ДАР ЯК МАҲАЛЛА – 102 СОҲИБКОР

  •  ДАР ЯК МАҲАЛЛА –  102 СОҲИБКОР
  •  ДАР ЯК МАҲАЛЛА –  102 СОҲИБКОР

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хонтеппаи ноҳияи Шаҳрисабз 2 ҳазору 367 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад.

Бояд гуфт сокинони ин маҳалла бо чашмикордонӣ, соҳибкорӣ ва меҳнатдӯстӣ аз дигар маҳаллаҳои ноҳия ҷудо шуда меистанд.

Дар ин ҷо айни замон 102-то субъектҳои соҳибкорӣ самаранок фаъолият мебарад.
Назар ба таъкиди ёвари ҳокими ноҳия Илҳом Исоев дар маҳалла одами бекор нест ва ҳама аз пайи як шуғлест.
Ба корхонаи хусусии «Азизов Фатҳиддин» соҳибкор Камолиддин Набиев асос гузоштааст. Корхонаи хурд намаки йоддодашуда ва оби нӯшокии қадоқкардашуда истеҳсол менамояд. Сехи коркарди об муваққатан бозмондааст. Сехи намак фаъолият мебарад. Барои ба амал татбиқ сохтани лоиҳа 12 нафар ба кор ҷалб шудааст.
Соҳибкор Маъруф Умаров бо унвони «Кеш стар» сехи қаннодӣ кушодааст. Дар корхонаи хурди хусусӣ шуғли 4 нафар аъзои оила таъмин гаштааст.
Корфармои коргоҳ Суҳробҷон Умаров мегӯяд дар сехи мо алҳол ду навъ ширинӣ – ҳалвои Қӯқанд ва навот истеҳсол мегардад ва дастранҷи худро ба бозори дохилӣ мебарорем. Ба ноҳияамон аз хориҷ сайёҳон меоянд ва ба қаннодии миллии мо таваҷҷуҳ менамоянд. Ҳар моҳ ба ҳисоби миёна бештар аз 1 тонна маҳсулот мебарорем. Дар маҳаллаи зикршуда ҳар ваҷаб замин ва рӯиндарича баҳисоб аст. Сокинон аз қитъаи наздиҳавлӣ самаранок истифода мекунанд. Масалан, Музаффар Давронов дар 2 сотих рӯиндаричааш гармхона ташкил карда, тути заминӣ ва лимон парвариш менамояд.
Дар 10 сотих чорбоғи худ низ М. Давронов гармхона ташкил карда, боинҷон парвариш месозад. Порсол 3 тонна ҳосил гирифт. Ният дорад имсол аз боинҷон 10 тонна ҳосил бардорад. Касе меҳнат мекунад, асло кам намешавад, мегӯяд вай.

Ӯлмас БАРОТОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: