КОНСЕРТИ ҲИСОБОТӢ

Дар мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 16-уми ноҳияи Чуст бо ҳамкории шуъбаи маданияти ноҳия ва таълимгоҳ таҳти унвони «Ҷилои рақсҳои зебо» консерти ҳисоботии хонандагони синфи хореографӣ баргузор шуд.

Дар он «Навбаҳор омад», «Валси гулҳо»,  «Дар салқинии саҳаргоҳон», «Сурхонӣ», «Гулбону», «Рақси лӯхтак», «Гурбаҳо»,  «Попурии миллӣ», «Рақси гурҷӣ» ва «Дар куҷо ҳастӣ, Ӯзбекистон!» барин як силсила рақсҳои рангорангу дилрабо  аз ҷониби раққосаҳои наврас бо марому маҳорати баланд иҷро шуданд. Инчунин дар чорабинӣ сарояндагони дастаи суруд  ва рақси мардумии «Чуст тароналари» Дилмурод Темиров, Гулбаҳор Латифова, Эргашалӣ Мамадалиев ва Ҳикматулло Аҳмадҷонов бо таронаҳои дилнишини худ иштирок карданд. 
Директори мактаби муси-қӣ ва санъат Неъматхон  Рустамов, аз падару модарон Ш. Қӯчқорова, У. Низомова ва Г. Саттороваҳо ба ташкилкунандагон, баромадҳои сарояндагону раққосаҳои оянда баҳои сазовор дода, таассуроти самимии хешро баён намуданд.  
Дар консерти ҳисоботӣ  инчунин фаъолони маҳаллаҳо иштирок карданд.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: