуқҳои кӯдак ва ташаккул додани низоми таъсирбахшии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа:

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, таъмин кардани кафолати ҳуқуқҳои кӯдак ва ташаккул додани низоми таъсирбахшии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа:
1. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 апрели соли 2019 №ҚП-4296 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд пурзӯр гардондани кафолати ҳуқуқҳои кӯдак» вазифаи муовини Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) — Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷорӣ карда шавад.
2. Вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолияти Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак инҳо муайян карда шаванд:
иштирок дар коркард ва татбиқи Стратегияи иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқҳои кӯдак;
дар байни бачаҳо ва намояндагони қонунии онҳо пеш бурдани тавзеҳот оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, тарғиби қоидаҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва фаъолияти Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак;
мусоидат дар баланд бардоштани маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак бо роҳи баррасии муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла кӯдакон ва намояндагони қонунии онҳо дар бораи поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
гузаронидани омӯзиши меъёр ва талаботи санадҳои қонунгузорӣ оид ба кафолати ҳуқуқҳои кӯдак;
амалӣ намудани мониторинг барои ба қонунгузорӣ ҷорӣ кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак, инчунин риояи ҳуқуқҳои кӯдак дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар доираи ваколатҳои худ;
мунтазам хабардор намудани ҷомеа дар бораи ҳолати риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ва ҳимояи ӯ;
мусоидат дар мутобиқсозии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, инчунин бачаҳои ятим ва бачаҳои бепарастор,  пас аз муассисаҳои таълимии кӯдаконро хатм намудани онҳо;
расондани кӯмак дар бо биноҳои истиқоматӣ дар фонди манзилии коммуналии таъиноти мақсаднок, ки ба меъёрҳои санитарӣ, техникӣ ва дигар талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ мебошанд,  таъмин намудани  ятимон ва кӯдакони бепарастори ба манзил эҳтиёҷманд, ки муассисаҳои таълимиро хатм намудаанд;
мусоидат дар такмили санадҳои қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, ворид намудани пешниҳод оид ба қабули меъёрҳое, ки таъмини манфиатҳои афзалиятноктарини кӯдак, аз он ҷумла ратификатсияи санадҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак нигаронда шудааст;
мусоидат ба такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ва ҳимояи ӯ бо роҳи додани маслиҳат, тавсияҳо ва хулосаҳо;
рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд – Вакил) ваколатҳои худро мустақилона ва новобаста аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо амалӣ менамояд.
Вакил ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад ва бе розигии палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ба ҳабс гирифта, ҳабс карда ё ки  ба ҷазои маъмурӣ, ки ба тартиби судӣ гузошта мешавад, кашида намешавад;
нисбат ба Вакил метавонад танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ кушояд;
ба маҷбуран овардан, боздоштан, ҳам тафтиши бори шахсӣ, бағоҷ, нақлиёт, биноҳои истиқоматӣ ва хизматии Вакил роҳ дода намешавад;
Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) фаъолияти Вакилро ҳамоҳанг месозад;
Вакил ҳар сол на дертар аз 15 феврали пас аз соли ҳисоботӣ ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вазъи риояи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маърӯза пешниҳод мекунад;
ҳангоми зарурати пурзӯр гардидани эътибор ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак  Вакил метавонад ба палатаҳои Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба андешидани чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва дигар маърӯзаҳои махсус тақдим намояд;
Вакил дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд намояндагии минтақавии худро дорад, ки фаъолияти худро дар асоси ҷамъиятӣ анҷом медиҳад;
лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ҳатман бо Вакил ҳамоҳанг карда мешаванд.
4. Ба Вакил оид ба иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқҳои зерин дода шавад:
талаб кардан аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ маълумот ва маводҳои оморӣ, таҳлилӣ ва дигар;
бо тартиби муқарраргардида истифода бурдан аз махзани маълумотҳои мақомоти давлатӣ;
якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, шахсони мансабдор ва намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хабарҳо оид ба вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро тафтиш кунанд;
ба баррасии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон масъалаҳоро мувофиқи қонун ворид намояд;
дар маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок кунад ва мавқеи худро вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишавандаи суд баён намояд;
дар доираи мониторинги вазъ ва баррасии муроҷиатҳо дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба вайрон кардани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдакон, ҳаллу фасл кардани сабабҳо ва шартҳое, ки ба онҳо мусоидат мекунанд, тақдимоти баррасиашон ҳатмиро пешниҳод кунад;
ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар амалҳояшон вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои кӯдак  ошкор шудаанд, ариза тақдим намояд;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба суд бо аризаю даъвоҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдак муроҷиат намояд;
шахсан ё тавассути намояндаи худ дар ҳолатҳо ва шаклҳои муқаррарнамудаи қонун ба мақсади ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайроншудаи кӯдак дар мурофиаи судӣ иштирок кунад;
дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдак пурсишҳо гузаронад, маълумоти оморӣ ҷамъ оварад ва махзани маълумот оид ба татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакро ташаккул диҳад;
дар таҳияи барномаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи кӯдак ширкат варзад, семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак ташкил кунад;
бо тартиби муқарраргардида, аз ҷумла дар асоси шартнома барои амалӣ намудани корҳои экспертӣ ва илмию таҳлилӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкилотҳои илмӣ ва дигар, инчунин олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
ба муассисаҳо ва хидматҳо ва мақомоти ба нигоҳубин ва ҳифзи кӯдакон масъул, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазо мунтазам ва бемамониат ташриф орад;
ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, омбудсманҳои дигар давлатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки шаҳрванди Ӯзбекистон аст ва дар ҳудуди давлати хориҷӣ қарор дорад, тибқи созишномаҳо ва шартномаҳои дигар оид ба кӯмаки мутақобилаи ҳуқуқӣ дархостҳо ирсол намояд;
робитаҳо барқарор кунад ва ба узвияти ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, дар доираи салоҳияти худ бо омбудсманҳои давлатҳои дигар ҳамкорӣ кунад;
бо институтҳои миллӣ ва ташкилотҳои дигари оиди ҳуқуқи инсон меморандумҳо, созишномаҳои ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расонад, барномаву лоиҳаҳои муштарак амалӣ созад, инчунин ба таври мунтазам дар форумҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи кӯдак иштирок кунад.
5. Ба мақсади пеш бурдани мониторинги риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак дар назди Вакили Шӯрои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (минбаъд – Шӯро) таъсис дода шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии Шӯро муайян карда шаванд:
мусоидат дар коркард ва татбиқи механизмҳои самарабахши татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии дигар дар соҳаи таъмини  ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
коркарди пешниҳодҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ дар системаи ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
таҳияи пешниҳод оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;
хабардорсозии ҷомеа аз вазъи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ва фаъолияти Вакил.
Муақаррар карда шавад, ки ба ҳайати Шӯро шаҳрвандони бонуфуз, олимон, коршиносон, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии дигар дохил карда шаванд.
6. Ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати се моҳ коркарди барномаи чораҳои маҷмӯӣ оид ба минбаъд пурзӯр гардондани ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак тавсия дода шавад.
7. Ба Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) якҷоя бо  вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати се моҳ:
бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ, таъмин кардани коркард ва ба тартиби муқарраргардида ворид намудани лоиҳаи қонун, ки ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман)», ки аз қарори мазкур бармеояд, пешбинӣ менамояд;
бо тартиби муқарраргардида ворид намудани лоиҳаи қонун, ки дохил намудани тағйиротро ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” доир ба ҳамроҳ кардани Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) ва Вакил ба  Рӯйхати мукаммали шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд, пешбинӣ мекунад, тавсия дода шавад.
8. Вакил ба муҳлати то 1 ноябри соли 2020 оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва такмили соҳа дар асоси омӯзиши танқидии вазъ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак пешниҳод тақдим намояд.
9. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба Котиботи Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) ҷудо кардани бинои (манзил) алоҳидаи дорои шароити зарурӣ чораҳо андешад.
10. Котиботи Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) ба рӯйхати созмонҳои ирсоли ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарорҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фармон, қарор ва фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарор ва фармоишҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва маҷмӯаҳои расмии омории вазорату идораҳо, аз ҷумла шаклҳои электронии онҳо дохил карда шавад.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш. Низомиддинов гузошта шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон        Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
29 майи соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: