«ГАЗЛӢ» – 65-СОЛА

Дар Бухоро 65-солагии яке аз конҳои калонтарини гази мамлакат «Газлӣ» ҷашн гирифта шуд.

Дар Бухоро 65-солагии яке аз конҳои калонтарини гази мамлакат «Газлӣ» ҷашн гирифта шуд.
Ин кон, ки соли 1956 дарёфт гаштааст, замони салтанати шӯравиён дар мамлакат калонтарин кони газ маҳсуб меёфт, бобати бо газ ва нафт таъмин кардани Иттиҳоди Шӯравӣ нақши муҳим бозидааст.
Дар тадбир кормандони ширкати «Gazli Gas Storage», собиқадорони меҳнати соҳа, инчунин намояндагони Вазорати энергетика, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзлитинефтегаз» ва идораю ташкилот иштирок карданд. Раиси ҶС «Ӯзлитинефтегаз» Улуғбек Назаров  ба сухан  баромада, дар бораи роҳи тайнамудаи корхона ҳарф зад ва онҳоеро, ки дар ин соҳа хидмати шоиста кардаанд  муборакбод намуд. Собиқадорони меҳнат аз ҷониби ширкати «Gazli Gas Storage» бо туҳфаҳои пурқимат сарфароз гардонда шуданд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: