Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешбари Аврупоро қабул кард

  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешбари Аврупоро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешбари Аврупоро қабул кард
  • Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ширкатҳои пешбари Аврупоро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 май дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ва ҷамъомади Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Аврупо мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот раис ва директори генералии «Suez» Сабрина Суссан, директори генералии «Arsenale Group» Паоло Барлетта, президенти корпоратсияи «Airbus» оид ба Аврупо Йохан Пелисе ва президенти ширкати «Linde» оид ба Аврупо ва Шарқи Наздик  Оливер Пфанн иштирок карданд.

Сарвари давлати мо бо қаноатмандӣ таъкид намуд, ки мулоқоти имрӯза далели таваҷҷуҳи афзояндаи соҳибкорони аврупоӣ ба густариши фаъолияти онҳо дар Ӯзбекистон мебошад.

Ба дурнамои ҳамкориҳои шарикии сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои таъминоти об, авиатсияи шаҳрвандӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Роҳбарони ширкатҳои аврупоӣ ба Президенти Ӯзбекистон барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти пурсамари сармоягузорон изҳори сипос намуданд. Изҳори омодагӣ карда шуд, ки минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои муҳим дар соҳаҳои афзалиятнок ширкат меварзанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: