Сафири Тоҷикистон дар Намангон

Маҳз ба туфайли сиёсати оқилона, одилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя боз ҳам мустаҳкамтар шуданд.

Маҳз ба туфайли сиёсати оқилона, одилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ҳамсоя боз ҳам мустаҳкамтар шуданд. Дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик таърихи бисёрасрина дорад. Ҳоло, хушбахтона, равобити байни ин халқҳо дар ҳама соҳаҳо вусъат меёбад.

Дар ин бобат алоқаҳои вилояти Намангон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст. Ҳунарпешагони Театри драмавию мусиқии ӯзбек ба номи Шукур Бурҳонови вилояти Суғд бо ҳамкоронашон аз Театри драмавию мусиқии вилояти Намангон сафарҳои ҳунариро ба роҳ мондаанд. Футболбози тоҷикистонӣ Эҳсони Панҷшанбе дар ҳайати ҷамоаи «Навбаҳор»-и Намангон бо бозиҳои хубаш аз дили ҳаводорони футболи вилоят ҷой гирифтааст.
Ба қарибӣ ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомиро қабул кард.
– Вилояти Намангон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити хуби иқтисодӣ ва маданиро ба роҳ мондааст. Тӯли се соли гузашта дар вилоятамон бо соҳибкорони Тоҷикистон 7 корхонаи муштарак ба фаъолият шурӯъ кард. Мо дар оянда чунин ҳамкориҳоро боз ҳам вусъат медиҳем, – гуфт ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов.
– Ман бори дуюм аст, ки ба вилояти Намангон омадам. Дар ҳар сафар барои инкишоф додани алоқаҳои ду кишвари ҳамсоя саъй мекунем, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: