РОҲБАРИ ҲАҚТАЛАБ ВА АДОЛАТҶӮ

Ҳамин ки офтоби пагоҳӣ аз паси ағбаи Илонсой пайдо шуда акнун ба атроф доман паҳн мекард, хатмкунандагони мактаби рақами 19-уми деҳаи дурдасти Янгиҷой ба саҳни мактаб ҷамъ омаданд.

Он рӯз бинои таълимгоҳ ва атрофи он намуди идона дошт. Дере нагузашта анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Сарвари таълимгоҳ қабл аз он, ки ба минбар баромада «паррончак»-ҳоро табрик гӯяд, беихтиёр оҳи бадарде кашид.
Вуҷудашро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифта, гарчанд табассуми малеҳ дар чеҳрааш ҳувайдо шуд, аммо кадом як гӯшаи дилаш хира буд, ки ҳаққо ба тасвираш қалам оҷиз. Охир имрӯз шогирдонаш номаи камол гирифта бо мактаб падруд мегӯянд. 
Директор дар тӯли солҳои таҳсил онҳоро фарзандвор дӯст медошту навозишомез «писарҷону духтарҷон» мегуфт, аз рафтору гуфторашон огоҳ буд, ки ба «характер»-и эшон нигоҳ карда гап мезад.
– Азизонам, боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки дар арафаи садо додани «занги охирин» Табрикоти сарвари давлатамон ба ҳамаи хатмкунандагони мактабҳо эълон гардид, – барафзуд Дилором Фарҳодовна, – Президенти мӯҳтарами мо масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маърифат дониста, таъкид намуданд, ки бе маърифату бе дониши кофӣ ягон давлату мамлакат рушду тараққӣ нахоҳад кард. «Вақт рафт, нақд рафт» гуфтаанд бузургон. Ҷавонони мо, яъне шумоён, ки асосгузори Ӯзбекистони Нав ҳастед, барои донишомӯзӣ талош варзиданатон лозим. Фаромӯш накунед, ки дар пеш шуморо боз ҳам қуллаҳои баланд ва пурмасъулият интизор аст.
Сипас директор зери кафкӯбии ҳозирон ба ҳар як хатмкунанда номаи камол супурда, онҳоро модарвор ба оғӯш гирифт.

АНДЕШАҲО ДАР ТАНҲОӢ

Дилором Фарҳодовна баъди ба утоқи кориаш ворид шудан котиба қаҳва оварду наздаш гузошт. Вай аз он хушҳол буд, ки гарчанд таълимгоҳ аз маркази ноҳияи Самарқанд фарсахҳо дур ҷойгир аст, вале ҷамоаи омӯзгорон ва толибилмон маънавияти баланд дошта, ба қадри ҳам мактабу ҳам ҷадвали дарс мерасанд. Зеро ҳолати нохуши мактаби рақами 7-уми ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Хабари нохуши рӯзи «занги охирин» аз ҷадвали дарсро пора-пора кардани муаллимону ҷилди дафтару китобро бо по задани шогирдони таълимгоҳи мазкур аҳли маорифро ба нафрат кашид. Оё чунин шахсони аз маънавияту маърифат фарсахҳо дур метавонанд ба фарзандони халқ таълиму тарбия диҳанд?
Пас аз дар расонаҳои ахбор пайдо шудани рафтори кӯтоҳандешонаи омӯзгорони Қашқадарё ҷамоаи мактаби рақами 19-уми Янгиҷой ҷамъ омада, ҳамкасбони худро маҳкум намуданд. Охир шароити кор беҳтар гардад, маош сол то сол афзуда бошад, магар чунин рафтори ношоиста кӯрнамакӣ нест?! Чӣ ҷойи руст кардан аст, дар баъзе мактабҳо коррупсия ба тарзи туҳфагирӣ ҷараён гирифта, хонандагон бо ҳамин роҳ ба баҳои баланд соҳиб мешаванд. Аксарият муаллимон бидуни тайёрӣ ба дарс ворид шуда, ба ҷойи сабақ додан вақти хешро бо нақли саргузашт, воқеаҳои оилаи худ ва ҳатто ғайбати якдигар мегузаронанд.
Дилором Неъматова аз он хушҳол аст, ки шогирдони ӯ вақти холии худро бо корҳои деҳқонӣ, чорвопарварӣ, боғдорӣ гузаронида, бо меҳнати фоиданок қаринанд.
Воқеан падари бузургвори ӯ Фарҳод Неъматов (илоҳо, ҷояш дар ҷаннат бошад!) то лаҳзаҳои вопасини умри хеш дар фермаи чорвопарварӣ ҳамчун байтор ва сипас мудир фаъолият бурд. Фарзандонашро меҳнатдӯсту китобхон карда таълиму тарбия дод. Шояд аз ҳамин сабаб духтараш Дилором ба адабиёт дил баст. Вай пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд, ки маҳз солҳои таҳсил дар мактаби миёна бо талқини устодаш Алла Сорокина бо ҳавасу муҳаббати хосса асарҳои Александр Пушкин, Лев Толстой, Михаил Лермонтов, Иван Тургенев, Антон Чехов, Михаил Шолохов ва дигаронро пайваста хонд.  Солҳои донишҷӯӣ дар мактаби олӣ аз устодони меҳрубонаш нозукиҳои забонро бештару хубтар фаҳмид. Дипломи донишгоҳро гирифту ба мактаби рақами 19 ба кор омад. Чанд муддат аз забони русӣ сабақ дод. Баробари фаъолияти педагогӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол иштирок кард. Шояд маҳз ғайрату шуҷоат, реҷаҳои наҷиби ӯ ба ҳисоб гирифта шуд, ки роҳбарияти ноҳия Неъматоваро, пас аз ба нафақа рафтани директори мактаб, ҷонишини ӯ таъин кард. 
– Ба шумо боварӣ доштем, ки фармони мо эълон шуд, – гуфт собиқ мудири таълими халқи ноҳия Комилҷон Тоҳиров, – умед аст, ки мактаб аз сафи пешқадамон ҷой хоҳад гирифт. Агар ягон хел муаммо пайдо шавад, мо дар хидмат. 
Рости гап, ҳамон шаб Дилором аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар тоб мехӯрду хобаш намебурд –  вазифаи нав ором намегузошт.
Шавҳараш аз бедорхобӣ изтироб кашидани ҳамсарашро мушоҳидакунон дилсӯзона гуфт, ки «ҳой, очаҷони бачаҳо, ба ту директорӣ чӣ лозим-а. Магар чун дигарон шаш соат дарс дода, бо хотири ҷамъ, дили беғам хобидан нағз набуд?» «Шумо аҷиб гапҳоро мегӯед, – лабханд зад Дилором, – мақсад аз зиндагӣ ба мардум ва ҷамъият хидмат кардан аст. Шахсан барои ман меҳнат – роҳат ва бахт, сонӣ, аз ҳаракат – баракат. Падарам мегуфтанд, ки рӯсурхии одам кор аст».
Рӯзи дигар сарвари нави таълимгоҳ ҷамоаи мактаб ва фаъолони маҳалларо ҷамъ карда машварат орост, ки «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд» гуфтаанд. Дар ҷамъомад барои беҳдошти кори мактаб ҳар кӣ ҳар чӣ гуфт, Дилором ба дафтараш навишт. Қарор карда шуд, ки бинои нав лозим. Бо дастгирии ҳокимияти ноҳия, шуъбаи таълими халқ ва ҳомиёни савобталаб барои толибилмони мактаб на танҳо дар маҳаллаи Янгиҷой, инчунин гузарҳои Зафаробод, Наврӯз, Янгибоғ шуъбаҳои мактаби мазкур қад афрохтанд. Зеро фосилаҳои байни онҳо 3-4 километр буда, қитъаҳои боғу токзор, полизу обчакорӣ аз якдигар ҷудо мекард. 
Бо ташаббуси директори нав дар минтақаи дурдасти ноҳия таълими интерактивӣ ба роҳ монда шуд.
Дилором Фарҳодовна ба китобхонии шогирдон низ аҳамият медиҳад. Китобхонаи мактаб 406 аъзо дорад, ки аз сарвари таълимгоҳ то хонандагони синфҳои ибтидоӣ аъзо ҳастанд. Омӯзгорон Заррина Баротова, Кимиё Муҳиддинова, Насиба Яхшибоева, толибилмон Ҷӯрабек Ҷалилов, Фариза Комилова, Саида Турсунова, Кубарро Баҳромова ва дигарон барои гузаронидани чорабиниҳои адабӣ саҳмгузоранд.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН
Суҳбати мо бо Дилором Неъматова ба қавле зуд қаймоқ баст. Аҷибаш он буд, ки вай савол медоду мо ҷавоб медодем.
– Омадед, хуш омадед, – бо завқ хандида гуфт вай, – барои мактаб чӣ хидмат мекунед?
– Бо тавсияи мудири таълими халқи ноҳия таҷрибаи пешқадами шуморо тавассути рӯзнома паҳн мекунем, ба ҳама ҳам чунин боварӣ, эҳтиром, бахт муяссар намешавад.
– Хеле олиҷаноб, – намуди ҷиддӣ гирифт мусоҳибамон, – чанде пеш барои хариди ранг чанд мағозаи шаҳру ноҳияро давр задем. Нархи наво дар ҳар куҷо ҳар хел. Оё ин масъаларо ҳам ба рӯзнома навиштан мумкин нест?
Бояд гуфт, ки ҳангоми суҳбати озоду дилнишин ин роҳбари ҳақталаб ва адолатҷӯ бисёр муаммоҳоро ба миён гузошт, ки ҳар як журналист беихтиёр ба гирдоби андеша хоҳад афтод. 
Дилором Неъматова ҳақ аст. Афсӯс, ки баъзе шахсон ба масҷидҳо хайру эҳсон мекунанду вале барои китобхонаи мактаб ба харидани як-ду дона асари бадеӣ гӯё «раги дасташон мекашад».
Албатта, бо ин зани дидадаро, дарёдил, ботамкину дурандеш, ки фикру ёдаш бо беҳдошти таълиму тарбия банд аст, соатҳои тӯлонӣ суҳбат кардан мумкин буд, вале «ба қадри вақт бояд расид» гуфта хайру хуш намудем. Аз он хушҳол шудем, ки дар гӯшаҳои дурдасти ноҳияҳо низ машъалафрӯзони маънавияту маърифат бисёранд. Мақсаду мароми онҳо барои эҳёи Ӯзбекистони Нав бештару хубтар таълиму тарбия додани насли наврас аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: