УСТОДИ МАКТАБИ РАҚСИ БАЛЕТ

Галия Измайлова аз даме, ки ақли худро шинохт, ба санъат меҳр монд.

Ин меҳр то вопасин дамҳои ҳаёташ қалби ӯро тарк нанамуд. Ба аксарияти солхӯрдаҳо, ки мадор гум мекунанд, шинухез осон нест. Вале Галияхонум дар дамҳое ҳам, ки пирӣ азият медод, ҳаёти худро бе олами санъат, бе театр, хусусан Театри калони ба номи А. Навоӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар он фаъолият кардааст,  тасаввур намесохт ва ба камқувватию носолимӣ нигоҳ накарда, ба чорабиниҳое, ки таклиф мекарданд, мерафт, баромадҳо менамуд. 
Худ гувоҳ шудаам, чӣ тавр аз истгоҳи назди бозори Олой ба автобуси рақами 67 бо чӣ сахтиҳо (моҳҳои охири ҳаёташ будааст), баромад. «67», ки аз назди театри қадрдонаш мегузарад, роҳашро наздик кард. Намешуд мошине фиристанд, ба худ фикр мекардам. Балки худи ӯ намехост «мошин овора кунанд».
Бист сол қабл аз ин 80-солагии ин ситораи тобноки санъати диёр тантанавор қайд карда шуд. Ҷашнгоҳ – ҳамон театри калон, ки бо сарҷамъсозии одамони зиёд мисле шукӯҳи дигар касб намуда буд. Табрикномаи аввалин роҳбари давлати мо садо дод. Мушовири давлатии Президент Хайриддин Султонов баъди қироати он ба соҳибҷашн ордени «Меҳнат шуҳрати»-ро супурд. Гулҳои тару тоза, суханҳои самимӣ дар ҳақи балеринаи номвар, ки аз дил мебаромаданд, ба вай тақдим гаштанд. Таъкид ёфт ин гуна истеъдодҳои нодир на ҳама вақт осон пайдо шуда ва маданияту санъати халқи худро ба дараҷаҳои баланд бароварда, ба эҳтироми халқ ва эътирофи умум сазовор мегарданд.
Воқеан Галия Измайлова дар давоми фаъолияти дурудароз ва самараноки эҷодиаш ба равнақи санъати ӯзбек саҳми муносиб ҳамроҳ кард. Тавре донишмандони соҳа қайд кардаанд, вай дар се соҳаи хореография: санъати балет, рақси миллӣ ва риштаи балетмейстерӣ мустақилона эҷод намуд ва ба комёбиҳои калон ноил гашт. Дар ин се самт мактаби ба худ хос офарид. Мегӯянд, ин дар ҳаёти як шахс ва эҷоди ӯ ҳодисаест нодир.
Ҳанӯз асное дар омӯзишгоҳи хореографӣ таҳсил мекард, бо истеъдоди табииаш эътибори устодони худро ҷалб намуд. Он вақтҳо дар ин боргоҳи ҳунар устодони бомаҳорат, ки дар тамоми иттифоқ чун фидоии санъат машҳур буданд, фаъолият мебурданд. Яке аз онҳо Е.К. Обухова ба шумор мерафт, ки ситораи санъати балети рус ҳисоб меёфт, солисти театри Петербург буду ҷавонони таълими ӯро гирифта худро хушбахт ҳис мекарданд. Устодони мафтункори санъати рақси худӣ Тамарахонум ва Мукаррама Турғунбоева низ Галия Измайловаро аз сабақҳои худ баҳраманд гардондаанд.
Бо даъвати сарбалетмейстери Театри калони ба номи А. Навоӣ, вакили шинохтаи санъати балет П. Иоркин баъди хатми омӯзишгоҳ Измайлова ба ин даргоҳ омад. Нозукиҳои санъати балетро боз ҳам комилтар омӯхт. Бо меҳнати пайиҳам ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ба зинаҳои баланди маҳорат қадам гузошт. Эҷод ва мазмуни ҳаёташро ба Театри калон бахшид ва дар давоми фаъолияти пурсамар дар ин боргоҳи ҳунар дар бештар аз чиҳил балети классикиву миллӣ партияҳои ҷолиб офарид. 
Ӯ чун раққоса ба техникаи рақс аҳамияти аввалиндараҷа медод, баҳри дарёб сохтани ҷиҳатҳои нозуки рӯҳияти инсон саъй менигаронд, бо ҳаракатҳои пластикии санъаткорона эҳсосу идроки ҳаяҷономези тамошобинро ба ҷунбиш меовард.
Асное партияҳоро ба маром расонда иҷро мекард, баркамолии бадеиву техникии ӯ равшан ба назар мерасид. Бинанда паҳлуҳои тозаи истеъдодашро кашф менамуд. Донишманди маъруфи соҳаи санъат, академик М. Раҳмонов қайд карда буд, ин балеринаи номвар зебоиҳои ҳаётро тараннум месохт, дар кулли образҳое, ки офаридааст, фалсафаи ҳаёт ба ҷилва меомад. 
Галия Измайловаи нотакрорро мо нафақат ҳамчун балерина, балки ба сифати коргардони моҳир низ мешиносем. Вай баробари раққосаи касбӣ будан, гуфтанием, коргардони профессионалӣ буда, факултаи режиссёрии Институти давлатии санъати Тошкандро ба итмом расондааст. Ҳамчун коргардон-балейтмейстер «Кӯли қувон», «Орзу», «Таронаи Кашмир», «Шаҳризод», «Тумори ишқ», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Болеро» барин балетҳоро устодона ба саҳна гузоштааст. Тамошобинҳо ва мутахассисон ба ин гуна  спектаклҳои ҷолиб баҳои баланд додаанд. «Тумори ишқ» ба гирифтани Мукофоти давлатии ба номи Ҳамза сазовор шудааст. Худи ӯ дар спектакле, ки гузоштааст, партияи асосиро ба иҷро расондааст. 
Дар барномаи калони консертие, ки омода месохт, силсилаи рақсу суруди як қатор халқҳои ҷаҳон ҷой гирифта буданд. Хусусан ба рақсҳои мафтункори халқҳои Шарқ дилбастагии хос дошт. Вақте бо сафарҳои ҳунарӣ рӯ ба хориҷ овард, дар баробари нишон додани санъати рақси мо саъй мекард ҳеҷ не ягон рақси халқи он мамлакатро омӯзад. 
Вақте Г. Измайлова «Лазгии Хоразм», «Духтари пахтакор» ва дигар рақсҳои миллиро иҷро мекард, кас хаёл намекард, ки ӯ тотордухтар аст. Дар иҷрои рақсҳои ӯзбекӣ, назар ба фикри санъатшиносҳо, вай шаклу услуби тозаи ҳаракатҳои нафисро кашф намуд. 
Хеле камшумор чеҳраҳои ҳунар ба дараҷаи санъаткори ҷаҳонӣ баромадаанд. Ҷаҳон ба санъати волояш баҳои сазовор додааст. Соли 1959 вақте ба ИМА сафари ҳунарӣ дошт, барномаи консертиаш Лос-Анҷелосро бапо хезонд, дар бюллетенҳое, ки Ню-Йорк баровард, мафтункории ӯ эътироф гашт. Соли 1972 дар Фаронса ҷашнвораи рақси ҷаҳонӣ рӯйи кор омад. Рақси «Бухоро» ва «Сюитаи Хоразм»  тамошобинҳоро бештар тасхир намуд. Матбуоти Париж навишт: «Он рақсҳо ба дараҷаи ҳайратангез серҷозибаанд». Ба раққосаи мо медале доданд, ки дар он манораи Эйфел тасвир ёфта буд. 
Ҷамъи нақшҳое, ки дар спектаклҳо иҷро кардааст, 45-то. Ҳамчун балетмейстер 30 намоишро ба саҳна гузоштааст. Ин рақамҳо низ ба заҳмати зиёди Галияхонум дар арсаи ҳунар гувоҳ.
Дар нӯҳсолиаш аз Томск (зодгоҳаш) ба Тошканд омада буд. Ба ин дучори табъидшавии падараш Боязид ва ба парокандагӣ дучороии оилаашон сабаб гардид. 
Дар яке аз чорабиниҳои мактабӣ Галия хеле зебо рақс кард. Тамарахонум дар консерт ҳузур дошт. Галияро таҳи қаноташ гирифт. 
Оромгоҳи Галия Измайлова, ки соли 2010 дунёи фониро падруд гуфт, дар қабристони Чиғатойи пойтахт мебошад. Наберааш Мария алъон дар Тошканд чароғи ӯро фурӯзон медорад.

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: