РОҲИ СӮЙИ САОДАТ

Дини мубини Ислом аз гаҳвора то ба қабр илм омӯхтанро талқин мекунад.

Инсон бояд ақли бо ӯ додашударо бо илм зиннат бидиҳад. Одам баробари ба ин дунё омадан меҳру муҳаббати аввалинро аз падару модар мебинад, ки ҳиссиёти илоҳист. Яъне фарзанд дар оғӯши падару модар зери ҳиссиёти илоҳӣ месабзад. Падару модар низ дар навбати худ бояд ба ҳавою ҳавас дода нашуда, барои инсони комил кардани фарзанд ҷиддан ба тарбия ва таълими вай машғул шаванд. Зеро фарзанд бидуни тарбияи падару модар ба фарқи неку бад, сиёҳу сафед, гуноҳу савоб намеравад. Оташро рӯшноӣ гумон бурда ба он даст мезанад.
Чун боғбоне, ки ба дарахт нигоҳубинӣ мекунад, падару модар ҳам бо фарзанд бештар аз боғбон бояд нигоҳубинӣ кунанд. 
Мероси бузургтарини падар бо фарзанд ин тарбия аст. Дар ин бора ҳадиси пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в.) низ ҳаст. Бинобар он ҳадис ҳеҷ як падару модар бо фарзандаш туҳфае афзалтар аз хулқу одоби зебо дода наметавонад. 
Барои волидайн хӯронидану пӯшонидани фарзанд чӣ қадар муҳим бошад, ба ӯ хулқу одоби накӯ, илму маърифат додан низ ҳамон қадар лозиму зарур аст. Бо ҳаё, ибо, адлу инсоф, худотарсу хоксор тарбия намудани фарзанд, ба ӯ касбу ҳунари фоиданокро омӯзонидан аҳамияти бузург дорад. 
Ҳазрати Алӣ фармудааст: «Бо вуҷуди фарзанди кӣ ва чӣ гуна кас будан илму тарбия ва одамгариро омӯз, зеро хулқи зебо туро ба залолат дучор намекунад». Одаме, ки дар ҳаёт тарбия надидааст, ба сони ҳайвон мешавад. Аз ӯ ҳар гуна нохушиҳоро чашм доштан мумкин аст, чунки дар ӯ ҳаёву ибо намешавад. 
Бинобар ин олимони бузурги гузашта гуфтаанд, ки дини Ислом, пеш аз ҳама дини тарбия ва одоб аст. Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в.) соҳиби одоби аъло буд. Агар ҳам худамон ва ҳам фарзандҳоямон аз одобу рафтори ин зоти бузург ибрат гирифта рафтор карданро касб намоем, ҳаётамон хушу масъуд мегардад. 
Мо – падару модарон набояд фаромӯш кунем, ки ба хушбахту саодатманд шудани фарзандон масъулем. Имрӯз, ки дар ҳаёт муборизаи маънавию ахлоқӣ шиддат гирифтаасту хислатҳои ношоистаи ахлоқи Ғарб ба кишвари мо ҳам ворид мешаванд, масъулиятамон дар роҳи тарбияи фарзандон дучанд зиёд мегардад. 
Пӯшида нест, ки имрӯз бисёр наврасони аз 6-8 сола боло гирифтори телефон, интернет ва ғайра гардидаанд. Онҳо аз субҳ, пеш аз дасту рӯй шустан, ба телефони дар паҳлӯи бистарашон буда чанг мезананд, ки ин бар зарари ҳам сиҳҳату саломатӣ ва ҳам хулқу атвори онҳост. Аз ин чанд сол муқаддам мо – ҷавонон аз либоси нав, аз сумкаи нави мактабӣ, аз китоби нави бадеии хондагиамон хурсанд мешудем, ифтихор мекардем. Имрӯз бошад, наврасону ҷавонон  бо телефони қимматбаҳо, автомобили навӣ замонавӣ, аз хонаҳои бисёрхуҷрадори худ фахр мекунанд. Агар як шабонарӯз 24 соат бошад, онҳо бештари ин вақтро ба телефонбозӣ сарф мекунанд, аксарияти онҳо китоби бадеӣ намехонанд, фақат бо китобҳои дарсӣ (онҳо низ ангуштшуморанд), қаноатманд мешаванд, ки ин ривоҷи маънавияти ононро боз медорад.
Моро лозим аст, ки дар тарбия ва донишомӯзии фарзандон, ба беҳбуди хулқу одоби миллии онҳо, барои соҳиби касби муфид шуданашон саъю ҳаракат намоем, то ки дар оянда саодатманд шаванд.

Баҳодур БОТУРОВ,
имом-хатиби масҷиди ҷомеи Охунбобои ноҳияи Чусти вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: