ТАШАККУЛ ДОДАНИ МАДАНИЯТИ ҲУҚУҚӢ – КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ФАРОВОН

Сардоба.

Сардоба. Ин ном ба ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон ошност. Фоҷиае, ки дар ин ҷо рух дод, фаромӯшнопазир аст. Вале ин ҳодисаи фоҷиабори гӯшношунид рӯҳи халқи Ӯзбекистонро нашикаст. Ӯро боз ҳам муттаҳид, қарин ва қавирӯҳ гардонид. Мардум аз як гиребон сар бароварда, дасти ҳам гирифтанд, баҳри бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ва ободонии манзили осебдида камари ҳиммат бастанд.


Тӯли 5-6 моҳ дар ҷойи хароба шаҳраки нави Сардоба бунёд шуд. Хонаҳои серошёна, кӯчаҳои фароху равон бо гулгаштҳои шинаму хуррам, кӯдакистону муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ғайра бунёд гардиданд. Мардуми аз ҳодисаи табиӣ азияткашида бо хонаю ҷойи муносиби зиндагӣ таъмин шуд. Дӯстию рафоқат, ҳамдилию ҳамкорӣ ва дар ин замина созандагию бунёдкорӣ хоси мардуми мо буду ҳаст. Дар ҳар гуна ҳолат, новобаста ба забону нажод, дину ойин мардуми мо ҳамкор буданду ҳамнафас.
Шайх Саъдӣ фармудааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Вале гӯшт бе устухон, ё гул бе хор намешавад. Ин ҳақиқати ҳаёт аст. Дар ободонӣ ва азнавсозии шаҳраки Сардобаи нав ҳамаи аҳолии кишвар саҳм гирифт. Баъзан муфтхӯрию тамаъгарӣ, фиребу найрангбозӣ, аз худ кардани самараи меҳнати дигарон низ ба чашм расид...
Ба Тошканд мерафтам. Дар автобус бо Баҳром ном ҷавоне шинос шудам. Қароқалпоқ буд ӯ. Устои ҳунарманд будааст. Ҳангоме ки аз назди шаҳраки Сардоба мегузаштем, оҳи сарде кашида, баъд ба гуфтор омад вай:
– Ако, ман аз рӯзҳои нахустини ҳодисаи Сардоба то бунёди ана ҳамин шаҳраки зебои диданӣ бо дӯстонам дар ин ҷо меҳнат кардем. Беш аз панҷ ҳазор ҳамватанон даст ба ҳам дода оқибатҳои офати фоҷиаборро бартараф намудем. Осебдидагонро бо хонаву манзилҳои замонавӣ таъмин кардем. Рӯзро рӯз, шабро шаб нагуфтем. Ҳама имконот муҳайё буд. Мо аз ҳисоби фирмаҳо маош мегирифтем. Дар ибтидо моҳонаи хуб медоданд.
– Мардум, – суханашро идома дод Баҳром,– яъне устоён аз ҳар гӯшаю канори кишвар омада буданд. Ғайр аз ин ҳар рӯз нафарони зиёд барои кор аз тариқи автобусҳо омаду рафт доштанд. Имкон набуд бо корхонае шартномаи меҳнатӣ имзо намоем. Баъди суҳбати даҳонӣ бо роҳбари ҶММ “Табассум инвест” Исломитдин Қудратов ба кор шурӯъ намудем. Бо Шуҳрат Маталимов, Ғаюр Якубов, ҷамъ 23 нафар дар як бригада кор мекардем. Ба сифати корамон кафолат медодем. Аъзои коммисияи қабул корҳои иҷрошударо бе ягон эътироз қабул мекарданд. Камина дар мусобиқае, ки байни устоён аз андоваи девор (штукатурка) баргузор гардида буд, мақоми аввалро гирифтам. Вале сад афсӯс аз Исломитдин Қудратов маоши моҳи охирро гирифта натавонистем. Баҳона мекард, мегуфт, ки ҳоло пулро нагирифтаам. Ва бо ҳамин нопадид гардид.
Ба телефонҳои эътимоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон муроҷиат намудем. Муроҷиатҳо натиҷа надоданд...
Баҳром дар даст як бастаи мактуб дошт. Хостам бо онҳо шинос шавам. Розӣ шуд. Дар ҳамаи мактубҳои ҷавобӣ (номаҳои ҷавобии ШКД-и ноҳияи Мирзообод аз 17. 09. 2020, таҳти рақами 34/ 9824, ШКД-и ноҳияи Ҳуҷайлӣ аз 20 09. 2020, № 4/ 3257, прокуратураи ноҳияи Сардоба аз ноябри соли 2020 № 24/519м –20 ва чанди дигар) пешниҳод шуда буд, ки ба суди шаҳрвандии байниноҳиявӣ муроҷиат карда шавад. Вале коргарони ҷавони аз паси партаи мактабӣ ба ин ҷо омада, ҳаққу ҳуқуқи худро хуб намедонанд. Аз онҳо чӣ ҷойи гила, вақте роҳбари ШКД-и Мирзообод Б. Н. Шодиев дар Ӯзбекистон ноҳияи наверо бо номи Хӯҷалайлӣ ба ҷойи Хуҷайлӣ кашф кардааст.  Имрӯз дар Ӯзбекистон сохтмони биноҳои истиқоматӣ, муассисаю ташкилот бо суръат идома дорад. Он ҳамаро бинокорону устоёни гулдаст бунёд мекунанд. Маоши худро аз фирмаҳое мегиранд, ки сохтмони биноро аз тариқи тендер ба даст овардаанд. Онҳо аз қувваи коргарони мавсимӣ – мардикорон бе ҳеҷ гуна шартномаи меҳнатӣ истифода мебаранд. Аҷиб он аст, ки ба коргарон на роҳбари фирма, балки миёнаравҳо ҳамсуҳбат мешаванд ва кор мефармоянд. Устоҳо мафтуни забони ширини ӯ гашта, бе ҳеҷ гуна  шартномаи меҳнатӣ машғул ба кор мешаванд. Вале тарс доранд, оё музди меҳнаташро гирифта метавонанд? Сад андеша дар дил. Ба худ бовар надоранд. 
– Дар бартарафсозии оқибатҳои офати Сардоба беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандон ширкат намудаанд, – мегӯяд Баҳром, — 90 фоизи онҳо бе шартномаи меҳнатӣ фаъолият доштанд.
Ё худ мисоли дигар. Баҳром имрӯз бо гурӯҳи худ дар бунёди гипермаркети ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд дар мавзеи «Кати хон» фаъолияти меҳнатӣ доштааст. Он ҷо беш аз 500 нафар бинокорон – устоён кор мекунанд ва беш аз 90 фоизи онҳо шартномаи меҳнатӣ надоранд. Шартнома бо суҳбати даҳонӣ сурат мегирад. Ҳар рӯз даҳҳо нафар устоён аз Қароқалпоқистон, Сурхондарё, Қашқадарёву водии Фарғона ба ин коргоҳи боҳашам меоянд, даҳҳо нафари дигар аз дарвозаи коргоҳ берун мераванд. Онҳо ба гирифтани музди меҳнати худ бовар надоранд.
Роҳбарони фирма аз имзои шартномаи меҳнатӣ сар мекашанд, агар усто имзои шартномаи меҳнатиро талаб кунад, – шуморо чун хидматчӣ ба кор мегирем. Маошатон маълум – 1800000 сӯм, – мегӯянд.
Албатта, ҳунарманди аз он минтақаҳои дур омада, ба ин маоши ночиз розӣ намешавад. Ҳар як шаҳрванд медонад, ки ду навъи пардохти маош мавҷуд аст: вақтбайъ ва корбайъ. Устои панҷ панҷааш ҳунар ҳеҷ гоҳ вақтбайъ кор намекунад. Ӯ ҳунарманд аст. Метавонад дар як ҳафта беш аз 2000000 сӯм ба даст дарорад. Фирмаҳо дар пардохти ин гуна маош худдорӣ мекунанд. Шояд аз андози музди кори коргар, ки бояд ба хазинаи давлат пардохта мешавад, дар гурез бошанд?! Дар ҳайрат мемонад кас, чаро Кумитаи андоз ва кормандони Прокуратураи олии кишвар ба ин раванди риққатовар аз паси панҷа менигаранд?! Беш аз 80 фоизи кормандони сохтмонҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пас куҷост ҳимояи  ҳуқуқи ҷавонон аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони кишвар. Дар Ӯзбекистон ислоҳотҳои ояндасоз бо суръат амалӣ мегардад. Манфиати ҷавонон аз ҷониби давлат мунтазам ҳимоя мегардад. Оё вақти он нарасидааст, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар мавзеи сохтмонҳо рейдҳо гузаронида, манфиати коргарони ҷавон ҳимоя карда шавад, то онҳо минбаъд аз назди ин биноҳо гузашта оҳи сард накашанд. Мо давлати ҳуқуқбунёд эҷод менамоем. Ҳар як ҷавон бояд ҳуқуқи худро донад, то дар Ватанаш ба “кидала” (истилоҳест байни мардикорон ба маънои фирефта, фиребхӯрда) табдил нагардад. Ҳар як ҷавон бояд бидонад, ки барои ҳифзи манфиатҳои худ ба кадом муассиса ва ё ташкилот муроҷиат кунад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори ҷамоатии 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: