Дилшоди ФАРҲОДЗОД

ДУ ҒАЗАЛ

Нахоҳӣ шоире шавам, кифоя, бас, 
намешавам,
Ба дасти бозича дигар бози ҳавас 
намешавам.
Агар наоӣ, ишқи ман, 
ба роҳи корвони дил, 
Ба ҳаққи хоҳишат дигар бонги 
ҷарас намешавам. 
На, охир, эй жакони дар лабони 
изтиробҳо,
Дигар кулӯхи безабону чӯбу хас 
намешавам!
Ба бахти шабчарои ман набахшӣ 
ошиқонаро,
Ба ҷони бодамасти худ дигар асас 
намешавам.
Агар нахоҳӣ болу пар занам, 
шикастаболиро
Уқоб мешавам ҳаме, дигар магас 
намешавам.  
***
Чӣ монда боз, ки нагристаӣ дигар, 
борон?
Сабукрӯҳ мешавӣ ба ашки тар, борон?
Кадом доғ, ки мешӯиву намеёбӣ
Ба синаҳо зи аҳди пор тозатар, борон?
Ба қадди кӣ ҳама ҳамели ашк мебандӣ,
Кадом дӯстрӯйи шохи гулбасар, борон?
Кадом ашкро ба сина марварид созӣ,
Кадом асл дар садаф тозатар борон?...

РУБОИЁТ
Ҷоно, ба саломи навбаҳор омадаӣ,
Гӯё ки паёми гул ба хор омадаӣ.
Дар накҳати пироҳани ту барги сафост,
Бар дидаи қалби интизор омадаӣ. 
***
Дар зулфи ту не мушки баҳорам, Наврӯз,
Дасти хатари зулми таторам, Наврӯз.
Дар чашми ту ин дафъа, 
ки гул афтодаст,
Ман дастаи хушки гули хорам, Наврӯз. 
***
Фарзона наем, аз китоб афтодем,
Дар дафтари илм аз ҳисоб афтодем.
Дар оби рухи мо манигар, беобем,
То оби ҳаёт аз шитоб афтодем.

ДУБАЙТӢ
Ба рағми ҷаҳли худ дар ҷанг бошем,
Ба сад дил толиби фарҳанг бошем.
Миёни нуру зулмат мардум, оед,
Саде пурдошттар аз санг бошем.


ДУ ҚАТРА

Соати девориям гӯяд ба ман:
Нагзарон беҳуда вақти хешро.
Насяро бифрӯхта бо нақд зӣ,
Нақд доро мекунад дарвешро.
***
Зи дунёву дурӯғаш ин дилам сард,
Аз он шишта басе бар шишааш гард.
Яке бингар ба бозиҳои дунё,
Қиморе мебарад номард аз мард.

Парвина РӮЗИМАҲМАДОВА,
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: