КУМАКИ НАВБАТИИ БАШАРДӮСТОНА БА ХАЛҚИ АФҒОНИСТОН

Маълум, ки давлати Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамҷавори худ ҳамеша муносибатҳои дӯстона дораду пайваста барои таҳким бахшидани ин дӯстӣ талош меварзад.

 Дирӯз бо супориши Раисҷумҳур тавассути боҷхонаи сарҳадии Айритом кумаки навбатии башардӯстона ба халқи афғон ирсол гардид.


Ин кумаке, ки анқариб  170 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ: аз 48 тонна орд, 48 тонна гандум, 15 тонна равғани растанӣ, 10 ҳазору 80 дона маҳсулоти консервакардаи гӯшт, 22 тонна макарон, 24 тонна шакар ва 100 ҳазор дона хӯроки зудтайёри лапша иборат буд, барои халқи вилояти Балхи Афғонистон фиристода шуд. Маросими супоридани корвони маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳудуди шаҳри Хайратон тавассути ширкати «Астрас» бо иштироки намояндагони расмии ҳарду ҷониб – ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Эркин Ҳамроев, губернатори вилояти Балх Муҳаммад Юсуф Вафо гузаронида шуд. Губернатор барои ёрдами беғаразонаи Ӯзбекистон ба халқи Афғонистон, ки борҳо чунин кумаки башардӯстона ирсол медораду муносибатҳои дӯстона роҳандозӣ месозад, изҳори сипос намуд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: