ДАР БОРАИ БА ТАВРИ ШОИСТА ГУЗАРОНДАНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба бунёди Ӯзбекистони нав нигаронда шудааст, дар баробари тамоми соҳаҳо, дар ҳаёти динӣ ва маърифатии мо дигаргуниҳои азим ба амал меоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба бунёди Ӯзбекистони нав нигаронда шудааст, дар баробари тамоми соҳаҳо, дар ҳаёти динӣ ва маърифатии мо дигаргуниҳои азим ба амал меоянд. Омӯзиш ва таблиғи ғояҳои сулҳ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстии дини муқаддаси мо, мероси бойи илмии гузаштагони бузурги мо, ки дар рушди тамаддуни исломӣ саҳми бебаҳо гузоштаанд, бобати дар ин рӯҳ солиму баркамол тарбия намудани ҷавонон, алайҳи ҷаҳолат бо маърифат мубориза бурдан имкониятҳои васеъ боз мешаванд.
Хусусан, мусалмонони кишвари мо моҳи шарифи Рамазонро, ки тӯли асрҳо барои мардуми мо рамзи некӣ, меҳрубонӣ ва саховатмандӣ буд, бо шодмонӣ ва шукргузории зиёд ҷашн мегиранд.
Бо назардошти аҳамияти таҳкими минбаъдаи фазои сулҳу субот, эҳтиром ва ҳамбастагии тарафайн дар ҳаёти ҷомеаи мо, ҳифз ва рушди арзишҳои динӣ ва маънавии мардум, инчунин бо мақсади ба таври ҳамаҷониба шоиста баргузор намудани он:
1. Ахбори Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи он, ки оғози моҳи шарифи Рамазони соли 2021 ба 13 апрел рост меояд, ҳамчун маълумот қабул карда шавад.
2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин, Вазорати маҳалла ва дастгирии оила ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ бояд барои мувофиқи анъана ва арзишҳои миллӣ бо риоя намудан ба қоидаҳои карантин баргузор намудани моҳи Рамазон чораҳо андешанд.
Дар маҳалҳо ба баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботӣ, ки дар мазмуну моҳияти моҳи Рамазон таҷассум ёфта, ба гиромидошти фазилатҳои  инсондӯстӣ, тозагии маънавӣ, сабру қаноат, қадрдонии зиндагии осоишта ва ободонаи имрӯзаи мо, ба ҳамдигар некӣ кардани мардум, аҳлу ҳамҷиҳат зиндагӣ кардан даъват менамояд,  дар рӯҳи муҳаббат ба Ватан-модар, эҳтиром ба анъана ва арзишҳои азалӣ тарбия намудани насли ҷавон хидмат мекунад, диққати махсус дода шавад.
3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани рӯйдодҳои марбут ба гузарондани моҳи шарифи Рамазон тавсия дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
8 апрели соли 2021

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: