БО ДУОИ ПАДАР

Он айём қариб дар ҳама хонадони самарқандиён радиои симин вуҷуд дошт, ки мардум аз гуфторҳои он баҳра мебардоштанд.

 Боре тавассути он эълон шуд, ки барои идораи бахши тоҷикии радио диктор, яъне ровӣ лозим.
Падари бузургвори Хайринисо Валихӯҷаева – маърифатпарвар Наберахоҷаи Хилъат, ки бистарӣ буду духтари меҳрубонаш  китобҳои бадеӣ хонда медод, аз ин навид огоҳӣ ёфт ва хост духтараш дар ин соҳа бахташро санҷида бинад.
– Бачаҷон, дар урфият мегӯянд, ки «аз карнайчӣ – як пуф», – дилбардорӣ намуд падараш, – қироати ту аз сухандону сухансанҷи радиои Тоҷикистон кам не. Рафта дар озмун иштирок намо. Агар гуфторат писанд ояд, нури дида, агар маъқул накунанд, мактаби олӣ интизорат.
Он рӯз хеле довталабон ҷамъ омада буданд, ки ровӣ шаванд. Аз чӣ бошад, ки аксарияти онҳо аз микрофон ва ҳайати ҳаками озмун ҳарос доштанд магар, ҳангоми қироати матни гуногун даступо хӯрда, аз «бозӣ» мебаромаданд. 
Ба Хайринисо, ки дар назди падари маърифатпарвар китоб мехонду барои донистани маънои калимаҳои душвору бегона саъю кӯшиш ба харҷ медод, дари бахт боз гардид.
– Шумо аз имтиҳон гузаштед, – гуфт раиси идораи радиошунавоии вилоят Раҳматҷон Акрамов, – ба кор шурӯъ карданатон мумкин аст.
Рост гуфтаанд, ки бахтат ояд, фарзанди кӣ гуфта намепурсидааст. Ҳамон сол ӯ ба факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ дохил шуд. Акнун ҳам мехонду ҳам дар радио фаъолият мебурд.
– Асалдухтарам, – дилбардорӣ менамуд қиблагоҳаш, – ранҷ чу одат шуд, осудагӣ аст. Тавассути радио садоят ба гӯш мерасад, ки ман роҳат мекунам. Фақат дар ёд бояд дошт, ки сухан аз дил ояд, бувад дилпазир. «Таассуб» ба ровиёни номдор, хосатан Маҳмудҷон Воҳидов барин шахсоне кардан лозим, ки мардум аз гуфторҳои ту ғизои маънавӣ гиранд. Охир «ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд». 
Хайринисо дар вақтҳои холӣ аз барномаҳои радиои Тоҷикистон бештар баҳра бурда, истеъдоди хешро сайқал медод. Пас аз он, ки хоҳараш Зебуннисо бо амри тақдир муқими Душанбешаҳр гардид, вай чанд маротиба ба пойтахти Тоҷикистон азми сафар карда, ба идораи радиошунавонии ин кишвар омад, такмили ихтисос намуд.
Дар Самарқанд аз ровӣ ва журналистони номдор Светлана Ҳусаинова, Салим Кенҷаев, Эдуард Соколовский ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт.
Хайринисо Валихӯҷаева қариб 40 сол дар радиошунавонӣ хизмати шоиста карда, чанд маротиба бо мукофоти гуногун сарфароз гардидааст. Вале барои ӯ тайёр кардани шогирдон бахти бузург буд.
Абдурафиқ Сангинов, Ҳамза Ҷӯраев, Нигора Исломова, Собир Бурҳонов ва дигарон ба ӯ даъвои шогирдӣ доранд.
– Маҳз тавассути радио аксарияти мардуми Самарқанд маро аз наздик шинохта то ҳол эҳтиром мекунанд, – бо ифтихори хоса иброз намуд Хайринисо Валихӯҷаева, – баъзан дар кӯча ё маъракаҳо ба ман «Овозатон шинос, шумо Валихӯҷаева?!»  гӯён муроҷиат карда, таъбамро болида месозанд. Аз тақдир мамнунам, ки умри хешро ба радио бахшидаам.
– Аҷиб, бештар ба  чӣ гуна матнҳо диққати ҷиддӣ дода мехондед? – мепурсам аз ӯ.
– Он солҳо маъракаи ғунучини пахта масъалаи ҷиддӣ буд. Мардум ба маълумоти кӣ пешқадам ҳаст, диққати махсус дода, ба ахбори радиои симин гӯш ба қимор менишастанд. Шояд аз ҳамин сабаб хондани рапорти ғалаба ба ҳама, аз он ҷумла ба ман ҳаловат мебахшид. Хушбахтона бо сиёсати хирадмандона ва дурнамои сарвари давлатамон донишҷӯён, мактаббачагон, умуман мардуми Ӯзбекистон аз маъракаи пахтачинӣ халос шудаанд.
 Ҳоло Хайринисо Валихӯҷаева гашти пирӣ ронда, бо тарбияи наберагон банд аст. Беш аз даҳ нафар мағзи бодом ба бибиҷону бобоҷони дуогӯй Пӯлодхон Раҳимов олам-олам хурсандӣ меоварад.
– Гарчанде қалами ман дар идораи рӯзномаи «Гулобод тонгӣ» сайқал ёфт, – гуфт рӯзноманигор Нигора Исломова,– вале дар идораи радиошунавонии вилоят аз устод Хайринисо Валихӯҷаева бисёр хислатҳои неки инсониро омӯхтаам, ки аз ӯ сипосгузорам.
– Ҳоло ман ҳамчун муҳаррири бахши тоҷикӣ дар ширкати симо ва садои Самарқанд адои вазифа менамоям, – гуфт Собир Бурҳонов, – аммо ягон гуна муаммо пеш ояд, албатта ба устоди арҷманд Хайринисо Валихӯҷаева муроҷиат мекунам. Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик « устодам ва дигар ҳамкасбонро бо Рӯзи радио табрик карда, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Чанде пеш устоди ровиёни Самарқанд Хайринисо Валихӯҷаева аз хонаи Худо бо як олам таассуроти хотирнишон бозгашт.
Оре, ҳақ бар ҷониби шоир, ки гуфтааст:
Сухан чун баробар шавад бо хирад,
Зи гуфтор гӯянда ромиш барад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: