МАСЪАЛАИ БО ШУҒЛ ФАРОГИРӢ ВА МУРОҶИАТИ АҲОЛӢ – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

Имрӯз дар ноҳияи Шофиркон 180 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Имрӯз дар ноҳияи Шофиркон 180 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дар ноҳия корхонаҳои калони истеҳсолӣ ё саноатӣ қариб нест. Ба дараҷаи иқтидор ба роҳ мондани фаъолияти баъзе корхонаҳо ҳанӯз ба охир нарасидааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки ба 50 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия, ки аз 47 ҳазор оила, 32300 хонадон иборат аст, хона ба хона гашта бо аҳолӣ бобати самаранок истифода бурдани қитъаҳои зироатпарварӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти гармхонаҳо, баробари пеш бурдани корҳои хоҷагии қишлоқ рушд додани соҳаи чорводорӣ, нигоҳубини бузу гӯсфандон, ба роҳ мондани соҳаҳои паррандапарварӣ, моҳидорӣ, харгӯшпарварӣ, ба дӯзандагӣ, толори зебоӣ, нонвоӣ, қандалотпазӣ, ҳунармандӣ ҷалб намудани занон ва духтарон эътибори ҷудогона дода мешавад.


Ба ҳамин муносибат дар Қабулхонаи халқии Президент дар ноҳияи Шофиркон ярмаркаи навбатии меҳнатӣ ташкил карда шуд. Дар бозори меҳнат, ки бо ҳамкории ҳокимияти ноҳия ва секторҳои он, маркази кӯмакрасони шуғли аҳолӣ сурат гирифт, бештар аз 20 корхонаю ташкилот бо зиёдтар аз 80-то ҷои кории худ иштирок намуда, ҷавононро ба кор таклиф кард. Дар натиҷа 28 нафар ҷавонон соҳиби машғулият гардиданд. Байни онҳою соҳибкорон ва маркази кӯмакрасон шартномаи меҳнатӣ таҳия ёфт. Аз ҷумла, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пашмон» Гулҷамол Назарова, ки бо вуҷуди соҳиби маълумоти миёнаи махсуси педагогӣ будан, машғулияти доимӣ надошт, ба тарбиятгарии муассисаи таълими томактабии рақами 10 роҳхат гирифт. Бахтиёр Файзиеви талиҷагӣ (ҶШМ Боғиафзал) мувофиқи хоҳиши худ ба вазифаи устои дуредгари мактаби миёнаи рақами12, Ғайрат Ӯринови 37-сола аз ҶШМ «Ҳорин» ба вазифаи мудири хоҷагии муассисаи таълими томактабии рақами 17 таъин гардиданд. Ҳамин тариқа ба 59 нафар шаҳрвандон баҳри дастраскунии машғулияти дилхоҳ маслиҳат дода шуд. Баробари ярмарка кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, ба қадри имкон ҳал кардани масъалаҳо барои қабулхонаи мо аҳамияти ҷудогона дорад. Онҳо пайваста дар назоратанд. Масалан, сокини деҳаи Региёни ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобоҳайдар» Абдухолиқ Кенҷаев аз сабаби маҳдудии имконияти иқтисодии оила барои муолиҷаи ҳамсараш Х. Кенҷаева ёрии моддӣ пурсид. Дар натиҷа бемор (ҳамсари вай) дар беморхона ҷойгир карда шуд ва ба вай дорую дармони зарурӣ ройгон дастрас гардид. Ҳамин тариқ, ба истиқоматкунандаи дигари ҳамин деҳа Райҳон Кенҷаева, ки шомили «дафтари оҳанин»аст, ёрии як дафъаинаи моддӣ расонда шуд. Хулоса, Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Шофиркон якҷоя бо ҳамкории идораю ташкилотҳо баҳри ҳимояи иҷтимоии дармондагон кӯмак мерасонад ва дар ҳар як семоҳа дар ҳудудҳо ярмаркаҳои меҳнатиро ташкил мекунад. 

Фурқат ҲАФИЗОВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон дар ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: