ИҚДОМИ НЕКИ АДЛИЯ

Ҳар сол Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар вилояти Намангон тадбири «Сайри адлия»-ро баргузор мекунад.

Ҳар сол Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар вилояти Намангон тадбири «Сайри адлия»-ро баргузор мекунад. Чанде пеш дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобури шаҳри Намангон, бахшида ба «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» тадбири «Сайри адлия» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба бо маълумотҳои ҳуқуқӣ шинос кардан ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, афзудани фаъолнокии иҷтимоии онҳо дар ҳаёти ҷомеа, шурӯъ аз таълими томактабӣ зиёд кардани маданияти ҳуқуқӣ ва ба муносибати сесолагии ба фаъолият оғоз кардани шуъбаҳои адлияи шаҳру ноҳияҳо нигаронида шуд.
Дар тадбир мудирони шуъбаҳои адлияи шаҳру ноҳияҳо, нотариусҳо, адвокатҳо, кормандони идораҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, марказҳои хидмати давлатӣ ва бонкҳо, вакилони ҷамоатҳои маҳалла ва дастгирии оила, созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, рӯҳшиносон ба ҷавонон ва аҳолӣ, инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар руйхати «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» сабт ёфтаанд, кӯмак ва маслиҳати ҳуқуқию психологӣ доданд. Ғайр аз ин ба аҳолӣ хидматҳои сайёри нотариалӣ ва давлатӣ расонида шуданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин волонтёрҳои клуби «Адолат қанотлари»-и омӯзишгоҳи ҳуқуқшиносии Намангон, Агентии оид ба корҳои ҷавонон ва фаъолони Иттифоқи ҷавонони вилоят иштирок карданд.
Бинобар иқдоми «Мо боҳамем» Садорати адлияи вилоят ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба кори хайр даст заданд. Аъзои ҷамъияти ногироҳои вилоят масолеҳи дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар кори «Сайри адлия» тарбиягирандагони хонаи меҳрубонии 26-уми шаҳри Намангон низ иштирок карда, баробари намоиши истеъдоди худ бо фаъолияти идораҳои адлия шинос шуданд. Инчунин дар байни хонандагони мактабҳои таълими умумӣ, муассисаҳои таълими миёнаи махсус ва касбу ҳунар, донишҷӯёни таълимгоҳҳои олии вилоят викторина ва санҷишҳо гузаронида шуданд, иштирокдорон дар санҷишҳо дониши худро оид ба ҳуқуқ имтиҳон карданд.
Санъаткорони садорати маданияти вилоят ва ҷавонони боистеъдод бо барномаҳои дилошӯб ба иштирокдорон шодиву сурур бахшиданд. Гурӯҳи ҷавононе, ки дар санҷишҳо ва викторинаҳо фаъолона иштирок карда натиҷаҳои хубро ба даст оварданд, аз ҷониби Садорати адлияи вилоят бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд.

Шерзод БОБОХОНОВ,
корманди масъули Садорати адлияи вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: