ДАР САРИ ҚАБРИ ШОИР

Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ 15 апрели соли 1899 дар Бухорои шариф чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Хатмкардаи омӯзишгоҳи Когон дар мадрасаи форсии Марв таҳсил гирифт. Вай дилбастаи адабиёт буд, шеъру ғазалҳои дилнишину гуворояш дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро дидаанд. Бояд таъкид намуд, ки ӯ ҳамчун шоири ширинкалому хушбаён комёбиҳои нав ба навро ба даст оварда, намунаҳои эҷодаш аз «Намунаи адабиёти тоҷик» – устод Айнӣ ҷой гирифтанд. 
Шоир дар боби инкишофи адабиёти тоҷики ҳамон солҳо андешаҳои хос дошта, ба он чунин баҳо додааст: «...ин шоиру нависандагон ба талаби ҷаҳоншумули замона ҷавоб дода наметавонанд. Ин аст, ки ҳанӯз ба ғайр аз асарҳои муҳими рафиқон Айнӣ ва Лоҳутӣ асарҳои шоёни дигар ба майдони имрӯза наомадааст».
Бешубҳа, ин гуфтаҳои Пайрав ба бисёр эҷодкорони ҳамзамонаш маъқул намеомад ва дар навбати худ онҳо бар гардани вай ҳар гуна айбро бор карданӣ мешуданд. Чи хеле ки худи шоир мегӯяд, вайро «монанди тӯби футбол ба майдони ҷидол андохта,  гоҳ ба осмон, баъзан ба замин лагадкӯб мекарданд».
Пайрав Сулаймонӣ истеъдоди баланд доштани худро дар иншои шеърҳои ҳаҷвӣ низ нишон додааст. Яке аз бахшҳои пурмаҳсули фаъолияти вай, ки ба он мароқи зиёд дошт, тарҷумонӣ буд ва асарҳои адибони русро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Сад дареғ, ки Пайрав Сулаймонӣ умри кӯтоҳ дид. Дар айни камолот – 9-уми июли соли 1933 дар Самарқанд чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Аммо аз ӯ чанд номгӯй асарҳои арзишманд боқӣ  мондаанд.
Шоири ширинкалому хушбаён дар қабристони машҳуртарини Самарқанд – Ҳазрати Хизр ба хок супурда шуд.
Солҳои охир қабри шодравон Пайрав Сулаймонӣ ниҳоят хароб гардида буд. Хушбахтона, чанде аз равшанфикрон ва мухлисони шоир қабри ӯро тармиму таъмир карда, рӯҳашро шод намуданд.
Дар арафаи зодрӯзи Пайрав Сулаймонӣ мо ба зиёрати хонаи охирати шоир рафта бо кӯмаки домуллои  хонақоҳ Тоҳир Шамсиев атрофи қабри устоди шодравон Пайравро аз хасу хошок тоза карда, ояте аз Қуръони Каримро ба рӯҳи поки ӯ бахшидем.
– Ман ҳайрон, ки ҳеч як савобталаб аз қабри устод Пайрав Сулаймонӣ хабар намегирад, – бо афсӯс гуфтанд Тоҳир Шамсиев ва мутасаддии қабристон Ӯктам Ҳамидов.
Охир дар Самарқанд мактабҳои тоҷикӣ, факултаи филологияи тоҷик ва марказҳои фарҳангӣ вуҷуд доранд...
Воқеан, гилаи ҳамсуҳбатонамон ҷон дорад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки чанд сол муқаддам духтари Пайрав  Гулчеҳра Сулаймонӣ ба зиёрати хокҷои падари бузургвораш омада буду қабристон обод шуд.
Наход боз таконеро мунтазир бошем?
Умед дорем, ки қабри Пайрав Сулаймонӣ дар ояндаҳои наздик боз ҳам ободтар мегардад.

Амина 
ШАРОФИДДИНОВА, 
Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Узбекистон.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: