Дар Остона мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" оид ба дзюдо оғоз мешавад

Имрӯз, 10-уми май, дар Қазоқистон мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" оид ба дзюдо, ки мусобиқаи ниҳоии пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад, оғоз мешавад.

Тибқи анъана дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои сабук муайян карда мешаванд.

Дар доираи рӯзи оғоз 4 намояндаи мо ба татами мебароянд ва иштироки худро дар қувваозмоиҳо бо рақибони зерин оғоз мекунанд:

-48 кг: Ҳалима Қурбонова - Наташа Феррейра (Бразилия)

-52 кг: Гулҳаё Ҷӯраева - Алеся Кузнетсова (варзишгари бетараф)

-52 кг: Сита Қадамбоева - Балнур Абдешова (Қазоқистон)

-57 кг: Шукурҷон Аминова – Ҳасрет Бозкурт (Туркия)

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: