ФАСЛИ МӮЪҶИЗАКОР

Мардуми мо мегӯянд, ки агар зимистону тобистон сербориш ояд, ҳосил фаровон мешавад.

Дар тӯли 70 соли умри худ солҳоеро дидем, ки 1-1,5 метр барф меборид ва баъзан дар соли нав ҳаво 15-200С гарму бебарф буд. Воситаҳои ахбори омма, телевизион ва интернет дар ин мавзӯъ бисёр ҳарф мезананд. 
Аммо ман дар хусуси мӯъҷизаи фасли зимистон нақл карданиам. Булдуруқ мӯъҷизаи табиат аст, ки онро танҳо зимистон дидан мумкин аст. Миёни моҳи декабр бо сафари корӣ ба ноҳияи Чиноз рафтам. Ҳангоми шиносоӣ бо ҳаёти сокинони ноҳия ба гулкории табиат дар кӯчаҳо, дарахту панҷараҳо шоҳид шудам. Ин манзараи зебою нуқрагун маро ба ҳайрат меовард. Дар аввал фикр кардам, ки ин қироб аст, вале ба қироб монанд набуд. Ба Тошканд омада, дар ин хусус маълумот ҷамъ овардам. Шиносҳои сурхондарёиям булдуруқро ҳайвон, ҳамсояҳои қаршигиам парранда гӯён тахмин мекарданд.                                                                                                                       
Булдуруқ на ҳайвону на парранда. Ин мӯъҷизаи табиат дар фасли зимистон аст ва дар ин хусус мақоли халқии: «Як булдуруқ ба ҷойи се барф» гуфта шудааст. Ин ҳодиса дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, пас аз рафтани сардӣ, ҳангоми периферияи антисиклон ба амал меояд. Дар периферияи антисиклон баланд шудани намии ҳаво мушоҳида мешавад. Дар ин вақт аёният дар ҳаво якбора маҳдуд мешавад ва буғи об ба кристалл табдил меёбад. Инро дар физика ҳодисаи сублиматсия меноманд. Дар натиҷаи аз ҳолати буғ ба ҳолати сахт гузаштани буғи об заррачаҳо дар ҳаво кристалл шуда, зери таъсири қувваи шамоли сабук ба шохаҳои дарахтон, алафу симчӯбҳо мечаспанд.                                                                                                                                                                        Ҷиҳати фоиданоки булдуруқ хеле зиёд аст. Вай ҳашароти зараррасонро, ки дар кӯҳу биёбону боғҳо зимистонгузаронӣ мекунанд, нобуд мекунад. Дар  натиҷаи ҳамин аст, ки серию фаровонӣ ба вуҷуд меояд.                                                                                                                               
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба мавзӯи дигар ҷалб намоям. 25-30 сол пеш дар бораи паррандаи «афғон» бисёр одамон чизе намедонистанд. Пас аз он ки ин паррандагон ба кишвари мо омаданд, ба насибаи гунҷишку мусича барин паррандагони маҳаллӣ  шарик шуданд, шумораи паррандаҳои минтақаи мо хеле кам шуд. Чӣ шуд, ки давоми 3-5 соли охир паррандаҳои «афғон» кам шуда, паррандаҳои маҳаллиамон зиёд шуданд. Дар ҳоле, ки ҳама бедонаю булбул, канарейкаю тӯтиро парвариш мекунад, ман дар ҳавлии худ ба мусичаю гунҷишкҳо дон мепошам. Девори ҳавлиам лонаи онҳост. То соли охир дар ҳавлиам 6 мусича ва тақрибан 10 гунҷишк ҳамеша чир-чиру ку-кукунон мезистанд. Сардии ғайримуқаррарии имсола ба онҳо низ таъсир расонд. Инсон дар ҳар вазъият барои худ шароит муҳайё карда метавонад. Ҳайвону паррандаҳо-чӣ?                                                                                                                            
Агар имкон бошад, ба ҳавлӣ ва атрофи хонаҳои серошёна дону ғизо пошеду пораҳои нони болои дасторхонро ба паррандагон диҳед, кори хайр мекардед.

Даврон АҲМАД,
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: