МАҲАЛЛА — МАСКАНИ МЕҲРУ ОҚИБАТ

Дар саросари мамлакатамон ба мақоми раиси маҳалла номзадҳои беҳтарин интихоб гардиданд.

Дар  арафаи интихоботӣ дар маҳаллаи Гулшанободи ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд бинои нави “Маркази маҳалла” бо раиси нави он Неъматулло Раҳматов фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Ҳаёт Инағомов, ходимони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аҳли маҳалла ширкат варзиданд.
Дар он ҳокими ноҳия таъкид намуд, ки маҳалла сарчашмаи тарбия, маскани меҳру оқибат аст. Маҳалла аз қадимулайём гаҳвораи маънавиятест, ки арзишҳои милливу урфу одатҳоро аз аҷдод ба авлод мерасонад. Дар мамлакатамон маҳалла вазифаи кӯпруки ба худ хосро дар байни давлат ва ҷамъият иҷро намуда, бобати ба ҷомеаи васеъ расондани мазмуну моҳияти ислоҳоти васеъмиқёси амалишаванда, кушодадилӣ, мустаҳкам намудани муҳити меҳру муҳаббат, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳи эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашарӣ саҳми назаррас мегузорад.
– Солҳои охир бо ташаббуси Президент ба баланд бардоштани нуфузи маҳалла ва васеъ гардондани фаъолияти он эътибори алоҳида дода мешавад. Бахусус, фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани институти маҳалла» ҳамчун дастуруламали муҳим дар рушди соҳа хидмат мекунад. Доир ба иҷрои фармони мазкур, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нақшаи институти маҳалла корҳои зиёде амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ  дигар маҳаллаҳои ноҳияву вилоят низ соҳиби биноҳои алоҳида гаштанд, – мегӯяд раиси маҳалла Неъматулло Раҳматов.
Дар маркази мазкур, ки дар муддати кӯтоҳ ба ивази қариб 1 миллиард сӯм бунёд гардид, нафақат барои ходимон, балки барои ҳар як шаҳрванде, ки ба ин ҷо меояд, шароит фароҳам оварда шудааст.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: