МУЛОҚОТ БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁН

Ба қарибӣ ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба Донишкадаи давлатии педагогии Ӯзбекистон – Финляндия ташриф фармуда, бо профессор–устодони донишкада мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои минбаъд ривоҷ додани фаъолияти донишкада, афзунсозии салоҳияти илмӣ, беҳсозии сифати таълим, такмили системаи бозомӯзии кадрҳои педагогӣ, роҳандозии технологияи муосири таълимӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.
Дар доираи вохӯрӣ ҳоким бо корҳое, ки бобати ободонии донишкада амалӣ мегарданд, шинос шуд ва зарурати бунёди шаҳраки замонавии донишкадаро таъкид намуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: