ДАР КИШВАРИ МО МУҲИТИ СОҲИБКОРӢ БОЗ БЕҲТАР МЕШАВАД

Солҳои охир дар мамлакат барои дастгирӣ намудани соҳибкорӣ, ба соҳибкорон фароҳам овардани муҳити хуби кор ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, миқдори андози иловагӣ аз 20 фоиз ба 12 фоиз кам карда шуд, тартиби ба корхонаҳои содиротӣ дар муддати ҳафт рӯз баргардондани андози иловагӣ ҷорӣ гардид. Ҳамчунин дивидентҳое, ки сармоягузорони хориҷӣ аз аксияҳои  худ мегиранд, дар муддати се сол аз андоз озод карда шуданд, барои онҳо андози даромад аз 20 ба 12 фоиз паст шуд. 

Бояд таъкид кард, ки барои афзудани миқдори соҳибкорони  мамлакат мавқеи сармоягузорони хориҷӣ хеле муҳим мебошад. Вобаста ба ин солҳои охир барои дар мамлакати мо беш аз пеш озод кардани иқтисодиёт, роҳи васеъ кушодан ба тиҷорат, дар ин бобат мустаҳкам кардани устувории қонун ва кафолатҳои ҳуқуқӣ як қатор ислоҳот татбиқ гардиданд. 
Дар натиҷа танҳо соли гузашта беш аз 100 ҳазор корхонаи нав ташкил гардида, ҳаҷми солонаи сармояҳои хориҷӣ ба 10 миллиард доллар расид, ё худ нисбати соли 2017-ум, ки ислоҳот оғоз ёфта буданд, 3 баробар зиёд гардид, тақрибан 1 миллион аҳолӣ аз нодорӣ халос хурданд, дараҷаи нодорӣ аз 17 ба 14 фоиз поин омад. 
Дар ин ҷараён мавқеи баргузории анҷумани сармояҳои байналхалқии Тошканд, ки ба анъана табдил меёбад, низ меафзояд. Аз ҷумла, 27-28 апрели соли равон ин анҷумани бонуфуз бори дувум баргузор шуд ва дар доираи он бо як қатор вакилони давлатҳои хориҷӣ ва доираҳои корчаллон баҳри боз ҳам тезондани иқтисодиёти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои даромадноки корӣ чандин муоҳидаҳои дуҷониба имзо шуданд. 
Баробари ин дар маросими кушоиши анҷуман роҳбари давлат ба сухан баромада иштирокдорони онро ба ҳамкории бештар бо Ӯзбекистон даъват намуд. 
Аз ҷумла, ҳамкории муттасил бинобар «иқтисодиёти сабз», ки имрӯз барои иқтисодиёти тамоми ҷаҳон муҳим мебошад, таъкид шуд. Зикр гардид, ки Ӯзбекистон дар ин бобат бо ширкатҳои машҳуртарини ҷаҳон татбиқ сохтани  лоиҳаи истгоҳҳои электрии офтобӣ ва бодиро пешбинӣ менамояд, ин барои сармоягузорон имконияти ба даст овардани 8 миллиард доллар аст. 
Ҳамзамон дар мамлакат бинобар шарикии давлативу хусусӣ низ таҷриба ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд, таъкид кард сарвари давлат, ба хусус дар натиҷаи ислоҳот ба соҳаҳое, ки пештар «пӯшида» буданд низ фаъолона сармояҳои хусусӣ ворид мегарданд. Чунончи, дар соҳаи авиатсия, ки пештар 100 фоиз давлатӣ маҳсуб меёфт, ба сектори хусусӣ роҳи васеъ кушода шуд. Баробари ин, Ӯзбекистон барои соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ, таълим, тиббиёт ва ғайра, ки зуд инкишоф меёбанд, низ ба соҳати бузурги минтақавӣ табдил меёбад.
Умуман, дар соли 2023-юм бобати ҷорӣ намудани шарикии давлативу хусусӣ дастури алоҳида ба арзиши 14 миллиард доллар коркард шудааст. Онҳо шабакаҳои барои давлат муҳими нақлиёт, хоҷагии коммуналӣ ва об, нигаҳдории тандурустиро дарбар гирифтаанд. Боз дар як самт, соҳаи хусусикунонии моликияти давлатӣ дар соли 2023-юм барномаи «1 ҳазор+1 ҳазор+40» ҷорӣ гардида, то охири сол саҳмияҳои ҳазор корхонаи давлатӣ, ҳамчунин ҳазор иншооти амволи ғайриманқули давлатӣ ба савдоҳои озоди ауксионӣ бароварда мешаванд, 40 корхонаи стратегӣ ба «IPO» табдил дода мешавад. 
Зикр гардид, ки ба мақсади пурра кафолатнок сохтани ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ ва беш аз пеш дастгирӣ намудани фаъолияти онҳо минтақаҳои махсуси техникӣ ва саноатӣ, имтиёзҳои иловагӣ фароҳам оварда мешавад. Баробари ин дар доираи анҷумани дурӯза барои меҳмонони хориҷӣ тақдимоти салоҳияти сармоявии минтақаҳои Ӯзбекистон ва беш аз 160 лоиҳаҳои бузург гузаронида шуд. 
Фикр мекунам, шартнома ва лоиҳаҳои дар доираи он ба имзорасида барои афзудани фаровонҳолии ҳаёти аҳолӣ, беҳтар шудани муҳити соҳибкорӣ, ҳамчунин тавсиа ёфтани имкониятҳои тиҷоратӣ роҳи васеъ мекушоянд. 

Олтиной МАМИРОВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории Олий Маҷлис.     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: