ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!

Бо оғоз шудани соли таҳсили нав дабистонҳои таълими умумӣ донишандӯзони синну соли гуногунро боз ба бар гирифтанд.

Бо оғоз шудани соли таҳсили нав дабистонҳои таълими умумӣ донишандӯзони синну соли гуногунро боз ба бар гирифтанд. Биноҳои таълимӣ баъди таъмир намуди дилкаш ба худ гирифтаанд. Айни замон синфхонаҳое мавҷуд бинобар нигоҳубини хуб тавре ба назар мерасанд, ки ҳамин ҳоло аз таъмир баромадаанд. Сару либос, ҷузвдону ашёҳои хониш нав, рӯҳият – идона, эҳсоси хуши ба пазмонӣ монанд дар қалбҳо бедор. Ҳама якдигарро ба муносибати оғози соли хониш муборакбод менамоянд.
Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак.
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Инак, дар қатори мактабиён  821 нафар толибилмони дабистони мо соли хониши нави 2021-2022-ро бо рӯҳбаландӣ оғоз намуданд. Ба онҳо 52 нафар муаллимон аз фанҳои гуногун таълим медиҳанд, ки дар байнашон чаҳор нафар «Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон» ҳастанд.
Соли хонише, ки сипарӣ гашт, барои ҷамоаи меҳнатии мо то андозае соли лабрез аз муваффақиятҳо буд. Мактабамон аз рӯи панҷ номгӯ (иқтидори зеҳнии донишандӯзон, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, дохил шудани хатмкардагон ба муассисаҳои таълими олӣ, давомоти хонандагон ва чорабиниҳои берун азсинфию беруназмактабӣ) дар рейтинги ноҳиявӣ ғолибият ба даст овард.
Дар роҳи ба зинаҳои баланди таълимӣ баровардани хонандагон муаллимони фидоию ташаббускор аз ҷумлаи  Эркиной Султонова ва Санҷар Ҳисомов (забон ва адабиёти тоҷик), Абдухалил Холбоев (забони англисӣ), Шоҳид Мухторов (математика), Шоҳсанам Ҷонибекова (кимё), Гулбаҳор Шодиева ва  Нодира Мирзоева (синфҳои ибтидоӣ), Содир Муродов (забони русӣ) аз таҳти дил ҳаракат мекунанд. Панҷ нафар омӯзгоронамон дорои тоифаи олианд.
Аз сентябри соли 2020 дабистони мо ба соҳаи технологияи иттилоотӣ махсусонида шуд. Омӯзгори хушсалиқа Ҷ. Насриддинов  устоди касби хеш буда, нозукиҳои кор бо компутер ва дигар навъҳои воситаҳои техникии таълимро ба хонандагон меомӯзонад. Толибилмони мо амиқ дарк кардаанд бе комёбиҳои технологияи иттилоотӣ илму таълими замонавиро ривоҷ бахшидан имконнопазир аст. Гузаштанамон ба баҳогузории электронӣ аз рӯи сайти «Kundalik.com», татбиқи сохтори байналхалқии баҳогузорӣ натиҷаҳои хуб мебахшад.  
Корҳои иттиҳодияи методӣ аз рӯи ҳамаи фанҳо  дар вақташ мегузаранд. Дар ҷамъомадҳои он асосан савияи дарсҳои кушод, ки мувофиқи график гузаронда мешаванд, мавриди муҳокима қарор мегиранд. Муаллимоне, ки дарсҳои хушсифати кушод ташкил намуда ва дар ҳар ҷабҳа ба дигарон намунаанд, бо мукофот ва иловапулиҳо рағбатманд карда мешаванд.
Аз рӯи панҷ ташаббусе, ки роҳбари давлати мо пеш гузоштааст, дар мактаби мо маҷмӯи корҳо самаранок пеш бурда мешаванд. Ба корҳои берун аз синфию беруназмактабӣ, ки муттасил мегузаранд, омӯзгори тоифаи олӣ Ҳасанҷон Ҳасанов роҳбарӣ менамояд.Бо ташаббуси китобдор ва омӯзгорони пешқадами забон ва адабиёти мактаб дар соли хониши сипаришуда ёдбуди чанд адибони тоҷик ва ӯзбекро гузаронидем. Аз чорабинии фарҳангӣ-маънавие, ки таҳти мавзӯи «Аҷдоди бузургамон – барои мо ибрат»  сурат гирифт, ҳозирин таассуроти хуб бардоштанд. Дар он хидматчиёни қисми ҳарбии 92-08 низ иштирок намуданд. Аз ҷониби аскарон ва хонандагони синфҳои болоии мактаб машқҳои ҳарбӣ ва ҷисмонӣ намоиш дода шуданд.
Дар соли хониши нав ният дорем ин гуна чорабиниҳоро бо савияи баландтар ташкил намоем, бо шахсиятҳои номдор ва пешқадамони истеҳсолот вохӯриҳо гузаронем, экскурсияҳои таълимӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ  мазмуни тоза касб намоянд.
Вазифаи асосии мо – додани тарбияи хуб ва мусаллаҳсозии толибилмонамон бо асосҳои дониши замонавӣ. Имсол 9 нафар хатмкардагонамон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шуданд. Омӯзгороне, ки бо маълумоти миёнаи махсус кор мекарданд, ҳама  ба шуъбаҳои ғоибонаи даргоҳҳои таълими олӣ  дохил шуданд. Бо соҳиби диплом шудани онҳо ҷамоаи меҳнатиамонро пурра маълумоти олидорҳо ташкил хоҳанд намуд.
Як норасоӣ ҳаст дар мо, он ҳам бошад, вуҷуд надоштани толори варзишии замонавӣ. Дар ин хусус ба идораҳои дахлдор маълум кардаем. Ин масъала зудтар ҳалли худ меёфт, нур болои нур мегашт.

Ф. МИРЗОЕВ, 
директори мактаби миёнаи рақами 2-юми ноҳияи Сӯх.

САЛОМ, МАКТАБ!
Чун ҳамасола пас аз ҷашни аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз - Истиқлолияти давлатии мамлакат 6 сентябр дар тамоми мактабҳои таълими ҳамагониву миёнаи махсус ва олии кишвар соли хониши  нави 2021-2022 оғоз ёфт. Он рӯз хонандагон ва донишҷӯён боз ба дидори ҳамдигар расиданд ва бо мақсадҳои нек дастҷамъона соли нави хонишро оғоз карданд.
 Хурсандии наврасоне, ки қадами аввалини худро ба синфи 1-ум гузоштанд, ҳадду канор надошт. Чунин хурсандиро дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 34-уми деҳаи тоҷикнишини Сентоби ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё низ мушоҳида кардан мумкин буд. Дар ҳавлии мактаб хонандагон ва омӯзгорони дабистон ҷамъ омадаанд. Пас аз суханронӣ ва табрикоти омӯзгорону  роҳбарияти мактаб аз ҷониби хонандагони синфи 1-ум «занги аввал» садо дод. Истиқлолият, сулҳ, осоишу оромӣ, Ватан ва ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои асосии дарси аввал буд.
– Дар соли нави хониш 38 нафар хонанда ба синфи 1-ум қабул гардид. Ба онҳо аз ҷониби шӯъбаи таълими халқи ноҳия тӯҳфаи Президент супорида шуд. Дарвоқеъ, солӣ ҷорӣ аз 37 нафар довталабони мактаб 7 нафар хонанда ба донишкадаҳои мамлакат дохил шуданд, – гуфт ҷонишини директор доир ба корҳои маънавию маърифатии мактаб Олим Худойбердиев. – Соли хониши 2021-2022 дар мактаби мо ҷамъ 497 нафар хонанда таҳсил мегиранд, ба онҳо 78 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Фикр мекунам, соли хониши ҷорӣ низ мувофиқи нақша идома хоҳад кард.
Дар замони тараққиёти илму техника мувофиқи барномаҳои такмилёфтаи хониш ба насли наврас таълиму тарбия додан, тайёр намудани кадрҳои соҳибмалака аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин дар ҷумҳурӣ дар ҷараёни таълиму тарбия ба татбиқ намудани материалҳои мултимедӣ ва технологияи навтарини ахбор, нав кардани мазмуни таълим ва барномаҳои хониш, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон  ва ғайра эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бобат қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим» ва «Дар бораи Барномаи миллии тайёр кардани кадрҳо» нақши алоҳида мебозанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».  
Вилояти СИРДАРЁ

СОЛИ ХОНИШИ НАВ ОҒОЗ ЁФТ
Масъалаи куллан такмил додани низоми таълим дар ҳаёти имрӯзаи мо, ки торафт рӯ ба беҳбудӣ меоварад, мавқеи асосиро ишғол менамояд. Ба қавли роҳбари давлат Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад. 
6-уми сентябр. Субҳи содиқ бачаҳо – хурду калон ба мактаби азизашон, ки дербоз онҳоро интизор буд, шитофтанд...
– Ин манзараро дида, беихтиёр солҳои мактабхониам ба ёд омад. Солҳои мактабхонии мо ба солҳои 80-уми асри сипаригардида рост меояд. 10-15 рӯз пеш аз оғози таҳсил анҷомҳои хонишро омода мекардем. Падару модар либосу ҷиҳози мактабии моро аз назар мегузаронданд. Либосҳоямон нав набошад ҳам, шуста, дарзмол карда бо руҳи болида роҳи мактабро пеш мегирифтем. Дар як оила, ки то 6-7 нафар мактабхон дошт, либосу пойафзор ва дигар ҷиҳозҳои хонишро баҳам медиданд. Он рӯзгор дар мактабҳои деҳоти кӯҳистони мо на синфхона мерасиду на мизу парта. Дар сардии зимистон дар гирди печка ҷамъ шуда, дастҳоямонро гарм мекардем. 
Ҳоло шароити имрӯзаи масканҳои таълимиро дида ҳаваси кас меояд. Имрӯз барои таҳсили хонандагон мактабҳои замонавӣ, синфхонаҳои васеъу равшан, майдончаҳои варзишӣ, хонаҳои алоҳидаи фаннӣ ва ғайра омода ҳастанд,– гуфт ҳангоми суҳбат тарғибгари масъалаҳои иҷтимоӣ ва мадании мактаби миёнаи рақами 30-юми ноҳияи Нурато Дилмурод Қӯзиев.
Аз ҳама муҳимаш, ислоҳоти таълим дар мамлакат бо ба инобат гирифтани фикри падару модар, омӯзгорон ва ҷомеаи васеъ бурда мешавад. Ҳатто дар шароити вазнини пандемия низ таҳсили хонандагон идома ёфт. Имконияти писарону духтаронро ба инобат гирифта, таълими масофавӣ ба роҳ монда шуд. Дар давраи мураккаб низ роҳбари давлат ба барпо намудани масканҳои нави таълим, аз нав таъмир намудани онҳо, дастгирии оилаҳои серфарзанд, кӯмак расонидан ба оилаҳои эҳтиёҷманд эътибори алоҳида нигаронд. Корҳои маънавию маърифатиро пурзӯр намуд, ҳамкории маҳалла ва мактабро мустаҳкам намуд. 
Бино ба маълумоти Вазорати таълими халқ акнун дар ҳамаи мактабҳои таълими умумӣ барои синфҳои 1-6 дарсҳои ибтидоии фанҳои табиӣ: кимиё, география, биология ва физика ба роҳ монда мешавад. Аз оғози соли хониши нави 2021-2022 дар мактабҳо дарси фанҳои табиии номбурда барои синфҳои 1-2 ҷорӣ карда шуд. 
– Занги аввалро ҷамоаи мактаби мо низ бо хушнудӣ пешвоз гирифт. Дар чорабинӣ падару модарон, фидоиёни соҳаи таълим, фаъолони маҳалла иштирок карданд. Ҳамон рӯз таҳти шиори “Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем” дарси аввал – “Дарси Истиқлолият” гузаронда шуд. Хонандагони мактаби мо соли нави хонишро дар синфхонаҳои навтаъмир, васеъ ва равшан бо руҳияти тоза оғоз намуданд. Имсол аз мактаби мо якчанд нафар ба донишкадаву донишгоҳҳо дар асоси гранти давлатӣ ва шартномавӣ дохил шуданд, ки ин аз таълими босифат, омӯзгорони ботаҷриба  ва хонандаи азхудкуниаш баланд дарак медиҳад,– мегӯяд директори мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нурато Нурулло Солиҳов.– Боиси хурсандист, ки аксарияти дохилшудагон духтарон мебошанд, ки ин, албатта, фахри мактабу деҳаи дурдасти мо мебошад.
Дарҳақиқат, дар Ӯзбекистони нав озод ва фаровон ҳаёт ба сар бурдан ба маънавият, маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва тарбияи хуб, таҷрибаи баланди устодони фидоӣ, ба эътибор ва ғамхории волидон ва азхудкунии дониши хонандагон вобаста аст.
Дар ҳамаи мактабҳо чун анъана ба хонандагони синфи 1-ум “Туҳфаи Президент” иборат аз анҷомҳои хониш супурда шуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.   
           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: