ОҲАНРАБОИ САМАРҚАНД

Самарқанд, ки чун дурдона ва дарвозаи Шарқ маълум аст, нафақат дар Машриқзамин, балки дар тамоми дунё ҳануз дар аҳди бостон ва давраи асримиёнагӣ чун яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ эътироф ёфта, эътибори аҳли оламро ба худ мекашид.

 Нафақат бо ёдгориҳои нотакрори таърихӣ ва меъмории миллӣ, ҳамчунин бо табиат ва боду ҳавои ҷонбахш, гулгашту чаманзорҳое, ки як гӯшаи дилкаши боғи биҳиштро монанд, эътибори сайёҳу зиёратгарони дунёро ба худ мекашид. Беҳуда “Сайқали рӯйи Замин” ном нагирифтааст ин шаҳри таърихӣ, ки дар рӯзгори мо боз ҳам дилоро шуд, тозаҷавонӣ касб намуд.
Шаҳри Самарқанд аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷумҳурӣ баъди Тошканду Намангон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Наздик 600 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар охири соли 2022-юм Сарвари давлатамон таъкид намуд, шаҳри Самарқанд вақтҳои наздик аз ҳайати вилояти Самарқанд бароварда ва ба он мақоми тобеи ҷумҳурӣ дода мешавад. Алвақт танҳо шаҳри Тошканд молик ба ин гуна нуфуз аст.
Самарқандшаҳр дар баландии 720 метр аз сатҳи баҳр доман густурдааст. Маркази таърихии шаҳр – майдон ва ансамбли Регистон.
Соли 2021 шаҳр ва ёдгориҳои меъморию археологии он дар Рӯйихати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бо унвони “Самарқанд – чорроҳаи фарҳанг” номнавис гашт. 
Назар ба маълумоти ҳафриётӣ, Самарқанд дар асри ҳаштуми томилод Мароқанд ном дошт ва аз тамоми гӯшаи олам ба он равуо ба амал меомад. Шаҳри бештар аз дуҳазорсола Урупо ва Чинро дар сари Роҳи бузурги абрешим тӯли асрҳои дароз ба ҳам пайвастааст. Хусусан, дар асри чордаҳум вақте пойтахти давлати Темуриён қарор ёфт, дучанд ободу зебо ва бештар шуҳраи ҷаҳон гардид. Соли 1924 пойтахти Ӯзбекистон дар давраи шӯроҳо эълон гардидани Самарқанд низ ба ҳамаи мо маълум. Аз ҳама муҳимаш, Самарқанд аз давраи бостон яке аз пойтахтҳои илму ирфон, маданият ва маърифат дар Машриқзамин буду ҳаст.
Вақте дар Самарқанд шудед, худро беихтиёр дар оғӯши афсонаҳои қадим, эҳёву дигаргуниҳои таърихӣ ҳис менамоед. Шаҳри бостонӣ дар давраи нави таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза мисле олами зебоиро бо рангу ҷилои нотакрор ба рӯятон ҷилвагар месозад.
Чанде пеш дарак ёфта будем, ки барпо кардани Маркази сайёҳии “Роҳи бузурги абрешим” дар ин маскани таърихӣ саҳифаҳои нав боз намудааст. Бо дидан кардан аз ин маҷмуъ ва дигар гӯшаҳои дилорои шаҳр бовар кардем Самарқанди қандманд дар чаҳор-панҷ соли охир куллан дигаргун гашта, воқеан ба “Арӯси Шарқ” ва холи хуш дар рӯйи ин диёри маҳбуб қарор гирифтааст.
Байни мардуме, ки дар кӯчабоғу гузарҳои таърихии шаҳр равуо дорад, сайёҳон ва зиёратгарон низ зиёданд аз дохил ва беруни мамлакатамон. Панҷ-шаш сол пештар соле дар атрофи 50 ҳазор нафар шаҳрро саёҳат мекарданданду халос. Қабули сайёҳон ва офаридани шароит, яъни хидматрасонӣ ба онҳо муаммоҳо тавлид месохт. Вақтҳои охир муносибат ба меҳмонон, ки барои зиёрат омадаанд, куллан тағйир ёфт. Меҳмонпазирии шарқона ба ҳаёти Самарқанд мазмуни тоза бахшид.
Баробар бо маркази маъмурӣ дар тамоми вилоят ба ривоҷи саноати сайёҳӣ эътибор пурзӯр гашт. Таваҷҷуҳ ба салоҳияти сайёҳӣ ба мустаҳкамгардии пояҳои иқтисодиёт мусоидат сохт. Равнақ ёфтани индустрияи туризм инкишофи соҳаҳои сервис ва хидматрасониро ба дараҷаи нав баровард.
Назар ба маълумот, имрӯзҳо дар вилояти Самарқанд 13 навъи сайёҳӣ рӯ ба тараққист. Меҳмонон ва сайёҳу зиёратгарон дар бештар аз 60 зиёратгоҳ, 42-то объекти гастрономӣ, 14-то этнотуризм, 26 экотуризм, 16-то агротуризм, 21-то объекти сайё-ҳии тиббӣ пазируфта мешаванд. Барои онҳо кулли шароити замонавӣ офарида шудааст. Навъҳои хидматрасонӣ торафт зиёд мешавад. Тағйироти сифатӣ дар қабулу хушсифатии пазироиҳо низ ба торафт афзудани шумораи ташрифоварон ба шаҳр ва вилояти Самарқанд сабаб мегардад.
Назар ба таъкиди масъулони Шӯрои вилоятии Федератсияи иттиҳодияҳои касаба дар вилоят ба амал татбиқ намудани 365 лоиҳа дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша даромадааст, ки 5,9 триллион сӯм арзиш дорад. Бо амалӣ шудани нақшаҳо дар вақтҳои наздик бештар аз 21 ҳазор ҷойи нави корӣ офарида мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Тайлоқ сохтмони маркази логистикӣ дар авҷ аст. Конигил низ бо иншооти махсуси сайёҳӣ, ки барпо мегардад, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ хоҳад кашид.
Солҳои охир дар мамлакатамон сайёҳии миллӣ ба яке аз муҳимтарин нуқтаҳои сабзиши иқтисодӣ табдил ёфт. Дар се-чаҳор соли охир миқдори сайёҳон, ки аз Ӯзбекистон дидан кардаанд, дуюним баробар афзуд. Ба Самарқанд бошад, дар соли сипаришуда қариб 600 ҳазор нафар сайёҳон омаданд, ки намояндаи 114 давлат мебошанд. Аз ин мебарояд, назар ба ҳамин давраи соли 2021  миқдори сайёҳон чаҳор баробар афзудааст.
Пештар хориҷиён, ки бо нияти саёҳат омадаанд, ба ҳисоби миёна ду рӯз мемонданду халос. Акнун ин натиҷа 2,6 рӯзро ташкил менамояд. Маркази сайё-ҳии “Роҳи бузурги абрешим”-ро барҳақ муъҷизаи нотакрор ва яке аз гӯшаҳои серодами шаҳри бостон меҳисобанд, ки ин беҳуда нест. Маҷмуа, ки “Шаҳри абадӣ” низ унвон гирифта, дар ҳудуди васеъ ҷой гирифтааст. Меҳмонхонаҳои боҳашамату замонавӣ барои ташрифоварони хориҷиву маҳаллӣ дари худ боз кардаанд. Аз онҳо ду панҷситорадор, ду чаҳорситорадор, 4 бутик-ҳотел мебошанд. Дар этношаҳрча (“Шаҳри абадӣ”) қадам зада, худро хаёлан дар кӯчаҳои асримиёнагии шаҳри қадима тасаввур карданатон мумкин.
Дар 14 гӯшаи этношаҳрча наздик чиҳил устохонаи ҳунармандӣ бо услуби куҳан пеши назаратон намоён. Устоҳои дасташон гул бо чӯбкорию ҳунармандии амалӣ, заргарӣ, гилембофӣ, кулолгарӣ, истеҳсоли коғаз аз пӯсти тут эътибори шуморо ба худ кашида ва ҷараёни дарсҳои маҳоратро ба хотир меоранд. Кулолгарии Риштон, зардӯзии Бухоро, юртаҳои қароқалпоқ, атласи Марғилон чун дурдонаҳои санъати амалӣ ба сайёҳон тақдим мегарданд. Яъне этношаҳрча нишонаест аз ҳунарварии ба худ хоси гӯшаҳои ҷудогонаи ин диёр, ки диққатҷалбкунанда буда, бо шарофати онҳо, тавре Президент изҳор доштааст, ин гӯша дар оянда “варақаи боздид”-и тамоми Самарқанд қарор хоҳад гирифт. 
Дар маҷмӯи “Шаҳри абадӣ” айни замон галарея ва ду ресторани таомҳои миллӣ мавҷуд, ки низ мозиро ба хотир меоранд. Сарвари давлат гуфт, дар давоми панҷ соле, ки пеш истодааст, миқдори сайёҳонро аз ду миллиони ҳозира ба панҷ миллион нафар хоҳем расонд.
Алҳол дар шаҳри Самарқанд 488 меҳмонхона мавҷуд, ки ба 114 ҳазор нафар хидмат мерасонад. Танҳо дар давоми соле, ки сипарӣ гашт, бо шарофати эътибори давлат нисбати сайёҳӣ бо 4248 ҷой 32 меҳмонхонаи нав барпо ва ба истифода супурда шуд.
Аз ҷониби ташкилотҳои сайёҳие, ки дар Самарқанд фаъолият мебаранд, сохтори нақлиётие ташаккул дода шуд, ки дар як вақт метавонад ба 7200 нафар мизоҷ хидмат расонад. 114 адад автобуси замонавӣ, 136-то микроавтобус дар хидмати сайёҳон мебошад.
Самарқанд бо як қатор мамлакатҳои дунё парвозҳои бевоситаи авиатсиониро ба роҳ гузоштааст. Идораҳои сайёҳӣ роҳҳои истифода аз кулли шаклҳои хидматрасонии хушсифатро ҷустуҷӯ ва дарёб месозанд.
Як қатор маҳал ва деҳоти гирду атрофи Самарқанд бо шарофати ривоҷи сайёҳӣ симои дигар ба худ гирифта ва ҳоло нуқтаҳои аҳолинишини Терсак, Оқсой, Андоқсой ва амсоли онҳо боз ҳам серодамтар ба назар метобанд. Дар ин гуна деҳот наздик сад меҳмонхонаи оилавӣ дари худ боз кардаанд.
Корҳои сохтмоние, ки дар атрофи зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд пеш бурда мешаванд, тавре ба ин гувоҳ шудем, ба зиёрати осудаи сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни диёр ва хориҷ халал намерасонанд. Дар ин ҷо роҳи ҳавоии симӣ (дор) барпо мегардад, ки арзишаш 12 миллион доллари ИМА мебошад. Айни замон дар қаламрав бунёди маҷмӯи сайёҳӣ дар ҳудуди 8 гектар майдон ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба назар мерасад, ривоҷ додани сайёҳӣ ба ҳама дахлдор аст. Хосатан иттиҳодияҳои касаба ба ин кор бештар сарубар. Аз ҷумла, ходимоне, ки аз ҷониби корхонаву муассисаҳо таҳти шиори “Ба сартосари Ӯзбекистон саёҳат намо!” ба Самарқанди бостон фиристода мешаванд, бо як олам таассуроти нек бармегарданд. Ҳамоне, ки дилкашол ба маҳали худ баргашт, ҳис мекунад Самарқанд чун оҳанрабо боз ба ҷониби худ мекашад.    

М. ШОДИЕВ, 
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: