Вазири нақлиёти Ӯзбекистон бо муовини президенти БСИО мулоқот кард

30 апрел вазири нақлиёти Ўзбекистон Илҳом Маҳкамов бо ноиби президенти Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё Константин Лимитовский мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунии лоиҳаҳое, ки дар кишвари мо бо иштироки ин бонк амалӣ мешаванд, инчунин масъалаҳои марбут ба таҳияи лоиҳаҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба таъмини татбиқи самараноки лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки сармоягузорӣ, ки  ба беҳбуди инфрасохтори нақлиёт ва роҳ нигаронда шудаанд, табодули афкор намуданд.

Константин Лимитовский таъкид кард, ки талошҳо барои гузаштан ба энергияи “сабз” дар системаи нақлиёти кишвар ба ҳадафҳои афзалиятноки имрӯзаи бонк мувофиқат мекунанд ва омодагии худро барои кор дар лоиҳаҳои нав дар ин самт изҳор намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои гузарондани ҳайати ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии шаҳрро ба намудҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза бо мақсади зиёд намудани саҳми «нақлиёти сабз» дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.

Дар чаҳорчӯби самтҳои ҳамкорӣ дар мулоқот ҷонибҳо вазифаҳоеро муайян карданд, ки дар оянда амалӣ хоҳанд шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: