МУСОБИҚА БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ЁДИ СОҲИБКОРИ ҶАВОНМАРГ

Солҳои зиёд дар ширкати садову симои вилоят фаъолият карда, ба нафақа баромадам.

Ҳоло дар иҳотаи фарзандону наберагон даври пирӣ меронам. Қисми зиёди сокинони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқтом», ки он ҷо ба сар мебарам, мардуми тоҷиктабор  мебошанд. Баъзан ба манзури сипарӣ намудани вақт ба варзишгоҳи маҳалла фаромада, мусобиқаҳои футболи байни ҷавононро тамошо мекунам. Дарвоқеъ, варзишгоҳи маҳалла масканест, ки пиру барнои маҳалла гирдиҳам меоянд ва вақти худро хуш мегузаронанд.  

 


– Имрӯз як гурӯҳ мӯйсафедони маҳаллаамон ба варзишгоҳ даъват шудаанд. Он ҷо бо иқдоми ду-се нафар соҳибкорони маҳалла ба хотираи шодравон Шӯҳратҷон Машарипов байни маҳаллаҳо мусобиқаҳои футбол ифтитоҳ меёбад ва се рӯз давом мекунад, – гуфт раиси ҷамоати маҳаллаи «Оқтом» Шӯҳрат Шаҳобов.
Вай афзуд, ки дар ин мусобиқаи хотиравӣ аъзои 18 тими футболи маҳаллӣ ширкат мекунанд.  
Аз ин навиди раиси ҷамоат хеле шод шудам. Зеро Шӯҳратҷон Машариповро хуб мешинохтам. Вай ҳанӯз зимни таҳсил дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 41-уми ноҳияи Фарғона ба падараш Музаффарҷон дар корҳои хоҷагӣ ёрӣ мерасонд. Аммо вақтҳои холиашро бо як гурӯҳ ҳамтоёни худ бо варзиш мегузаронд, дар мусобиқаҳои футбол шарафи маҳаллаи Оқтомро ҳимоя мекард. 
 Шӯҳратҷон баъди хатми мактаб даст ба соҳибкории хусусӣ зад ва ҳамроҳи падараш чойхонаву нонвойхона ва дӯкони тиҷоратӣ кушод ва ба халқ хидмат мерасонд. Вай ҷавонмарди саховатманде буд ва ҳамеша ба оилаҳои камбизоати маҳалла дасти кумак дароз мекард, аз аҳволи пирони барҷоймонда хабар мегирифт. 
Ӯ барои рушди варзиш ва ободу зебо намудани варзишгоҳи маҳалла саҳми калон гузоштааст. Барои чунин фаъолият чанд маротиба Шӯҳратҷон Машарипов бо «Ифтихорнома»-ҳои ҳокимияти вилоят ва ноҳия сазовор дониста шудааст.  
Қобили зикр аст, ки ӯ чанд маротиба аз ҳисоби худаш мусобиқаҳои футбол ташкил кардаву ба ғолибони он диплому мукофотҳои қиматбаҳо месупурд. Аммо сад дареғ, ки умр барояш вафо накард ва ба бемории саратон мубтало гардид. Бо вуҷуди талошҳои зиёди пизишкон Шӯҳратҷон Машарипов дар айни авҷи камолот аз дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат намуд. Падару модар ва хоҳарону бародарони ӯ, ки дар тараддуди хонадор карданаш буданд, ҳамроҳи ҳамдеҳагони дигар ҷисми ҷавони ӯро бо дили пурдоғу пурсӯз ба хок супурданд.
Тайи се рӯз варзишгоҳ аз тамошобинон лабрез буд. Футболбозон аз маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳрвандони Аввал, Лоғон, Кокулон, Кафтархона, Оқтом, Йойилма, Қалъача, Ҳокимон, Ӯртақишлоқ, Қалъаи Боло ва ғайра барои ширкат дар мусобиқаи гиромидошти Шӯҳратҷон Машарипов ба варзишгоҳ ҷамъ омаданд. Ҳар як тим талош менамуд, ки ғолибияти мусобиқаро ба даст оварад ва соҳиби ҷоми хосу мукофотҳо гардад. 
Ногуфта намонад, ки мусобиқаи байни 18 тими футбол дар арафаи «Рӯзи хотира ва қадршиносӣ» ба роҳ монда шуд ва он хеле пуршӯру хотирмон гузашт. Дар он тими ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қалъача сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби футболбозони маҳаллаҳои Оқтом ва Кокулон шуд. 
Диплому тӯҳфаҳои хотиравиро аъзои «Гурӯҳи мушовирони пиронсол»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқ-том» имоми масҷиди деҳ Салоҳиддин Шарипов, Назиралибобо Икромов, Муҳаммадумар Бобоҷонов ва Аҳмадилло Эсанов тақдим намуданд. 
 Баъди анҷоми мусобиқа соҳибкорон дасторхони пурнозу неъмат густурда, пиру барноро ба атрофи он даъват карданд. Дар ҷараёни суҳбат кору номи неки Шӯҳратҷон Машарипови шодравон борҳо вирди забон гардид. 
Бовар ҳосил намудам, ки дар ҳеч вақту замон кору номи нек фаромӯш намешавад. Лисонулғайб Ҳофиз беҳуда нагуфтааст:
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр 
зинда кунад номро.  

Алишер ХОЛОВ,
узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон. 
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: