ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ МАНФИАТИ КОРМАНДОН

Бо ташаббуси иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаҳои соҳибкорӣ, тиҷорат ва хидматрасонии шаҳри Тошканд дар Академияи молия ба муносибати 28 апрел – Рӯзи умумҷаҳонии ҳифзи меҳнат анҷуман баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба меҳнат, ҳифзи меҳнат, дастрасии аҳолӣ ба меҳнати осоишта ва фароҳам овардани шароити корӣ барои шаҳрвандони мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар он таъкид гардид, ки иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин рӯз чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла конференсия ва вохӯриҳо гузаронида ҷиҳати беҳтар намудани шароити меҳнатии коргарон, ҷиҳозонидани коргоҳҳо бо технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва риоя кардани бехатарии меҳнат дар ҷойи кор тадбирҳо амалӣ мегардад.
Ҳифзи меҳнат дар асоси қонуни дахлдор ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ба таъмини бехатарӣ, саломатӣ ва қобилияти кории шахс дар раванди меҳнат нигаронида шудааст. 
Намояндаи ҳифзи меҳнат шахсе мебошад, ки ҳолати воқеии ҳифзи ҳар як ҷойи корро медонад. Дар мавридҳои зарурӣ ӯ мувофиқи супориши кумитаи иттифоқи касаба ё ҷамоаи меҳнатӣ ҳамчун намояндаи корхона дар кори давлатӣ, суд, ташкилотҳои ҷамиятӣ иштирок мекунад.
Ба намояндаи ҳифзи меҳнат як қатор имтиёз ва кафолатҳо дода мешаванд – дар давоми соатҳои корӣ ба ӯ барои таҳсил ва иҷрои вазифаҳои худ дар як ҳафта 2 соат вақти музднок ҷудо карда мешавад. Шахсони мансабдор барои поймол кардани ҳуқуқ ва ё монеъ шудан ба фаъолияти қонунии ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Раиси иттифоқҳои касабаи кормандони соҳа-ҳои соҳибкорӣ, тиҷорат ва хидматрасонии шаҳри Тошканд Дилфуза Исмоилова таъкид кард, ки шароити меҳнат ва муҳити корӣ барои ҳар як корманд хеле зарур буда, аз се як ҳиссаи умри кормандон дар он мегузарад. Ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: