ИҶРОИ НАҚША ТАЪМИН ВА ВАЗИФАҲОИ СОЛИ НАВ МУАЙЯН ШУДАНД

Ҳар сол дар ҳамин давра Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи ҳароратӣ» бо ширкати шахсони масъули идораи марказӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иҷрои нақшаи соли гузашта ва вазифаҳои соли навро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 Чорабинии навбатии ҶС НБҲ  бар асоси фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагии таъмин намудани фаъолияти ошкорои ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ» аз 17 июни соли 2021 ба вуқӯъ пайваст. 
Маълум карда шуд, ки ҳаҷми тавлиди барқи ҳароратӣ ва энергияи гармӣ соли сипаришуда 17,9 триллион сӯмро ташкил намудааст ва нақшаи солона 103,8 фоиз иҷро шудааст. Дар ин бобат аз рӯйи ҷамъбасти соли гузашта ба системаи ягонаи энергетикӣ 55,5 миллиард кВт/соат неруи барқ ва 5,35 миллион Гкаллория энергияи гармӣ интиқол ёфтааст.
Бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии шабака, баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва ташкили системаи идоракунӣ дар асоси принсипҳои эътирофшудаи ҷаҳон ширкатҳои консалтингии байналмилалӣ ҷалб карда шудаанд. Мутаносибан дар баробари таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои устувори энергетикӣ, пешгирии болоравии нархи қувваи барқ ва гармӣ, кам кардани сарфи сӯзишворӣ, инчунин таъмини самаранокии кор ба ҷорӣ намудани технологияи хеле мукаммал ва каммасраф вобаста мебошад. 
ҶС НБҲ дар доираи 6 лоиҳа тибқи барномаи сармоягузорӣ 256,3 миллион доллари ИМА-ро  азхуд кард ва дар ин замина низ нақшаи солонаи муқарраргардида 111,9 фоизро ташкил намуд. 
Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 оҷонсии рейтингии ИМА «Fitch Ratings», ки ба гурӯҳи «сегонаи бузург» дар ҷаҳон шомил аст, рейтинги байналмилалии индикативии ҶС НБҲ-ро дар сатҳи «BB»-«Барқарор» арзёбӣ кард. Рейтинги мазкур ҶС НБҲ-ро ҳамчун корхонае муаррифӣ мекунад, ки дар бозорҳои сармоягузории ҷаҳонӣ стратегияи возеҳ ва шаффофи бизнес, вазъи молиявии шаффоф ва системаи қавии идоракунии корпоративиро соҳиб мебошад.
Ҷамъияти саҳҳомии НБҲ ба сиёсати кадрҳо диққати махсус медиҳад. Барои ҳамин дар асоси «Харитаи роҳ» барои соли 2022 оид ба бозомӯзии кормандон, баланд бардоштани тахассуси онҳо дар хориҷи кишвар беш аз 100 нафар корманд ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Соли равон 123 ҷойи нави холиро хатмкунандагон-мутахассисони ҷавон ишғол намуданд.
Барои маълумот қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҶС НБҲ ва филиалҳои он ҳудуди 12 ҳазор нафар коргарон фаъолият доранд. 2 ҳазору 65 нафари онҳоро занон ва 2 ҳазору 175 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Муҳаммадҷон БЕКМУҲАММЕДОВ,
котиби матбуоти Ҷамъияти саҳҳомии НБҲ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: