МАЛАХ БА КИШТЗОР ТАҲДИД МЕКУНАД

Сокинони деҳкадаи кӯҳистонии Минҷири ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё аз таҳдиди ошкори ҳашароти зиёновари малах изҳори нигаронӣ карданд.

Ин деҳа 20 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифта, дорои 200 нафар хоҷагӣ аст. Шуғли асосии бошандагони маҳал бештар деҳқониву парвариши чорво  мебошад ва онҳо зиндагии худро аз ин роҳ обод месозанд. Аммо дар ин авохир киштзорони атрофи деҳа ва чарогоҳҳои он ба офати табиии малах дучор гардида, пайваста тахриб мебинанд. Навъи «Мароқанд»-и малах, ки аз зиёновартарин ҳашарот ба ҳисоб меравад, зиёдтар аз 50 гектар заминҳои кишти хоҷагиҳои фермерӣ ва чарогоҳҳои наздикии деҳаи Минҷирро пахш намудаву осеби зиёде мерасонанд. Ин офати табиӣ бо суръати ҳарчӣ бештар ба сӯйи хоҷагиҳои деҳқонии аҳолии деҳа наздик мешавад ва пеши роҳи даҳҳо гектар заминҳои сабзи доманакӯҳро ба биёбон мубаддал месозад. 
Назар ба гуфтаи Ҷӯрақул Абдуллоев, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қашқадарё», сокинони деҳкадаи Минҷир ӯро 16-уми апрели соли ҷорӣ аз таҳдиди ин офати табиӣ огоҳ сохтанд. Дар зудтарин фурсат ситоди махсус ташкил шудаву идораҳои мутасаддӣ мубориза алайҳи ин офати табииро оғоз карданд. Мутаассифона таҳдиди он ба олами растаниҳои атроф ҳамоно боқӣ мондааст. Ҳарчанд бошандагони деҳаи Минҷир якҷо бо мутахассисони Саридораи карантини вилояти Қашқадарё барои рафъи ин офати табиӣ пардохтаанд, малахи на-въи «Мароқанд» ба киштзорони хоҷагиҳои фермерӣ ворид гашта, ба сайри офатбори худ идома медиҳад. Назар ба маълумотҳо, воситаҳои кимиёвӣ, ки аз ҷониби Саридораи мубориза алайҳи малах ва парвонаи тути вилоят барои бартараф кардани ин офат истифода мешаванд, чандон таъсирнопазиранд. Ба таъкиди агрономи идораи мазкур Олим Хӯҷақулов доруҳои кимиёвӣ дар рӯзҳои нахустини инкишофи малахи «Мароқанд» таъсир мекунанд, вақте ба парвоз омад, гирифтани пеши роҳи ин офат амри муҳол мегардад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: