ФАРОГИРӢ БА КӮДАКИСТОНҲО БЕШ АЗ ПЕШ МЕАФЗОЯД

Бино ба иҷрои Фармони Президент «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди идораҳои давлатӣ» дар Агентии таълими томактабии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ Шӯрои машваратӣ ташкил карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаи «Қадами нахустин» кормандони муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 382-юми ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд ба аъзои Шӯрои машваратӣ намоиш доданд, ки кӯдакони аз се то шашсола чӣ гуна ба дарсҳои зардӯзӣ, нонпазӣ, эстафетаи варзишии «Парчами миллиро баланд мебардорам» бо шавқу рағбати том машғул мешаванд ва бо дастони нозуки худ маҳсулоти зардӯзӣ ва кулчаҳои ширин мепазанд. 
Дар идомаи чорабинӣ кӯдакон дар машғулияти тарбияи экологӣ таҳти унвони «Ояндаи сабз» фаъол ширкат намуданд, инчунин дар намоиши «Китоб – дӯсти наздики ман» роҷеъ ба китоб шеърҳо хонданд. 
– Дар ин муассисаи таълими томактабӣ муҳити солими маънавию маърифатӣ фароҳам оварда шудааст. Аъзои шӯро қаноат ҳосил намуданд, ки кӯдакон мутобиқи арзишҳои миллӣ тарбия мегиранд ва ғояҳои ватандӯстӣ дар зеҳни онҳо ба таври васеъ тарғиб мешавад, – гуфт раиси шӯро профессор Шерзод Қудратхоҷаев.
Вай афзуд, ки бори нахуст ҷаласаи шӯро дар берун аз идораи агентӣ, бевосита дар муассисае сурат гирифт, ки кори таълиму тарбия дар он басо хуб ба роҳ монда шудааст. 
– Ман ба чунин ақида устуворам, ки муассисаи таълими томактабӣ ҳаргиз маркази омӯзиши забонҳо намебошад. Дар ин муассиса бояд кӯдак пеш аз ҳама тарбия ёбад ва, албатта, дар баробари ин, ба бозиҳои шавқовар машғул шавад ва зеҳнашро бо донишҳои аввалия такмил бахшад. Гузашта аз ин, одоби мулоқоту муоширатро ёд гирад, ки дар байни мардуми мо аз «Ассалому алайкум» оғоз меёбад, – изҳор намуд узви шӯро Бекзод Шукуров.
Мавсуф боз тазаккур дод, аз лавҳаву навиштаҷот дар як қатор кӯдакистонҳои кишвар, ки тарғиби на забони давлатӣ, балки кадом як забони хориҷист, ибрози нигаронӣ мекунад. Новобаста аз он ки дар муассисаи таълими томактабӣ таълиму тарбия ба кадом забон сурат мегирад, бояд номи ин муассиса ба забони давлатӣ навишта шавад.
Раиси Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Отабек Ҳасанов, ки дар як вақт узви ин шӯро мебошад, қайд намуд, ки тарғиби забони давлатӣ дар ҳар як муассисаи таълими томактабӣ кори умум аст ва инро набояд фаромӯш кард.
– Агар мушаххас карда гӯем, 828 кӯдакистони хусусӣ, 26 ҳазору 190 кӯдакистони оилавӣ ва 1 ҳазору 418 муассиса ба таври давлативу шарикӣ маҳсуб меёбанд. Дар ҷумҳурӣ аз 3 миллиону 52 ҳазору 970 нафар кӯдакон 2 миллиону 267 ҳазору 294 нафар, ё худ 74,3 фоиз ба муассисахои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд, – гуфт раиси Агентии таълими томактабӣ Агреппина Шин.
Вай афзуд, ки чунин рақам дар ягон кишвари дигар ба қайд гирифта нашудааст ва он рӯз дур нест, ки ин рақам боз ҳам то охири сол боло равад. 
Чунин ба назар мерасад, ки Шӯрои машваратии назди агентӣ фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа мебахшад ва барои боз ҳам бештар фаро гирифтани кӯдакони шаҳру вилоятҳои кишвар ба муассисаҳои таълими томактабӣ аз наздик бо агентӣ ҳамкорӣ менамояд.

Мавлуда АСКАРХӮҶАЕВА,
котиби матбуоти Агентии таълими томактабии ҷумҳурӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: