ТАЛАБОТИ ҶАҲОНИ МУОСИР – ТАРАННУМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМГАРОӢ

Дар раванди ҷаҳонишавии нав, бархурди тамаддунҳо ва асри иттилоот васоити ахбори оммаи электронӣ, аз қабили телевизион, радио, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мақом ва манзалати хосаеро дар тарғиби дӯстиву рафоқат, иттиҳоду ҳамбастагӣ, мубориза бо иллатҳои гуногуни ҷомеа ишғол менамоянд.

Барои ҳар як давлату миллат таъмини суботи сиёсӣ вазифаи аввалиндараҷа шумурда мешавад. Чунки таъмини амнияти иттилоотӣ, бехатарии ҷомеа кафили боэътимоди рушди ҳар мамлакат ва тамоми соҳаҳои  он мебошад. 
Дар кишвари мо низ аз тарафи роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ВАО ҳамеша басо муҳим арзёбӣ мегардад ва таъкид мешавад, ки дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ – шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд. Пешрафти рӯзафзуни технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза баёнгари он аст, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотист, балки бо истифода аз он амнияти иттилоотии кишвар низ таъмин карда хоҳад шуд.
Ҷомеаи иттилоотӣ ҷомеаи насли нав аст. Барои ҳамин фаромӯш набояд кард, ки дар солҳои касби истиқлол фазои иттилоотӣ ба равандҳои ҷаҳонишавии он мутобиқ гардида, дигаргуниҳои тозаеро дар барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ рӯи кор оварданд. Ба таври мисол, имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз тариқи моҳвора дар фазои иттилоотии ҷаҳон пахш мешаванд ва имкони тамошои он дар саросари олам имконпазир аст. Аз нуқтаи назари мазмуну муҳтаво низ барномаҳо мавқеи хосаро касб кардаанд. 
Намунаи ин гуфтаҳоро метавон аз тариқи мисол дар барномаи таҳлилию сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” мушоҳида намуд, ки тайи 11 сол ҳар ҳафта дар шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” пахш мегардад. Муаллифон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар барномаи он қобили тамошо қарор гирад. Барои ҳамин аллакай  дар саросари ҷумҳуриамон ва хориҷ аз он тамошобин ва мухлиси худро ин барнома пайдо кардааст. 
Оре, пахши чунин барнома дар фазои иттилооти кишвар ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ ва тарғиби ғояҳои миллӣ басо муҳим мебошад. Барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» кишвари моро ба ҷаҳону ҷаҳонро ба мо мепайвандад. Ногуфта намонад, ки муҳтавои барномаи мазкур фарогири ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, пешгирии терроризму ифротгароӣ, тарғиби сулҳу дӯстӣ дар байни кишварҳои минтақа ва саросари ҷаҳон,  инсондӯстӣ, ташвиқи ғояҳои миллӣ, таҳлили вазъи сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон мебошад.
Ҳадаф, мазмуну мундариҷа, муҳтавои барномаи таҳлилию сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ҳамзамон тарғиби инсоният ва ифшои қудрати фитрии инсонҳо барои таъмини зиндагӣ ва таомули дӯстиву бародарӣ дар саросари сайёра, новобаста аз нажоду забон, фарҳангу тамаддун, эътиқоду бовар ва ҷуғрофиёву макон мебошад. Дарвоқеъ, амалан дунё дар партави ҷаҳонишавӣ ба як деҳкадаи бемарзу бум табдил ёфтааст, ҳатто марзҳои сиёсии давлатҳо дигар чандон аҳамият надоранд. Ин гуна намунаҳоро дар мисоли Иттиҳоди Аврупо дидан мумкин аст. Ба таъбири дигар, инсоният амалан нишон медиҳад, ки мешавад канори ҳам, бемухолифату зиддиятҳое зиндагӣ кард. Аз равзанаи дигар, кишварҳоеро метавон мисол овард, ки мекӯшанд дар мамолики ҷаҳони сеюм ё дар ҳоли рушд тафриқаву низоъ дар қолаби ифротгароию терроризм ва ё муноқишаҳои марзиро ба вуҷуд оранд.  
Аз муҳтавои ВАО-и ҷаҳонӣ бозтоби чунин бархурдҳои дугонаи сиёсатҳо ва таҳлили жарфои коҳиши ҳисси башардӯстӣ миёни тасмимгирандагони боиқтидори ҷаҳон қариб дида намешавад. Лозим ба ёдоварист, ки васоити ахбори омма метавонад вазъияти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, идеологию равонии ҷомеаву давлатро ба эътидол оварад, ё баръакси он, вазъиятро ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ созад. 
Доираи мавзӯъгирии барномаи таҳлилию сиёсии “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-и шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” фарох буда, дар фазои иттилоотӣ матолиби беғаразонаро инъикос менамояд, ки ба манфиати ҷомеаи башарист. Дигар аз махсусиятҳои ин барнома ба тарғиби сиёсати дохилию хориҷӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ, даъват ба иттиҳоду ҳамдилӣ, боло бурдани эҳсоси худшиносӣ дар амалу андешаи ҷавонон ва ташвиқи аудитория ба ҷаҳоншиносӣ, тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ нигаронида шудааст. Аз назари  журналистикаи муосир бо чунин дидгоҳ ворид шудан ба кори рӯзноманигорӣ падидаи нав буда, дар он омезиши журналистика бо фалсафаю сиёсат  намудор мешавад. Вале дар ин роҳ то куҷо муваффақ будану  таъсир гузоштан ба ҷомеа нуктаи муҳим мебошад. 
Кори рӯзноманигор бояд ҳамеша шаффоф ва холисона бошад. Натиҷаи фаъолияти эҷодии рӯзноманигорро бинандаю шунаванда баҳо медиҳад. Ҳамин аст, ки ин барнома ҷойгоҳ, мақом ва аҳамияти худро дар аудитория ҳамагонӣ пайдо кардааст ва ҳатто чандин рисолаи хурди илмӣ доир ба муҳтавои он аз тарафи муҳаққиқони ҷавони шохаҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа, журналистика, сотсиология ва ғайра таълиф гардидаанд. 
Ҷанбаи дигари барнома, ки аз назари мо аҳамияти  қобили мулоҳиза мебошад, хушбин будан ба оянда, мавқеи устувори шаҳрвандию касбӣ ва огоҳона амал кардан барои рушду пешрафт аст. Дар нашрҳои он рушду пешрафти ватани мо инъикос мешавад, инчунин  воқеаҳои байналмилалӣ таҳлил мегарданд.
Ҳамзамон намунаҳо ва бахшҳои зиёди барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» маҳз ба масъалаҳои экологияи Тоҷикистон, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун ва ҷуғрофияи Тоҷикистон бахшида шудаанд. Гузашта аз ин, аз сайёҳон даъват мешавад, ки ба Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздики он, аз ҷумла, Ӯзбекистони ҳамҷавор омадаву табиати зебову мафтункор, чашмасорони он, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, тарзи зиндагии мардуми гуногунмиллат ва амсоли онро бо чашмони сар бубинанд. 
Дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» манзараҳои ҷаззоби Амрико, Русия, Қувайт, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Туркия, Қазоқистон ва ғайра низ манзури тамошобинон  карда мешавад. 
Вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки шумораи чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизионӣ рӯ ба афзоиш оварда, фазои иттилоотиро беш аз пеш такмил бахшанд.
 
Сорбон АМАКОВ,
устоди ДДХ ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: